Мусобиқаи танбатан дар Душанбе

tanbatan

Дар варзишгоҳи «Маҷмааи беҳдошти тарбияи ҷисмони»-и пойтахт мусобиқаи байниминтақавии танбатан доир шуд, ки дар он варзишгарон аз ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.

play2

Тули ду рӯз варзишгарони 10 даста аз ноҳияи Ҳисор, Варзоб ва шаҳри Душанбе барои дарёфти ҷойҳои намоён байни худ рақобат бурданд.

Ба гуфти ташкилкунандагони мусобиқа, ҳадаф аз баргузор намудани чунин мусобиқаҳо дарёфт намудани чеҳраҳои нав барои иштирок кардан дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ мебошад.

Баҳриддин Сироҷиддинов мураббии шоистаи Тоҷикистон, устоди дараҷаи байналмиллалӣ ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Мактаби мултимедийнии журналистикии «Даст ба даст» иброз намуд, ки дар ин мусобиқа дар вазнҳои гуногун духтарону писарон иштирок намуданд.

«Давоми ду рӯз, ҷавонон, калонсолон ва духтарон барои дарёфти ҷойҳои намоён дар 22 намуди вазн байни худ мубориза намуданд.

Мусобиқаи мазкур аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст.

Барои ғолибони мусобиқа медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои махсуси кумита супорида мешаванд», - гуфт Б. Сироҷиддинов.

Бахтибек Каримов устоди дараҷаи байналмиллалӣ мегӯяд, ки натиҷаи хуб танҳо дар мавриди тайёрии хуби варзишгар ба даст меояд.

«Шогирдони ман пеш аз ҳар як мусобиқа, онҳо хело заҳмате зиёд кашида тайёрии хуб мебинанд.

Ҳар як варзишгар пеш аз баромад кардан бояд таёрии хеле ҷиддӣ дидан даркор аст», - мегӯяд устоди дараҷаи байналмиллалӣ Б. Каримов.

Матлуба Каримова мураббии шоистаи Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Мактаби мултимедийнии журналистикии «Даст ба даст» иброз, ки имрӯзҳо дар чунин мусобиқаҳо аллакай духтарони варзишгар низ фаъол иштирок намудан истодаанд.

«Ман имрӯз бениҳоят хурсандам, ки дар ин мусобика духтарон низ иштирок карда истодаанд.

Ман боварии комил дорам ва медонам, ки шогирдони ман дар сатҳи олӣ баромад мекунанд ва натиҷаи хубро нишон медиҳанд.

Имрӯз 50 шогирдони ман дар ин мусобиқа иштирок намуда истодаанд, ки 15 нафари онҳо духтарон мебошанд», - иброз намуд мураббии шоистаи ҷумҳурӣ М. Каримова.

Раҳматулло Раҳматов варзишгар ва иштирокчии мусобиқа иброз намуд, ки дар ин мусобиқа у сазовор ҷои аввал шуд.

«Ман дар ин мусобиқа дар вазни 65кг иштирок кардам, то мусобиқа ман хело хуб тайёрӣ дида будам.

Ман дар ин мусобиқа сазовори ҷои 1-ум шудам, рақиби ман аз дастаи Маҷмааи варзиши буд ва номаш Бобоҷон буд.

Ман хело хурсандам ки дар ин мусобиқа сазовори ҷои 1-ум шудам ва мехоҳам боз ҳамин ҷойҳоро дар оянда ишғол кунам»-, мегӯяд варзишгари ҷавон Р. Раҳматов

Хайриддини Хуршед дигар варзишгар ва иштирокчии мусобиқа иброз кард, ки дар чунин мусобиқаҳо у бор аввал иштирок менамояд.

«Ман дар ин мусобиқа дар вазни 65кг иштирок кардам, тайёрии ман хело хуб буд, вале ман руафтода нестам, чунки сазовори ҷои намоён нагаштам.

Аммо дар пеш, мусобиқаҳои дигар ҳастанд, ки дар онҷо иштирок карда, сазовори ҷой мегардам», - иброз менамояд варзишгар Х. Хуршед.

Чунин мусобиқаи байнаминтақавӣ дар Душанбе ҳар сол ду маротиба гузаронида мешавад, ки дар он варзишгарони наврас ва ҷавон дар вазнҳои гуногун аз шаҳри Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат мекунанд. 

Имсол мусобиқаи байнаминтақавии танбатан бахшида ба 90-солаги мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе гузаронида шудааст.

Муаллиф: Азиз УМАРОВ, Ҷовидон УСМОНОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh