«Билайн»-ро барои номи тарофаи наваш мумкин ки ба Суд кашанд

beeline

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ширкати ҶСК «Таком»-ро барои риоя накардани муқарророти Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» ба Суд хоҳад кашид. 

play2

Кумитаи забон ва истилоҳот аз он нигарон аст, ки ширкати «Таком» маркаи тиҷорати «Билайн» (Beeline) ҳангоми номгузорӣ кардани тарофаи нав, муқарророти Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» риоя накарда, онро «Любой ҷо» номгузорӣ кардааст. 

Раҳим Зулфониён сармутахассиси Шӯъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳот ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки калимаи «любой ҷо» ғайритоҷикӣ аст ва ба забони адабии меъёр умуман мутобиқат намекунад.

«Онҳо баъд аз гирифтани хулосаи  мо низ номгузории тарофаи «Любой ҷо»-ро тағйир надоданд, ҳоло ки мо ду варианти «Ҳама ҷо» ва «Самти дилхоҳ»-ро ба онҳо пешниҳод намуда будем.

Тарофаи «Любой ҷо» ин тамоман калимаи ғайритоҷикӣ ва жаргони кӯчагӣ аст ва ба забони адабии меъёр умуман мутобиқат намекунад. 

Онҳо воқиф буданд, ки ин калима ба қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон мутобиқат намекунад.

Дар паёму дастурҳои Ҳукумат, Президент ва аз ҷониби Кумита баромаду маърӯзаҳо ва мақолаҳои матбуот оид ба аз унсурҳои бегона забони тоҷикиро тоза, пок ва беолоиш нигоҳ доштан, дарҷ мешаванд ва имрӯз мо вазифадор ҳастем, ки забони худро аз ин гуна калима ҳифз намоем.

Ҳоло мо ҷавоби мактубамонро аз Прокуратураи генаралӣ интизорем, баъд аз он ки прокуратура намояндаи худро пешниҳод кард, мо санҷиши муштаракро оид ба коргузории ширкати «Билайн»-ро оғоз мекунем, ки тамоми коргузории ин ширкат санҷида мешаванд», - қайд менамояд Р. Зулфониён сармутахассиси Шӯъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳот.

Ҳамчунин, Раҳим Зулфониён сармутахассиси Шӯъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон илова кард, ки «Дар инҷо на танҳои оператори мобилии «Билайн» айбдор шуморида мешавад, балки «Рекламаи берунии шаҳр» низ, чунки онҳо бар хилофи қонун чунин навиштаҷоти пур аз галату таҳқири нисбати забони тоҷикиро дар шаҳр овезон намуданд».

Дар ҳамин ҳол, Мария Веторази пиар-менеҷери оператори мобилии «Билайн» иброз намуд, ки номгузории тарофаи «Любой ҷо» танҳо бо мақсади ба ҷамъият ва муштариён фаҳмо будани он, номгузори карда шудааст.  

«Мо аллакай назари расмии худро изҳор кардем, ки дар он гуфта шуд, ки номи тарофаи «Любой ҷо» ба меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ҷавоб намедиҳад ва як калимаи оддии забони гуфтугӯи, ки мо имрӯз онро истифода мебарем, яъне барои ҷалби таваҷҷуҳи махсусан муштариён ба ин тарофа, ба таври фаҳмо маънои тариф – зангҳои дастрас ба ҳар оператори Тоҷикистон, ба тамоми самтҳо.

Мо дар аввал барои гирифтани ақидаи Кумитаи забон ва истилоҳот мактуб ирсол намуда будем, ҷавоби мактуб тавсиявӣ буд, на ин ки нишонавӣ, барои ҳамин мо қарор қабул кардем номи «Любой ҷо»-ро истифода барем, барои он ки ин ном ба мо бештар маъқул аст.

Калимаи «любой ҷо» ягон феъли таҳқиркуниро дар худ надорад.

Айни ҳол бошад, мо сабаби маҳкам карда шудани номи тарофаи «Любой ҷо»-ро дар овезаҳои рекламавии шаҳр, муайян карда истодаем, ки бо сабаб номи тарофаи мазкур маҳкам карда шудааст», - иброз намуд дар сӯҳбат бо хабарингори dastbadast.tj Мария Веторази.

beeline2

Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова мегӯяд, ки ширкатҳои мобилӣ воқеан имрӯз аксари хизматросиноҳои худро бо дигар забонҳо номугзорӣ мекунанд, чунки қисми зиёди саҳмияҳои ин гуна ширкатҳоро хориҷиён идора менамоянд.

«Воқеан имрӯз ширкатҳои мобилӣ хизматросониҳои худро бо истифода аз забонҳои  хориҷӣ реклама мекунанд, ҳатто дар номгузории тарофаҳои  худ.

Ман фикр мекунам, ки аз сабаби он ки  тамоми ширкатҳои мобилӣ  дар Тоҷикистон қисман моли хориҷӣ аст, яъне саҳми кишвари хориҷӣ дар он вуҷуд дорад, бинобар ин онҳо бо истифода аз ҳамин  ҳолат, нисбат ба забони тоҷикӣ, яъне забони давлатӣ беҳурмати  зоҳир намуда, ба худписанди роҳ медиҳанд», - мегӯяд ҳуқуқшинос Ф. Воҳидова.

Субҳон Ҷалилов ровии радиои «Ватан» ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj мегӯяд, ки аз нуқтаи назари тиҷоратӣ вақте, ки тарофаҳо ё номҳо фикр мешаванд, аввалтар аз ҳама худи манфиатҳои тиҷоратӣ ба назар гирифта мешавад.

«Ман аз нуқтаи назари онҳое, ки бештар ба реклама сару кор доранд, матавонам гӯям ки худи ёфтани номи мувофиқ, ки таваҷҷӯҳи мизоҷонро ба худ ҷалб кунад ин ҳам як ҳунар аст ва дар корхонаҳо, идораҳо ва ширкатҳо, гурӯҳҳо ба ин сару кор доранд.

Ман фикр мекунам, ки ёфтани ин ном ҳарчанд аз нигоҳи забонӣ ба ягон кас писанд наомад ва аз рӯи он шикоят ҳам бурданд, вале фикр мекунам, он чие ки аз нуқтаи назари тиҷоратӣ агар гирем, аксарият ба он албатта таваҷҷӯҳ карнданд.

Нафаре ки инро фикр кард медонист, ки бо пешниҳоди ҳамин ном таваҷҷӯҳ аз миёни махсусан ҷавонон, ба ин тарофа зиёд мешавад ва ҳамин тавр ҳам фикр мекунам ки шуд.

Аз нуқтаи назари тиҷоратӣ вақте, ки тарофаҳо ё номҳо фикр мешаванд, аввалтар аз ҳама худи манфиатҳои тиҷоратӣ ба назар гирифта мешавад.

Бо вуҷуди ин, ман ҳамеша ҷонибдори он ҳастам, ки масалан забони тоҷикӣ бе олуидаги бо забонҳои дигар рушд кунад, вале баъзан дар тиҷорат ҳамин гуна зарурият пайдо мешаванд, ки баъзе чизҳо «микс» яъне омехта шаванд», мегӯяд ровии радиои «Ватан» С. Ҷалилов.

Сокини пойтахт Гафур Ҳасанов иброз менамояд, ки ба ҷои «любой ҷо» мумкин буд, ки «дар ҳама ҷо»-ро истифода намуд. 

«Любой ҷо аслан ин калимаи руси аст, мо азбаски дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем, забони мо забони давлатӣ – забони тоҷикӣ аст, бояд ин чиз бо забони тоҷикӣ дарҷ гардида шавад, «любой ҷо» нею «дар ҳама ҷо» калима истифода бурда шавад.

Ман намедонам, ки акидаи дигарон чи гуна аст ва ба онҳо ин ном маъқул аст, вале бояд номгузориҳо бояд бо забони тоҷикӣ номгузорӣ карда шавад.

Дар Тоҷикистон ки имрӯз забони русӣ, забони дуюм ҳисобида мешавад, мо низ ҳуқуқи онҳоро поймол карда наметавонем», - иброз мекунад сокини пойтахт Г. Ҳасанов.

Имрӯз дар баннерҳои реклавии шаҳри Душанбе номи тарофаи «Любой ҷо» маҳкам карда шуда, ҷои номи тарофа холи боқӣ мондааст, дар маркази автомаълумотдиҳии (call-center) оператори мазкур бошад, дар маълумотномаи тарофаи калимаи «любой ҷо» тағйир надода шудааст, вале дар сомонаи расмии ширкат номи тарофаи нави «Любой ҷо»-ро ба «Ҳама ҷо» иваз карданд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи моддаи 89 (Риоя накардани муқарророти Қонун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон»), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, поймол намудани муқарророти Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» барои шахсони воқеӣ аз 15 то 20 нишондиҳанда ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 30 то 40 нишондиҳанда ҳадди аққал пешбинӣ гардидааст.

Муаллиф: Манижа ДАВЛАТОВА, Акмал РУСТАМОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh