Лайло Ҳалимова – варзишгар духтари муваффақ аз чанд намуди варзиш (АКС ЖУРНАЛИСТИКА: ҶАВОНОНИ МУВАФФАҚ ДАР КАДР)

Мавод бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон нашр шудааст 

smeshka

Имрӯз дар дунё агар аксарияти одамон як намуди варзишро интихоб намуда бо он нисфи ҳайёти худро банд кунад, қисми дигар бошад кӯшиш мекунанд ба тамоми намуди варзиш майлу рағбати худро нишон дода, маҳорати худро дар он ё ин гуна намуди варзишҳо бисанҷанд.

Яке аз ин гуна шахсон Лайло Ҳалимова зодаи шаҳри Қӯрғон-теппа мебошад. Лайло 18-сол дошта, аз сини 10-солагиаш ба намуди варзиши футбол, волейбол, тенниси рӯи миз ва давидан ба масофаи дур шавқу рағбати зиёд дорад.

«Дар дили ман шавқу ҳавас оид ба варзиш аз он вақт аланга мезанад, ки дар кӯчаамон варзишгар-духтаре зиндагӣ мекард, номи вай Муниса Қодирова мебошад.

Ман вақте хурдсол будам, он варзишгар-духтарро дида ба худ мақсад гузоштам, ки монанди у варзишгари бузург шавам»,- мегӯяд Лайло Ҳалимова.

1 

Лайло  дар дастаи футболбозони шаҳри Қӯрғон-теппа ҳамроҳи устодаш Раҳим Ризоматович. 

 

2 

Тамрини ҳаррузаи Лайло барои нишон додани натиҷаҳои хуб.

3

4

5

Дар дастаи футболбозон 25 нафар духтар машқ мекунанд, Лайло сардори даста мебошад. Дар расм онҳо бо истифода аз туб ҳар гуна ҳаракатҳо карда истодаанд. 

6

7

8 

9

Дастаи Лайло ба дарвозаи ҳариф гол заданд.

9-1

Лайло ҳамроҳи дастааш дар мусобиқаҳои ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷа, аз ҷумла Миср, Қазоқистон, Арабистону Эрон аз намуди футбол иштирок намуда соҳиби ҷойҳои намоён шудааст. 

10

11

12

13

14

Аз лаҳзаҳои бозиҳои Лайло аз намуди варзиши футбол, волейбол, тенниси рӯи миз ва давидан ба масофаи дур. 

15

16 

17

19

20

21

22 

23

24

25

Акс аз бойгонии қаҳрамон.

26 

Мо ба Лайло хоҳонем, ки варзишгари обрӯманд шавад ва мисли Мавзуна Чориева дар ҷаҳон парчами давлатамонро баланд бардорад. 

27

ТАМОШО КАРДАН ДАР TopVideo

Муаллифон: Шаҳноза МАҲМУДОВА, Умаршо ХОЛОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh