Ҷашнвораи 6-уми байналмилалии синамои «Дидор» ҷамъбаст шуд

Didor

Фестивали шашуми байналмилалии синамои «Дидор», ки тӯли чор рӯз дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд, ба анҷом расид. Дар ин ҷашнвора филми коргардони рус Александр Котт «Испытания» («Санҷиш») ба шоҳҷоиза сазовор дониста шуд.

play2

Маросими пуршукӯҳи ҷамъбасти Фестивали шашуми байналмилалии филмҳои «Дидор» бо иштироки коргардонони ҷумҳуриҳои Арманистон, Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон рӯзи 20-уми октябри соли 2014 дар кинотеатри «Кохи Ҷоми» баргузор гардид.

Дар маросими анҷоми ҷашнвора ғолибони он бо ҷоизаҳои махсус мукофотонида шуданд. Коргардони тоҷик Шарофат Арабова соҳиби мукофоти махсус барои филми «Тасфия» гардид.

Зулфия Содиқова котиби масъули ҷашнвораи байналмилалии «Дидор» ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки имсол дар  ҷашнвора   номгӯи  нав – «Синамои  форсӣ» манзури тамошобинон, дар он 12  филми  коргардонони синамои Тоҷикистон,  Эрон ва  Афғонистон намоиш  дода  мешаванд.

«Имсол филмҳои форс-забонҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва давлатҳои Евроазия пешкаши тамошобинон гардонида шуд, ки дар он беш аз 70 филм ба намоиш гузошта шуд», - иброз намуд З. Содиқова котиби масъули ҷашнвораи байналмилалии «Дидор».

Сафарбек Солех коргардони тоҷик оид ба филми «Камил» чунин мегӯяд, ки «филм дар Конибодом, Хуҷанд, Тошкант, Душанбе, Москва, Санк-Петербург, Ню-Йорк ва дигар ҷойҳо рӯи навор оварда шудааст.

Филмбардори ҳудуди 5 сол рӯи навор оварда шудааст ва ин филм бахшида шудааст ба 110-солагии Камил Ярматов».

didor2

Шоди Солеҳов ҳунарпешаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ин гуна фестивал рушди кинои тоҷик метавонад таъсир расонад. 

«Баргузори чунин фестивалҳо албатта ба манфиати мо мухлисон, ҳунармандон, синамогарон, кормандони театр, мунаққидон аст.

Баргузори ин фестивалҳо дар рушди кинои тоҷик метавонад таъсир расонад ба он хотире, ки кормандонон ва ҳунармандони мо кору меҳнати ҷумҳурияҳои дигарро дида, кори худро бо онҳо метавонанд муқоиса намоянд ва дарк намоянд ки дар олами кинои дунёи чи гап аст.

Як чизро бояд қайд намуд, ки филмбардорӣ намудан аз шароит ва тавоноии кишвар низ вобастаги дорад», - мегӯяд ҳунарпешаи тоҷик Ш. Солеҳов.

Аҳмадшоҳи Комилзода журналист, кордони соҳаи синамо иброз намуд, ки синамобазми «Дидор» тавонист як ҷойгоҳи касбӣ дар минтақа гардад.

«Имрӯз синамобазми «Дидор» тавонист, ки як ҷойгоҳи ба худ хосеро касб кунад дар минтақаи мо чаро ки аввал бо номи синамобазми филмҳои форси-забон ё кишварҳои форси-забон созмон дода шуда буд, баъдтар доираи иштироки кишварҳои дигар дар инҷо вусъат ёбад.

Имрӯз дар ин ҷашнвора ғайр аз Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон инчунин Россия, Қазоқистону Қирғизистон ва ҳатто аз Покистону Ҳинд намояндаҳо меоянд ва иштирок менамоянд.

Умедвор ҳастам, ки дар оянда аз синамобазми Душанбе ба як базми бузурги синамо табдил мешавад»,- иброз кард журналист, кордони соҳаи синамо А. Комилзода.

Ҳамчунин дар ин рӯз мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои кино дар мамлакатҳои Осиё Маркази баррасӣ гардид.

Ёдрас мешавем, ки ҷашнвораи «Дидор» соли 2004-ум  таъсис ёфта, дар 2 сол як маротиба дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Муаллиф: Маҳшодаи ЗАРИФ, Юсуф САЛИМОВ

акс аз: сомонаи «Дидор»

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh