Дар шаҳри Душанбе намоиши икебана ва кимоно ба анҷом расид

ekibano00

Рӯзи 21-уми сентябри соли 2014 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе намоиши икебана шоу ва киномо мода баргузор гардид.

play2

Тули рӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт аз ду анъанаи машҳури ҷопонӣ, аз намоиши икебана - санъати ҷопонии орододани гулҳо ва кимоно - либосҳои анъанавии ҷопонӣ дидан карданд.

Икебана дар асрҳои XV дар Ҷопон пайдо шудааст, ҳадафи асосии он нияти тозагӣ мебошад. Худи калимаи «икебана» ба вожаи забони тоҷики «гулҳои зинда ва гулҳои ҳамешазинда» мебошад.

Икебана ин худ як санъат аст, ки бо табиат яъне гул ва растани марбути қавӣ дорад. Табиат натанҳо масолеҳ барои сохтани бастаи икебана медиҳад, балки ҳамчун сарчашмаи фикру илҳом барои устодони икебана хизмат мерасонад.

Кимоно пироҳан ё либоси анъанавии ҷопониҳо мебошад, ки он дар Ҷопон аз миёнаи асри XIX ҳамчунин либоси миллӣ қабул карда шудааст. Ҳамчунин кимоно либоси кории мутрибон ва раққосони ҷопонӣ мебошад ва он ба забони ҷопонӣ «вафуку» ном дорад.

Комрон Холов ёвари масоили иқтисодӣ ва фарҳангии Сафортаи Ҷопон дар Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Мактаби мултимедийнии журналистикии «Даст ба даст» ҳадафу нақшаҳои фарҳангии Сафорати Ҷопонро чунин арзёби намуд:

«Ҳадафи асосии гузаронидани ин чорабини боз ҳам густариш додан ба муносибатҳои байни Ҷопон ва Тоҷикистон мебошад. Ин барнома аз тарафи Сафорати Ҷопон тарҳрезӣ гардидааст.

Сафорати Ҷопон таи солҳо аст, ки якчанд маротиба дар Душанбе намоишҳои фарҳангӣ мегузаронанд. Имсол устоди икебана хонум Мидори Ямада аз Ҷопон ташриф оварданд, ки барои халқи тоҷик намоиши кимоно ва икебанаро муаррифӣ намоянд.

Ғайр аз намоиши икебана ва кимоно, мо боз будо – фестивал дорем, ки ин як чорабинии фарҳангии варзишӣ мебошад, яъне дзюдо, суммо, кёкшин, карате, ки инҳо аз Ҷопон пайдо шудаанд, инро мо будо – варзиш мегӯем.

Инчунин мо кино – фестивалҳо дорем, ки дар оянда пешкаши мардуми тоҷик мегардонем.

Дар ояндаи наздик дар моҳи декабр мо ният дорем, ки он будо –  фестивале, ки мо гуфтем ба мардуми тоҷик намоиш диҳем.

Инчунин дар моҳи январи соли 2015 мо ният дорем, ки  «Кото» як намуди таҷҳизоти анъанавии ҷопонӣ аст,  ки аз Ҷопон мо худи ҳунармандро даъват мекунем, ки онҳо ба мардуми тоҷик санъати дигари ҷопонро муаррифӣ мекунад.

Солҳои гузашта дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон саволномаҳо гузоштем, ки дар оянда онҳо кадом намоишҳоро дидан мехоҳанд, дар ҷавоб бисёртар онҳо ба намоиши кимоно ва икебана майл доштанд, аз ҳамин сабаб мо ба хулосае омадем, ки боз икебана ва кимоноро ба намоиш гузорем.

Албатта дигар ҷавобҳо  буданд, ки мехоҳанд таомҳои миллии ҷопонро низ бинанд, инро ба назар гирифта мо дар оянда ният дорем, ки маросими ҷойнӯшии фарҳангии Ҷопонро ба халқи тоҷик  муаррифӣ намоем», - қайд намуд К. Холов.

ekibano

Бибинафиса Маҷидова сокини пойтахт ва доктори илмҳои педагогӣ, профессор иброз намуд, ки чунин чорабиниҳо барои мо муҳим ҳастанд.

«Умуман ташкили ин чорабинӣ хеле муҳим аст, чунки яке аз омилҳои асосии ҷаҳонишавӣ аз он оғоз мегардад, ки мардум ба санъат, фарҳанг ва дастовардҳои дигар аз наздик шинос мешаванд.

Ин намоише ки имрӯз баргузор гардид амали гардидани шиори «Зебои дунёро наҷот медиҳад» аст. Дар ҳақиқат он икебанҳое, ки хонум аз Ҷопон ба мо пешниҳод карданд, ифодагари он аст, ки онҳо зебогиҳои кишвари худро ба мо дастрас карданд.

Ин зебогиҳо дар кишвари мо низ ҳаст мо бояд онҳоро бинем, шиносем, қадр намоем ва аз он лаҳза барем, онҳоро баҳрабардори кунем, ин ҳам як ифодагари ҳиссиётҳои аввалини ватандӯстӣ, ватанхоҳии мо хоҳад шуд», - гуфт профессор Б. Маҷидова.

Илоҳи Бектари меҳмони пойтахт ва тамошобин ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Мактаби мултимедийнии журналистикии «Даст ба даст» ақидаи худро чунин иброз намуд.

«Барномаи хуб буд, то ҳол ман ин гуна барномаҳоро дар Тоҷикистон надида будам. Чунин барномаҳо оид ба фарҳанги халқи Ҷопон агар бештар мешуданд, бенияҳот хуб мешуд», - мегӯяд меҳмони пойтахт И. Бектари.

Намоиши мазкур аз тарафи Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон чорумин маротиба гузаронида шуд.

Муаллиф: Мастона ҲАЙДАРОВА

акс аз: dastbadast.tj

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh