Мактаби байналмиллали оид ба астрофизика кори худро дар Тоҷикистон ба охир расонид

astrofizika

Дар Тоҷикистон аз 6-ум то 14-уми октябри соли 2014, Мактаби байналмилали оид ба астрофизика ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯён ва олимони ҷавони соҳаи астрофизикаи ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил иштирок карданд.

play2

Дар ин мактаб тули ҳашт рӯз, беш аз 40 нафар олимони ҷавон, донишҷӯён ва  аспирантони ҷавони донишгоҳҳову донишкадаҳои олии ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғисистон Молдова, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Украина иштирок намуданд, ки дар он масъалаҳои муштараки физика ва астрофизикаи зарраҳои энергияшон баланд, физикаи нурҳои кайҳонӣ омӯхта шуданд.

Ҳикмат Мӯъминов директори Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров-и Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ин мактаб имконият медиҳад, ки сохтори оламро бо истифода аз шароитҳои олии ҷумҳурии мо, метавон маълумот гирифт.   

«Рӯзи 6-уми октябр бо иштироки меҳмонон, олимони ҷавон ва донишҷӯёну аспирантон дар шаҳри Душанбе кори мактаб расман оғоз шуд ва баъди ду рӯз мактаб кори худро дар Помир идома дод.

Мақсади асосии гузаронидани ин мактаб, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи олимони ҷавон ва ҷавонон ба тадқиқотҳое, ки дар чорчӯбаи эксперименти «Помир» гузаронида мешавад, яъне омӯхтани масъалаҳои нурҳои кайҳонӣ, омӯхтани зарраҳои энергияшон баланд, чунки нурҳои кайҳонӣ ин зарраҳое мебошанд, ки аз галактикаҳо ва аз ситораҳои тарканда ва ин ба мо маълумот дар бораи сохтори олам дода метавонанд, азбаски энергияи ин зарраҳо бисёр баланд мебошад, ин инчунин маълумотро дар бораи сохти дохилии зарраҳои бунёдии он ба мо маълумот дода метавонад.

Ин мактаб ба олимони ҷавон имконият медиҳад, ки аз стансияҳои баландкӯҳии маркази «Помир-Чакалтой», инчунин бевосита дар дастгоҳҳои нодиртарни ҷаҳонӣ тадқиқот баранд ва аз илми пешқадамтарин ҷаҳон бохабардор шаванд», -  иброз намуд Ҳ. Мӯъминов директори Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров-и Академияи илмҳо.

Хайём Раҳмонов олими ҷавони Инсттитути физикаю техникаи ба номи Султон Умаров мегӯяд, ки масъалаҳои нурҳои кайҳонӣ дар ҷаҳон яке аз масъалаҳои муҳим дониста мешавад.

«Дар тамоми ҷаҳон ҳоло масъалаи нурҳои кайҳони бисёр яке аз масъалаҳои муҳим дониста мешавад ва нурҳои кайҳонӣ ин барандаи зарраҳои баланд энергия мебошанд.

Дар Тоҷикистони мо ва дар дунё як чанд нуқтаҳо вуҷуд доранд, ки дар онҷо нурҳои кайҳонии баланд энергия мушоҳида карда мешаванд, яке аз нуқтаҳои беҳтарину муҳимтарин ин дар Тоҷикистони мо ҳаст», - мегӯяд олими ҷавон Х. Раҳмонов.

Нурланбек Кайриев олим аз Қирғизистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки баъд аз омӯзиш мо мехостем, ки бо стансияи «Помир» ҳамкорӣ намоем.      

«Таваҷҷӯҳи моро тадқиқоте ки дар стансияи «Помир» гузаронида шуда истодааст ба худ ҷалб карда истодааст ва мо мехостем фаҳмем, ки онҳо ба чи гуна кашфиётҳо ва пешравиҳо ноил гаштанд.

Мо мехостем, ки бо стансия ҳамкорӣ намоем, чунки мо низ дар рӯйхати давлатҳое, ки дар ин лоиҳаи ҳамкори мекунад дохил ҳастем, барои ҳамин ба мо ин лозим аст.

Агар шароит имконият диҳад ва агар ҳар сол чунин чорабиниҳо гузаронида шавад, мо донишҷӯён ва магистрантони ҷавонро ба инҷо равон мекунем, мавзӯъ мавзӯи ҷолиб аст ва аз ин нурҳои кайҳонӣ мо метавон фаҳмем, ки то замони мо чи рух додааст», - гуфт Н. Кайриев олим аз Қирғизистон.

Муҳанҷон Одинаев донишҷӯ ва иштирочии Мактаби байналмиллали оид ба астрофизика соли 2014 иброз намуд, ки аз иштирок намудан дар ин мактаб таҷрибаи зиёд ба худ пайдо кард.

«Мо дар ҳамон вақте ки ба Помир сафар кардем, стансияро бо чашми худ дидем ки чи гуна аст ва гуна сохта шудааст.

Дар онҷо идем ки қӯрғошимҳо ва ҳамаи зарраҳо чи хел омада меафтад ва онро чи гуна ба қайд мегиранд, ба воситаи ҳисобкунакҳо, ҳамаи инро мо дар онҷо мушоҳида кардем ва дидем», - гуфт М. Одинаев донишҷӯ ва иштирочии Мактаби мазкур.

Мактаби байналмиллали оид ба астрофизика дар Тоҷикистон аллакай дуюмин маротиба гузаронида шуд, аввалин маротиба чунин мактаб дар ҷумҳурӣ соли 2011 ташкил ва гузаронида шуда буд.

Имсол Мактаби байналмиллали оид ба астрофизика дар Тоҷикистон аз тарафи Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров-и Академияи илмҳои Тоҷикистон бо дастгири Фонди байналмиллалии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои муштараку манофеи ИДМ ташкил ва гузаронида шуд.

Муаллиф: Наҷиб ИБРОҲИМОВ, Фируз АЗИМОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh