Мизи мудаввар оид ба корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок барои ноболиғон

trudnaya rabota_dlya_detey

Дар Тоҷикистон рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дасти бардоштан ва кашонидани борҳо тасдиқ шуда, он тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти №169 аз 4-уми марти соли 2014 қабул карда шудааст.

play2

Тибқи ин қарор кӯдакони синни соли аз 18 поён набояд дар корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки дар рӯйхати қарори Ҳукумати Тоҷикистон даромадааст, ба кор кабул карда шаванд ва ё аз меҳнати онҳо дар ин гуна корҳо истифода бурда шаванд. 

Тибқи маълумотҳои Ташкилоти байналмиллалии меҳнат дар Тоҷикистон тақрибан 200 ҳазор кӯдакони ноболиғ, маҷбур ҳастанд, ки дар бозорҳо ҳамчун аробакаш, фурӯшандаи салафан, шустушу намудани мошинҳо ва борбардор шуда кор кунанд.

Ба ин нишондод ҳамчунин кӯдаконе, ки бо корҳои хоҷагии қишлок – ҷамъ намудани пахта ва дигар корҳои вазнини қишлоқ дохил мешаванд.

Зебо Наботова сармутахассиси Раёсати илм ва маорфи дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҳангоми баромад дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар иброз намуд, ки 

«Мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар кӯдакони аз 15-сола поён ба кор қабул карда намешаванд. Кӯдакони аз 14-сола боло, ки дар муассисаҳои махсус мехонанд ва дар вақти холиги онҳо берун аз дарс метавонанд, барои иҷрои кори сабук, ки ба саломатии онҳо зарар намерасонад, бо розигии волидайн ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба кор қабул шаванд. 

Истифодаи меҳнати кӯдакони аз 18-сола поён, ки ба саломатии онҳо зараровар аст қатъиян манъ карда шудааст. Чунон чи тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2014 дар бораи рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёроҳо ҳангоми дасти бардоштан ва кашонидани борҳо тасдиқ шуда, риояи ҳатмии талаботи меъёрии давлатӣ ҳифзи меҳнат барои кӯдакони ноболиғ тақозо мекунад». 

Эмин Сангизода муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иброз намуд, ки яке аз сабабҳои иҷро нашудани қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба меҳнати кӯдакон, ин надонистани маълумоти зарурӣ оид ба қарорҳои Ҳукумат мебошад. 

«Қайд мекунам, ки зарурияти қабул кардани ин қарор ё тасдиқи ин рӯйхат аз муқаррароти Кодекси меҳнати Тоҷикистон, Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», конвенсияи Ташкилоти байналмиллалии меҳнат таҳти №182 оиди манъ кардан ва аз байн бурдани шартҳои хатарноки меҳнати кӯдакон сарчашма мегирад. 

Дар ҳақиқатан ҳолатҳое мешавад, ки ҳамин ҳуҷҷат зарур, аммо ба иҷрокунанда (аз таҳририя: Мақомоти дахлдор), махсусан ба кордиҳанда дастрас кардан, имконияташ кам аст, барои он ки шумораи кордиҳандаҳо зиёд, вале миқдори нусхаи ҳуҷҷат кам аст.

Нусхаҳое, ки аз нашр мебароянд танҳо ба худи кормандони Вазорати меҳнат дар тамоми ҷумҳурӣ мерасанду халос.

trudnaya rabota_dlya_detey_2 

Айни ҳол, мо нусхаи қарорро ба ҳамаи вазоратҳои кишвар ирсол намудем», - қайд менамояд, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Э. Сангизода.  

Собирҷон Аминов ҳамоҳангсози Ташкилоти байналмиллалии меҳнат дар Тоҷикистон ҳангоми баромад, дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар иброз намуд, ки назар ба солҳои пеш дар Тоҷикистон меҳнати кӯдакон кам ба назар мерасанд. 

«Ман умед дорам, ки то ба имрӯз масъалаи меҳнати кӯдакон ҳалли худро пайдо кардааст, яъне агар мо дар ёд биёрем соли 2005 кӯдакон ба ҷамъ намудани пахта ва дигар гуна меҳнатҳои вазнини хоҷагии деҳқонӣ машғул буданд. 

Ҳозир ин масъала бошад, ҳам дар қонун омадааст ва аз рӯи ин сохторҳои ҳукуматӣ, прокуратура, инчунин сохторҳои ичтимоию байналхалқӣ назорат бурда истодаанд ва боз каме дигар боқи мондааст. 

Имрӯз бошад, ин рӯйхат пайдо шудааст, ки мо бениҳоят хурсанд ҳастем», - гуфт С. Аминов ҳамоҳангсози Ташкилоти байналмиллалии меҳнат дар Тоҷикистон.     

Муҳайё Хосабекова ҳамоҳангсози лоиҳаи Ташкилоти байналмиллалии меҳнат оид ба барҳам додани меҳнати кӯдакон иброз намуд, меҳнати кӯдакон дар ҷумҳури пурра барҳам нахурдааст ва барои ин мо бояд кӯшишҳои ҷиддии сахт бинем. 

«Шумораи зиёде кӯдакони ба меҳнат фаро гирифта шуда, ин дар ҷамоатҳои деҳоти вилоятҳои Суғд ва Хатлон мебошанд ва барои ҳамин мо имрӯз бо Шумо дар инҷо ҷамъ шудем, ки ин масъаларо ҳал намоем. 

Имрӯз, ки рӯйхат қабул шудаасту он нашр гардидааст, онро мо якҷоя бо Шумо бояд, амалӣ намоем ва он набояд дар ҷевонҳо маҳфуз истанд. 

Ва кӯшиш намоем, ки дар оянда ҳаёти фарзондони мо хуб гузарад, дар ҳақиқатан ҳамчун ҳаёти кӯдакона, на ин ки ғаму меҳнати вазнини зиндаги дар хурдсолӣ, онҳо бояд рушд ёбанд ва худро аъзои комилҳуқуқи ҷомеа ҳис намоянд», - гуфт М. Хосабекова.

trudnaya rabota_dlya_detey_4

Дар ҳамин ҳол, Раҷабалӣ Раҷабов сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сабти зиндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок чунин маълумот дод: 

«Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок аз 31 боб иборат аст, ки дар он зиёда аз 1800 касбҳои гуногун дохил карда шудаанд, ки тамоми соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистонро дар бар мегирад. 

Аз ҷумла: корҳои кӯҳканӣ, сохтмони нақбҳо ва иншооти зери заминии таъиноти махсус, корҳои ҷӯстуҷӯи геологӣ ва топографии геодезӣ, саноати металлургӣ, истеҳсол ва интиқоли қувваи барқ ва гармӣ, ҳарфа кардани чопҳо, истехроҷи нафту газ, коркарди нафту газ, коркарди кисланс ва ангишт, истеҳсолоти кимиё, мошинасозӣ ва коркарди фулузот, электротехника, саноати масолеҳи сохтмон, коркарди чӯбу тахта, бофандагӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук, полиграфӣ, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ, фарҳанг, хоҷагии комуналӣ ва хизматрасонии маишӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад, ки дар он кор кардани кӯдакони то синни 18 сола манъ аст», - қайд кард Р. Раҷабов.            

Имрӯз дар Тоҷикистон барои барҳам задани меҳнати кӯдакон барномаю санадҳои гуногуни давлатӣ ва байналхалқӣ қабул карда шудааст, вале новобаста аз қабули ин ҳуҷҷатҳо меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон истифода бурда мешавад, аз ҷумла дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ. 

Тибқи таҳлилҳо яке аз омилҳои асосии ба таври маҷбурӣ ба меҳнат шуғл варзидани кӯдакону нобилиғон ин вазнин будани шароити зиндагӣ, но пурра будани оила, танҳо мондани кӯдак, таъмин нагардидани кӯдак аз тарафи шахсони ивазкунанда, вазъи коррупсионии ҷомеаи имрӯза ва нодуруст истифода бурдани вақти холигӣ мебошад.  

trudnaya rabota_dlya_detey_3

Тибқи маълумоти Ташкилоти байналмиллалии меҳнат, 85% кӯдакони ҷумҳурӣ ба корҳои хоҷагии қишлоқ, 3,4% дар сохтмон, 3,7% дар соҳаи савдо ва хоҷагӣ ва 7,4% дар саноат ҷалб карда шудаанд.

Соли 2010 пахтаи тоҷик ба рӯйхати сиёҳ мол, дар ИМА барои харидории он, ворид шуда буд, Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон (айни замон ин вазорат «Вазорати энергетика ва захираҳои об» ном дорад) инро дар он шарҳ дод, ки дар он меҳнати маҷбурии кӯдакон барои ҷамъ намудани пахта, ба монанди дигар ҷумҳуриҳо истифода шуда буд.  

Баъдан дигар ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда низ барои истифодаи бурдани пахтаи тоҷик дар истеҳсолот, зид баромад карданд.   

Айни ҳол, тибқи натиҷаҳои тафтиш муайян гардид, ки масъалаи мазкур ҳамчунин дар ҷумҳуриҳои Осиё Маркази, Қазоқистон ва Қирғизстон ҳамчун масъалаи муҳим ба чашм мерасад.

Муаллиф: Юсуф САЛИМОВ, Манижаи ШЕРАЛИЗОДА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh