Омодагӣ ба зимистон дар шаҳри Хуҷанд

zimiston dar_khujand

Доир ба омода кардани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, захираи маводи ғизоию сӯзишворӣ, омодасозии шабакаҳои барқӣ, нақлиётӣ ва дигар зербинои коммуникатсионӣ ва ҳамчунин оид ба анҷом додани дигар корҳои таъхирнопазир Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳаматарафа омадагӣ дида истодааст.

play2

Бино ба иттилои муовини ситоди зимистонгузаронии шаҳри Хуҷанд имрӯз дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг мувофиқи талобот ба пуррагӣ ангиштсанг захира карда шуда, тамоми нақлиётҳои мусофиркаши шаҳри Хуҷанд аз назорати техникии шаҳр гузашта истодаанд.

Иброҳим Иброҳимов муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд ва муовини ситоди зимистонгузаронии шаҳри Хуҷанд ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbdast.tj иброз намуд, ки омодагӣ дар шаҳр нисбати гузаронидани зимистони дар пеш истода, албатта корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.

«Дар шаҳр 20 нуқтаи фурӯши ангишт ва 20 нуқтаи фурӯши гази моеъ ташкил кардем, ки дар онҳо миқдори зарурии маҳсулоти сузишворӣ захира карда шудааст, ғайр аз ин тамоми соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ба пурагӣ  мувофиқи талабот бо ангиштсанг барои зимистонгузарони пурра таъмин шудаанд.

Имрӯз дар корхонаҳои истифодабарии манзилии чапу рост барои таъмири бомҳои хонаҳои баландошёна, тирезаю дари даромади хонаҳоро шишабандӣ кардем, дар таҳхонаҳое ки дар ин хонаҳо мавҷуд ҳастанд, барои ях накардани трубаҳои обгузар онҳоро оинабандӣ карда шуданд.

Ҳар ҳафта барои сокинони Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзии хоҷагии қишлоқ дар бозорҳои шаҳр ташкил шуда истодааст, ки дар ҳамин рӯзҳо сокинони шаҳр миқдори зарурии маҳсулотро харидорӣ намуда, онро барои фасли зимистон захира намуда истодаанд.

Барои ба мушкили рӯ наовардани мусофирони шаҳр дар фасли зимистон ҳамаи нақлиётҳои мусофиркаше дар шаҳр ҳастанд, онҳо аз назорати техникии нақлиётӣ гузаронида шуда истода, резинаҳои зидди лағжиши чархи мошин захира карда шуда истодааст», - қайд намуд муовини аввали раиси Хуҷанд И. Иброҳимов.

Гадойбой Исломов сардори Шӯъбаи нақшагирии истеҳсолии Корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд иброз намуд, ки то охири моҳи октябр роҳҳо ва нақлиётҳои коммуналии шаҳр пурра ба фасли зимистон омада мешаванд.

«Айни ҳол, роҳҳои асосии шаҳри Хуҷанд қариб аз таъмир бароварда шудаанд, то охири моҳи октябр роҳҳои нақлиётгард ва пиёдагард ба фасли зимистон омода мешаванд.

Барои фасли зимистон бояд 9 адад техника сафарбар карда мешавад», - иброз кард Г. Исломов сардори Шӯъбаи нақшагирӣ.

Ином Бобоҷонов муҳандиси Шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки тамоми муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла боғчаю мактабҳои миёна пурра ба фасли зимистон тайёранд.

«Барои гузаронидани фасли зимистон тамоми боғчаю мактабҳои миёнаи Хуҷанд пурра омадаанд.

Мо айни ҳол бо телевизиони «Ҷаҳоннамо» оид ба тайёрии мактабу боғчаҳо ба фасли зимистон аз синфхонаҳои мактабу боғчаҳо дидан карда истодаем, ки системаи гармидиҳӣ ва печкаҳои оташӣ дар боғчаҳо ва мактабҳо таҷҳизонида шуданд ва миқдори зарурии ангиштсанг захира карда шудааст», - гуфт И. Бобоҷонов муҳандиси Шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд.

Фароғат Мансурова директори мактаби миёнаи №13-и шаҳри Хуҷанд иброз намуд, ки «омодагӣ дар асоси дастуру супориши раиси вилоят ва шаҳри Хуҷанд дар мактаб системаи ягонаи гармидиҳӣ таҷҳизонида шудааст ва барои истифода бурдани ин таҷҳизот аллакай 13,5 тонна ангиштсанг харидорӣ карда шудааст».

Тибқи иттилои маълумотҳои пешакии Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон имсол зимистон эҳтимол тӯлонӣ ва сард шуда, сардии ҳаво аз 1 то 3 дараҷа поёнтар аз меъёри солҳои қаблӣ хоҳад шуд.

Бино ба иттилои ин марказ сардии ҳавои зимистони имсола ба «воридшавии ҳавои сард аз уқёнуси яхбастаи шимолӣ» рабт мешавад ва эҳтимол аст, ки сардии зимистон аллакай аз моҳи ноябр шурӯъ шавад. 

Ёдовар мекунем, ки дар маҷлиси кории раиси шаҳри Хуҷанд – маркази маъмурии вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки муовинони раиси шаҳр, вакилони маҷлиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, намояндагони кумитаҳои маҳаллӣ ва фаъолони шаҳр моҳи сентябри соли 2014 доир гардида, таъкид гардид ки корҳои омодагӣ ба зимистони имсола бояд ҷиддӣ, саривақт ва босифат анҷом дода шаванд.

Муаллиф: Маҳшодаи ЗАРИФ, Ҳофиз САНГАКОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Comments  

 
0 #1 Шамс 2014-11-03 10:28
Бисёр хуб. Аммо чи тавр бо шумо тамос гирифтан мумкин аст? Агар мумкин бошад ба э-майли ман жавоб кунед.
Ман Равшани Шамс, аз бахши узбакии радиои "Садои Амрико" хастам.
Мумкин бошад раками телефони мобилатонро нависед
Бо эхтиром :-) Р.
Quote
 

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh