Мавсими шиноварӣ дар Тоҷикистон ба охир расид

shino0

Мувофиқи ҷамъбасти мавсими шиноварӣ дар нимсолаи аввали соли 2014, дар ҷумҳури 139 ҳодисаи ғарқшавии шаҳрвандон дар обанборҳо ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2013, 4 ҳолат кам аст.

play2

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таи 8 моҳи охири соли 2014 дар ҷумҳурӣ 139 ҳодисаи ғарқшавӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 – 143 ҳодисаи ғарқшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 160 нафар шаҳрвандон дар соли 2014 ва дар соли 2013 бошад 147 нафар шаҳрвандон фавтиданд.

Шумораи шаҳрвандони аз синни 18 то 35 сола ва аз ин боло фавтида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 нафар зиёд, соли 2013 –  45 нафар, соли 2014 – 67 нафар шаҳрвандонро дар бар мегирад.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон бошад, дар 7 моҳи охири соли 2014 дар тамоми ҷумҳурӣ 68 нафар шаҳрвандон бо сабабҳои гуногун ба ҳалокат расиданд.

Аз ин шумора дар вилояти Суғд 24 нафар, Хатлон 23 нафар, Ноҳияҳои тобеи марказ 19, минтақаи Рашт 1 нафар, ВМКБ 3 нафар ва шаҳри Душанбе 13 нафар рост меояд.

Аз 68 нафар ё нафароне, ки ҳангоми шиноварӣ ба ҳалокат расида буданд, кӯдакони аз синни 17 поён буданд.

  – Шумораи ғарқшудангон руй ба афзоиш ниҳода истодааст, агар дар 6 моҳи аввали соли 2014, шаҳрвандони ҳалокшуда 31 нафарро ташкил медод, пас як мох баъд бошад ин рақамҳо аллакай 68 нафарро ташкил медоданд. 

Аз 31 нафар ғарқшудаи шаш моҳи охири соли равон:

11 нафараш то синни 17 сола мебошанд – 10 нафар мард, 1 нафар зан;

20 нафари боқи монда аз 17 сола боло мебошанд – 15 нафар ҷинси мард ва 5 нафар ҷинси зан.

Неъматулло Одинаев сардори шӯъбаи маркази таълилии Раёсати нозироти ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники милитсия ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj мегӯяд, ки аз сабабҳои ба ҳалокат расидани ноболиғон ин бе масъул будани волидайн мебошад.

«Тибқи таҳлилҳои ахбороти шабонарӯзи яке аз омилҳои асосии рух додани ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон, аз ҷумла ноболиғон ва наврасон ин пеш аз ҳама аз тарафи падару модарон риоя накардани талаботи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад.

Дуюм сабаб, ин ҳолатҳои бемории рӯҳӣ, беэҳтиёти ва аз ӯҳдаи шиноварӣ набаромадан ва беназоратии волидон мебошад.

Шумораи ноболиғони аз синни аз 2 то 18 сола фавтида, 9 нафар кам яъне соли 2013 – 102 нафар ва соли 2014 – 93 нафар ба қайд гирифта шудааст», - иброз намуд подполковники милитсия Н. Одинаев.

Ориф Нозимов сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи гражданӣ иброз намуд, соли равон зиёда аз 26 нафар шаҳрвандон аз марг наҷот дода шуда, 21 ҷасад дарёфт карда шуд.

«Дар давраи соли равон дар натиҷаи кофтукови наҷотдиҳӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони Кумитаи фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба хусус Маркази наҷотдиҳии кумита 26 нафар шаҳрвандон, аз чунин ҳодисаҳои ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.

Дар натиҷаи корҳои бартарафкунӣ, наҷотдиҳӣ, сангрезӣ ва гузаронидани корҳои кофтуковӣ рӯи оби ва зери оби бошад 21 ҷасад дарёфт карда шуданд», - қайд кард О. Нозимов.   

shino01

Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба ақидаи сокинони пойтахт аз ҳама ҷойи оббозии хуб ин дарёи «Душанбе» мебошад, ба гуфти Кенҷаев сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ш. Душанбе «То имрӯз ҳангоми оббозӣ танҳо дар дарёи «Душанбе» 13 нафар дар ба ҳалокат расиданд, ки ҳамаи онро кӯдакону наврасон аз синни 5 то 19 сола ташкил медод, ки нишондод тамоми ғарқшудагони пойтахтро дар бар мегирад.

Шиновари кардан дар ин дарё барои кӯдакон ва наврасон хеле хатарнок аст. Назар ба соли гузашта имсол фавти кӯдакон ва наврасон дар ин дарё кам ба кайд гирифта шудааст.

Вобаста барои пешгирӣ аз тарафи Ситод ҳар рӯзи шанбе барои аҳолии гирду атрофе ки дар наздии дарёи «Душанбе» истиқомат мекунанд, корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад».

Дар ҳамин ҳол, Абдуманон Ҳабибов сардухтури санитарии ш. Душанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки оббозӣ намудан дар кулҳои ҳудуди пойатхт дар ин сол умуман карда шуда буданд.

«Дар ш. Душанбе кули «Ҷавонон», «Варзоб» ва «Чорбоғ» вуҷуд дорад ва ин кулҳо бо қарори сардухтури давлатии санитарию эпидемиологии ш. Душанбе таҳти №7 аз моҳи майи соли 2014 баста шуданд, бинобар бо сабаби ба талаботҳои санитарӣ ҷавобгӯ набудан.

Ва мувофиқи қарор шино кардан дар ин кулҳо манъ аст ва оиди манъи оббозӣ дар ҳамаи ин кулҳо овеза насб карда шудааст.

Кори мо пешгирӣ, чораҷуиҳои пешгирикунанда ё ин ки профилактикӣ аст, ин гуна корҳо сари вақт гузаронида шуданд, пеш аз оне, ки ягон нафар баъд аз оббозӣ сироят ёбад, фаъолияти онҳо яъне кулҳо қатъ карда шудааст ва барои ҳамин ягон нафар хушбахтона ба касалиҳои сироятӣ дучор нашудаанд.

Оиди масъалаи мазкур ба сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар ш. Душанбе нусхаи қарор  дар бораи манъи оббозӣ дар кулҳои номбар гардида мактуб ирсол карда шудааст, то ки онҳо барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба мо мусоидат намоянд.

Агар кулҳо вақте, ки пурра ба талаботҳои санитарӣ ҷавобгӯ гарданд, ҳамон вақт кушода мешаванд», - мегӯяд сардухтури санитарии пойтахт А. Ҳабибов.

Кормандони боғи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт мегӯянд, ки

«Аз ҳудуди боғи канали обёри бо номи «Об қӯрғон» мегузарад ва он ба салоҳияти боғ намедарояд, вале бо сабаби пешгири аз ҳодисаҳои нохуш бо ҳамроҳии Шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, санитарӣ, кор бо ноболиғон ва мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар гирду атрофи обанбор шиору овезаҳои «Оббозӣ – манъ аст!» насб карда шудааст.

Вале нигоҳ накада бар ин сокинон пойтахт ба инҷо омада оббозӣ мекунанд, махсусан кӯдакон, кормандони боғ барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш маҷбур мешаванд, ки сокинони ба боғ, ба истироҳат омадаро пеш кунанд.

Хушбахтона соли 2014 дар канали обёрие, ки аз ҳудуди боғи мегузарад, ҳодисаҳои нохуш рух надодааст».

shino2

Бояд қайд намуд, ки яке аз сабабҳои асосии ба ҳалокат расидани шаҳрвандон дар обҳои Тоҷикистон ҳангоми шиноварӣ ин риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, садамаҳои нақлиётӣ, худкушӣ, беэҳтиётӣ, лағжидан дар об, бемориҳои рӯҳӣ, беназоратии падару модарон нисбат ба фарзандон ва инчунин дигар сабабҳо, боиси фавти шаҳрвандон мешаванд, ки бисёре онҳоро кӯдакону наврасон ва ҳамчунин ҷавонони то синни 35 сола ташкил медиҳанд.

Муаллиф: Мастона Ҳайдарова

акси: Ибодуллоҳ ТОҲИРОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh