Ҷӯйбору каналҳои кӯчаҳои ш. Душанбе дар интизории тозагӣ

kanali-bechora

То имрӯз метавон мушоҳида намуд, ки дар баъзе обгузарҳои ҷӯйбору каналҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт партовҳои зиёде солҳои зиёд ҷамъ шуданд, ки дар интизории тозагӣ, аз ҷониби мақомотҳои дахлдор ҳаст.  

Зимни мушоҳидаҳои бевосита маълум гардид, ки бархе аз ҷуйборҳои шаҳр ба тозагӣ ниёз доранд. Кормандони хоҷагии комуналӣ, ки ин вазифа бар дӯши онҳост, асосан  ҷӯйборҳои қисми асосии роҳҳоро тоза нигоҳ медоранд, аммо таваҷҷӯҳи онҳо ба ҷӯйборҳои  кӯчаҳои дохилии шаҳр, кам ба назар мерасад.

Аз ҳамин сабаб аксарияти ҷӯйборҳои дохилии кӯчаҳову хиёбонҳо макони партовгоҳу ботлоқзор ва ё ҳавзи шиноварии зарфҳои пластикӣ табдил ёфтаанд.

Танҳо дар мавод як канали обгузарро инъикос намудем, ки ба тозагӣ солҳои тӯлони ниёз дорад. Чунин ҳолатҳо дар дигар ҷӯйбору каналҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба чашм мерасад. Суроғаи канали мазкур дар қафои Сирки давлатӣ, кӯчаи Мушфиқӣ.

1

2

3

4

6

7

8

БАРОИ ГИРИФТАНИ МАЪЛУМОТИ ВАСЕЪ ОИД БА ИН МАВЗӮЪ, БО ГУЗАШТАНИ БА ИНҶО

Муаллифи матн: Мунавар ПИРОВ

Аксҳои: Миҷгона МИРЗОЗОДА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ 

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh