Системаи ягонаи маълумотдиҳии тандурустӣ

sistemai yagona

Аз соли 2015 дар Тоҷикистон Системаи ягонаи маълумотдиҳии тандурустӣ ба кор медарояд.

play2

Айни ҳол дар тамоми беморхонаҳои шаҳри Душанбе ва беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Системаи ягонаи маълумотдиҳӣ насб гардидааст.

Барои ҳамаи ин муассисаҳо компютерҳои иловаги харидорӣ шуда, дар маркази Система маълумотдиҳӣ насб шудааст, ки барои саривақт ҷамъ ва таҳлил намудани маълумот оиди ҳолати саломатии аҳолӣ, қабул/ирсоли маълумот оид ба натиҷаҳои қабули қарор хизмат мерасонад.

Айни замон барои кормандони тамоми муассисаҳои тиббии дар боло зикр гардида тренингои махсуси кор бо система, кор бо компютер ва кор бо рамзҳои (код) махсуси номҳои касалиҳо рафта истодааст.

Сафар Сайфиддин директори Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурусти ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Мактаби мултимедийнии журналистикии «Даст ба даст» оид ба ин система чунин маълумот дод:

«Чихеле ки маълум аст маълумотҳои омори ҳар сол, охири сол ҷамъбаст шуда баъдан пешниҳод мешаванд ва ин барои идоракунии тандурустӣ истифода мешавнд.

Ин гуна ҷамъоварии маълумот барои мо қонеъкунанда нест, чунки сари вақт бояд иттилоот дастрас шавад, на охири сол.

Мисол, ҳозир агар як бемории бемор дар Мурғоб ё дар дигар минтақаи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шавад, ҳамон лаҳза ба система бемории бемор ворид мегардад ва он шахсоне, ки масъул ҳастанд, метавонанд маълумоти бемории беморро дар компьютери худ бинанд ва чорае бинанд нисбати ҳалли мушкилии вобаста ба талони омории ташхисҳои ниҳоии бемор.

Баъд аз ба кор даромадани система, ин система ба мо имконият медиҳад, ки оиди солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустии тамоми ҷумҳурӣ сари вақт бо таври мустақим, яъне онлайн маълумот дастрас шавад», - иброз намуд С. Сайфиддин директори Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурусти ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ.

Ба гуфти Сафар Сайфиддин директори Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ «Айни ҳол Системаи ягонаи маълумотдиҳӣ дар реҷаи санҷишӣ (режими тестӣ) кор карда истодааст ва фаъолияти ин системаро 24 соат оператори милли «Тоҷиктелеком» таъмин мекунад, ки сервери асосӣ, дар инҷо насб гардидааст.

Аз 1-ми январи соли 2015 бошад система расман ба кор шурӯъ менамояд.

Барои осон гардонидани кор дар система, рамзҳои махсус сохта мешаванд он аз 1ҳарф ва 3рақам иборат аст, ин рамз имконият медиҳад, ки духтурон натиҷаи ташхисро пурра навишташта ирсол нанамоянд, балки аз рамзҳои махсус истифода бурда, маълумотро ба таври рамз ба Системаи ягонаи иттилоотидиҳии тандурустӣ ирсол намоянд.

Айни ҳол, барои дақиқ ва дуруст рамзгузории намудани бемориҳо, аз тарафи мутахассисон ба кормандони муассисаҳои тиббӣ тренингҳои омӯзиширо гузаронида истодаанд», - гуфт директори Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ С. Сайфиддин.

Ҳамчунин у илова мекунад, ки

«Системаи мазкур ғайр аз муассисаҳои тиббӣ, инчунин дар муассисаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ низ насб гардидааст, ки маълумотҳои оиди таваллуд ва оиди фавтро ҷамъ намуда ба Системаи ягонаи иттилоотидиҳии тандурустӣ ирсол менамояд.

Вале ин система дар муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ насб нашудааст, чунки ин гуна муассисаҳо мақоми дармонбахширо доранд ва вазифаи ба қайдгии беморонро надоранд, инро танҳо духтури маҳаллӣ ё беморхонаи маҳаллӣ метавонад ба талони омории ташхисҳои ниҳоии бемор ворид намоянд, лекин онҳо имконият доранд ба Системаи мазкур бо хоҳиши худ дохил шаванд.

Дар Тоҷикистон муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ, ки сохтори беморхонавӣ доранд, кам мебошанд.

Дар сатҳи бистарикунонии беморон бошад, маълумоти зарурӣ аз муассисаҳои тиббии давлатӣ ва ғайридавлатӣ гирифта шуда, бе ягон мушкили ба Системаи ягонаи маълумотдиҳии тандурустӣ дароварда мешавад», - мегӯяд у.

Шамсиддин Қурбонов директори Маркази тиббии «Насл» мегӯяд, ки дар аксари муассисаҳои тиббӣ ин гуна система аллакай фаъолият мекунад.

«То имрӯз дар сохторҳои тандурустии Тоҷикистон бахши иттилоотӣ ва омори тиббӣ вуҷуд дорад, аммо имрӯз сухан дар бораи Системаи ягонаи маълумотдиҳӣ нею, балки зинаҳои аввали ташкил кардани компютеркунони бо хатҳои локали ё ин ки системаи маҳзани иттилоотии дохилии ҳар як муассиса сухан меравад.

Дар шароити имрӯза ҳастанд муассисаҳое, ки ба ин системаи ягона гузаштанд ва бо ин гуна система кор карда метавонанд.

Айни ҳол, ин гуна система дар тамоми муассисаҳои тиббии ҷаҳон вуҷуд дорад ва барои Тоҷикистон низ ин система хеле муҳим аст, чунки бисёре аз муассисаҳои тиббии минтақаҳои деҳот аз беморхонаи марказӣ дуранд ва сари вақт маълумоти заруриро қабул  ва ё ирсол карда наметавонанд.

Ва боз як ҷиҳати мусбии система дар он аст, ки дар ин система картаи электронии бемор сохта мешавад, ки дар он тамоми маълумотномаи бемор ворид карда мешавад ва духтур дар чорчӯбаи ин маълумотҳо ӯро ташхис намуда, дорухат таъин менамояд», - мегӯяд Ш. Қурбонов директори Маркази тиббии «Насл».

Хайрулло Шарипов муовини аввали Маркази миллии тиббии Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки системаи мазкур аллакай дар муассисаи мазкур васл гардидааст.

«Мо сервери нав харидорӣ намудем ва бо он кор карда истодаем. Барои пурра насб кардани нисбаи маблағи калон лозим аст. Барои ҳар як нуқтаи Шӯъбаи беморхона 20 адад чунин таҷҳизотҳои идоракунандаи система лозим ҳастанд, ки арзиши онҳо аз $600 то $700 ташкил медиҳанд.

90 фоизи кормандони тренингҳои махсусро гузаштаанд ва бо система аз наздик шиносанд, қисми иқтибосӣ бошад 100 фоиз кори системаро аз худ намудаанд», - иброз намуд Х. Шарипов муовини аввали Маркази миллии тиббӣ.

Абдулло Сафаров муовини сартабиб оид ба муолиҷаи беморхонаи «Ёрии таъҷили»-и шаҳри Душанбе мегӯяд, ки Системаи ягонаи маълумотдиҳии тандурустӣ дар беморхонаи «Ёрии таъҷили»-и пойтахт дар реҷаи санҷиши кор карда истодааст.

«Системаи ягона дар соҳаи тандурустӣ ҳаст, дар беморхонаи вуҷуд дорад ва бо мо карда истодаем, аммо на ба таври пурра.

Дар рафти кори системаи мазкур камбудиҳои техникии дохилӣ ба чашм мерасад, аммо баъд аз чанд вақте тез бартараф карда мешавад.

Духтурони беморхона қариб 95 фоиз тренинг гузаштаанд ва бо система кор карда метавонанд.

Ин бисёр кори моро осон намуд, чунки вақти камро дар бар мегирад, маълумотро тез қабул ва ирсол мекунад», - иброз кард А. Сафаров муовини сартабиб оид ба муолиҷаи беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ».

Амалишавии лоиҳаи Системаи ягонаи маълумотдиҳии тандурустӣ аз соли 2010 оғоз шудааст, ки дар давоми ду соли охир барои амалишавии лоиҳаи мазкур беш аз 5,5 млн евро (зиёда аз 36,7 млн сомонӣ) харҷ карда шудааст.

Айни ҳол Системаи ягонаи маълумотдиҳии тандурустӣ дар реҷаи санҷишӣ кор карда истодааст, расман кори ин система дар Тоҷикистон аллакай баъд аз се моҳ, аниқтар аз моҳи аввали соли 2015 оғоз мегардад.

Муаллиф: Манижаи ШЕРАЛИЗОДА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh