Компютеркунонии мактабҳои Тоҷикистон қариб дар ҳолати анҷомёбист

comp

Марҳилаи сеюми амалишавии «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дар солҳои 2011-2015» айни ҳол дар ҳолати анҷомёбӣ, қарор дорад. 

play2

Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимии умумӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати хонандагон оид ба коркард бо технологияи навтарини компютерӣ, соҳаи барномасозӣ ва тайёр намудани мутахассисон бо талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ, равона карда шудааст.

Тибқи нақшаи барномаи мазкур, ҳар як мактаби ҷумҳурӣ, бояд бо синфхонаи компютерӣ таъмин бошанд. Татбиқи барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, барномаҳои сармоягузорӣ, грантҳо ва дигар сарчашмаҳо амалӣ гардида истодааст ва бо ҳамин сабаб барномаи мазкур мактабҳои шахсӣ ва литсейҳоро дар бар намегирад.

Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон:

«Тибқи фармони Ҳукумати Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2014 таҳти рақами 1416, то соли 2015 тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, бояд компютеркунонида шаванд», — хабар медиҳад Киромиддин Назаров, директори Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илм.

Ба гуфти у: «Барномаи компютеркунони аз се марҳила иборат аст:

Марҳилаи якум аз 2003-2007 сс.

Марҳилаи дуюм аз 2008-2010

Марҳилаи сеюм аз 2011-2015».

Оид ба нақшаҳои амалишавии марҳилаи сеюми барномаи компютеркунонӣ, ҷонишини директори Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттиллотӣ ва коммуникатсионӣ Низомиддин Насриддинов пурратар маълумот дод:

«Дар доираи барномаи мазкур дар давраи 2011-2015 сс. барои таҷҳизонидани синфхонаҳои компютери дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 18 ҳазору 770 адад компютер тақсим карда шудааст.

Мувофиқи барномаи мазкур дар нақша ҳаст, ки танҳо синфхонаҳои компютерӣ, бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. То имрӯз дар ҷумҳурӣ, дар умум,  3 ҳаз. 290 муассисаҳои таълимӣ, бо синфхонаҳои компютерӣ ва бо компютерҳо, принтерҳо ва дигар воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ таҷҳизонида шуданд.

Аз 3 ҳаз. 290 муассисаҳои таълимӣ – 1 ҳаз. 240 муассисаҳои таълимӣ аллакай ба шабакаи глобалии «Интернет» пайваст карда шудаанд. Тибқи стандартии иҷрошавии барномаи давлатии компютеркунонӣ то имрӯз 99,1%-ро ташкил медиҳад».

Ҳамчунин, Низомиддин Насриддинов ҷонишини директори Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ қайд намуд, ки бинобар нарасидани маблағҳо дар буҷетҳои маҳаллӣ, раисони баъзе ноҳияҳо имконияти дар амал тадбиқ намудани барномаро надоранд, яъне имконияти маблағ ҷудо намудан ва харидори кардани компютерҳоро надоранд, ё ин ки нисбати ин барнома хунук назарӣ менамоянд.

Оид ба иҷрошавии фармони Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимии умумии ҷумҳурӣ дар солҳои 2011-2015» хабарнигорони kloop.tj инчунин аз Раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе низ маълумот гирифтанд.

Дилбар Исмоилова мудири Шӯъбаи таҳсилоти то мактабӣ ва миёнаи умумии Раёсати маорифи вилояти Суғд ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори kloop.tj иброз дошт, ки барномаи мазкур дар в. Суғд 104% иҷро шудааст.

«Муассисаҳои таълимии вилоят, то имрӯз бо 13 ҳаз. 577 адад  компютер ва 1 ҳаз. 903 адад принтер таъмин карда шудаанд. Айни ҳол, ба ҳар як компютер 14,5 нафар хонандагони синфҳои 7-11 рост меояд. Дар ҳар як мактаб ду адад синфхонаи компютерӣ пешбини карда шудааст.

То имрӯз дар вилоят 104%-и барномаи компютеркунони амалӣ карда шудааст. Дар доираи барномаи мазкур дар муассисаҳои таълимии вилоят 957 адад синфхонаҳои компютерӣ ташкил карда шудааст.

Дар шаҳрҳои Хуҷанд 134%, Чкаловск 111%, Исфара 103%, Қайроқум 187%, Панҷакент 77% ва дар ноҳияҳои Айнӣ 113%, Б. Ғафуров 108,5%, Зафаробод 130%, Мастчоҳ 116%, Кӯҳистони Мастчоҳ 147%, Ашт 97%,  Ғончи 81,5%, Ҷ. Расулов 90%, Истиқлол 359%, Спитамен 96%, Истаравшан 95%, Конибодом 102% ва Шаҳристон 107% барномаи компютеркунонӣ, иҷро карда шуд», — хабар дод, Д. Исмоилова мудири Шӯъбаи таҳсилоти то мактабӣ ва миёнаи умумии Раёсати маорифи в. Суғд.

Шатут Холиқов сардори Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, оид ба баромаи мазкур чунин мегӯяд:

«Вобаста ба «Барномаи давлатии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон барои солҳои 2011-15» дар ВМКБ, мувофиқи маълумотҳои охирин 2 ҳаз. 340 адад компютер ва 436 адад принтер тақсим карда шудааст.

Дар доира ин барнома, дар умум 242 адад синфхонаҳои компютерӣ ташкил карда шудаанд ва имрӯз ба сари ҳар як хонанда 8 ададӣ компютер рост меояд», — мегӯяд Ш. Холиқов сардори Раёсати маорифи ВМКБ.

Сайфулло Лутфуллоев муовини сардори Раёсати маорифи в. Хатлон иброз намуд, ки барномаи компютеркунонӣ дар в. Хатлон 98,5% иҷро шудааст.

«Дар соли 2014, то ба имрӯз муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумии вилоят ба 18 ҳаз. 238 адад компютер ва 3 ҳаз. 63 адад принтер таъмин карда шудаанд, ки 98,5% -и иҷрошавии барномаро ташкил медиҳад.

Ҷараёни иҷрошавии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят: Восеъ 72%, Вахш 83,5%, Панҷ 82,3%, Ҷиликул 82,7%, Шаҳритус 87,4%, Мӯминобод 94% ва Қӯрғон-теппа 97,9% иҷро шудаанд, ки 100%-и иҷрошавӣ нарасидаанд.

Мо кӯшиш карда истодаем, ки то моҳи декабр барномаи компютеркунониро ба 100% баробар кунем», — қайд намуд,  С. Лутфуллоев муовини сардори Раёсати маорифи в. Хатлон.

Салима Сӯҳробова директори мактаби миёнаи умумии №51 ш. Душанбе мегӯяд, ки дар доираи барнома бо 62 адад компютер таъмин гардидаанд.

«Дар мактаби мо барномаи компютеркунони пурра иҷро шуддааст, 62 адад компютер дорем, ба як хонанда 15 компютер рост меояд.

Дар мактаби мо 3 синфхонаи компютерӣ вуҷуд дорад, ки 2 адади он дар доираи барнома кушода шудааст», — гуфт С. Сӯҳробова директори мактаби №51.

Мунзима Мадаминова дигар директор аз мактаби миёнаи №72 пойтахт бошад оид ба ин барнома, чунин арзёбӣ менамояд:

«Имрӯз дар мактаби мо 51 адад компютери рӯи мизӣ ва 1 адад ноутбук бо доскаи электронӣ таъмин шудааст, аз рӯи нақшаи барномаи компютеркунони ба 15 нафар хонанда — 1 адад компютер рост меояд. Дар мактаб се синфхонаи компютерӣ вуҷуд дорад», — гуфт М. Мадаминова директори мактаби №72.

Бояд қайд намуд, ки мувофиқи барномаи таълимӣ, дарсҳои технологияи иттилоотӣ ва асосҳои техникаи компютерӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумуҳурӣ аз синфҳои 7 то 11 гузаронида мешавад, ки барои ин синфхонаҳои махсуси компютерӣ бо тамоми таҷҳизотҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Анҷомёбии барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои Тоҷикистон дар соли 2015, дар назар дошта шудааст.

Муаллиф: Фатҳулло МАҲМАДОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh