Дар Душанбе вело – фестивали кӯдакону наврасон таҷлил шуд

velo

Рӯзи 20-уми сентябри соли 2014 дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Душанбе вело – фестивали байналхалқӣ баргузор гардид.

play2

Дар ин фестивал кӯдакону наврасони Тоҷикистон, Канада, ИМА ва Россия иштирок намуданд. Дар доираи вело – фестивал намоиши велосипедҳо, мусобиқаи велосипедронӣ, озмуни расмкашии велосипед ва озмуну викторинаҳои гуногун оид ба велосипед баргузор карда шуд.

Мақсади баргузор намудани ин фестивалро ташкилкунандагон барои эълон ва машҳур кардани худи велосипед ҳамчун нақлиёт ва веловарзиш ва дигар соҳаҳое, ки ба веловарзиш алоқаманд аст, арзёбӣ намуданд.

Дар мусобиқаи велосипедронӣ дар доираи вело – вестивал кӯдакону наврасони синну соли аз 7 то 9 сола, аз 9 то 11 сола ва аз 11 то 15 сола иштирок намуданд, ки шумораи онҳо зиёда аз 44 нафар буд.

Бахтиёр Шодиев намояндаи Федератсияи веловарзиши Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Мактаби мултимедийнии журналистикии «Даст ба даст» оид ба чорабинии мазкур чунин иброз намуд:

«Имсол мо ин вело – фестивалро ба рӯзи велосипедронҳо бахшидем. Ташаббускор ва шахсе, ки ин вело – фестивалро мегузаронад, ин раиси Федератсияи велосипед аст.

Велосипед бисёр нақлиёти хуб аст ва дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ҳамчун тарғибу ташриқот меравад, ки шаҳрвандон аз ин нақлиёт истифода баранд.

Имрӯз велосипед нафақат ҳамчун як ҳавасмандии кӯдакон аст,  балки барои саломатӣ низ фоида дорад ва мо мебинем, ки имрӯзҳо дар шаҳр нақлиёт хеле зиёд шуданд, роҳгарди душвор аст ва ронандагон дар ин кор танқисӣ мекашанд, аз ҳамин сабаб шаҳрвандон метавонанд аз ин намуди нақлиёт истифода баранд», - иброз кард Б. Шодиев намояндаи Федератсияи веловарзиши Тоҷикистон.

ҷаноб Вин шаҳрванди Канада ва ҳамзамон волидайни иштирокчии мусобиқаи велосипедронӣ иброз намуд, ки у худ дар ин гуна варзиш шуғл дора два фарзондони у ҳам ба ин намуди варзиш шавқу рағбати зиёд доранд.

«Мо имрӯз ба ин фестивал бо ҳамроҳи ҳамсару фарзандонам барои иштирок кардан  дар веловарзиш омадем.

Мо веловарзишро бисёр дӯст медорем ва дар ин мусобиқа, ман ва ҳамсарам иштирок мекунем ва мо хостем, ки фарзандонамон низ ба ин намуди варзиш машғул шаванд, ба ғайр аз ин хостем, ки таҷрибаи хуб дар ин гуна варзиш дошта бошанд, чунки ин варзиш барои саломатӣ бисёр хуб аст.

Мо бисёр аз иштирок дар ин фестивал фоидаи хуб гирифтем ва бисёртар барои саломатии кӯдакон хеле хуб аст. Ман ду писар дорам Далер ва Даврон онҳо дар ин фестивал ҷойи панҷумро ишғол карданд», - гуфт у.

Батир Шинигнат иштирокчии мусобиқаи велосипедронӣ дар доираи вело – фестивал иброз намуд, ки дар чунин мусобиқаҳои у чанд маротиба иштрок мекунад ва ҳамеша ҷойи аввалро сазовор мегардад.

«Ман бениҳоят хурсандам, ки чунин чорабиниҳо ташкил карда мешаванд ва ман дар ин гуна чорабинҳо иштирок мекунам. Ман боз хурсандам, ки ҷои якумро ишғол кардам.

Ман ҷойҳои аввалро бисёр сазовор гаштаам, вале имрӯз боз як ҷои аввалро ишғол кардам. Ман дар намуди варзиши велосипедронӣ аз хурдсолӣ машқ мекунам ва дар ин намуди варзиш варзишгари касбӣ шудаам», - мегӯяд варзишгари наврас Б. Шинигнат.

6

Иштирокчии дигар, ки номашро Комрон арзёби намуд, мегӯяд ки бе тайёрии ҷиддӣ сазовори ҷойи сеюм гаштааст.

«Ман дар ин гуна фестивалҳо бори аввал иштирок дорам ва дар ин фестивал сазовори ҷойи сеюм гаштам ва бисёр шодам. Дар ин мусобиқа ман бе тайёрӣ омадам ва сазовори чунин ҷой гаштам ва худамро хеле хуб эҳсос мекунам», - мегӯяд у.

Юлдуз Ҷалилова омӯзгори литсейи №2-и шаҳри Душанбе иброз намуд, ки барои иштирок дар чорабинии мазкур у шогирдонашро ба ин чорабинӣ овардааст.

«Мо бо шаш нафар хонандагон, ки ду нафари онҳо духтар ва дигарон бачаҳо ҳастанд омада дар ин озмун иштирок доранд, мутаассифона онҳо ҷой нагирифтанд, вале он саволу ҷавобе, ки дар викторина гузаронида шуд, яке аз хонандагони мо Ҷамшед Саидов ғолиб омад.

Ин фестивал ба ман бениҳоят писанд омад, кӯдакон низ ба ин намуди варзиш ҳавасманд ҳастанд. Мо тарафдори он ҳастем, ки ин гуна фестивалҳо зиёдтар гузаронида шаванд, зеро барои кӯдакон фоидаи калон дорад», - мегӯяд омӯзгор Ю. Ҷалилова.

Бибинисо Ҷонисоқулова ихтиёри вело – фестивал ба хабарнигори Мактаби мултимедийнии журналистикии «Даст ба даст» оид ба масофаҳои мусобиқаи велосипедрони чунин гуфт:

«Ин фестивал ду рӯз гузаронида мешавад. Имрӯз аз синни 4 то 15 сола иштирок доранд ва ба ҳар як синну сол масофаи муайян бахшида шудааст.

Аз синни 10 то 11 сола 1500метр, аз 12 то 13 сола 3000 метр ва аз 14 то 15 сола  бошад то масофаи 4000 метр, муайян шудааст», - қайд кард у.

Чунин фестивал дар пойтахти Тоҷикистон дар доираи «Рӯзи умумиҷаҳонии як рӯз бе воситаи нақлиёт» ва рӯзи ба вуҷуд омадани велосипед гузаронида шуд. 

Муаллиф: Мастона ҲАЙДАРОВА, Фатҳулло МАҲМАДОВ

акс аз: dastbadast.tj

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh