«Ҳафтаи Аврупо-2014» дар Душанбе ба итмон расид

Haftai Avrupo_2014

Дар пойтахт 6-умин чорабинии фарҳангии «Ҳафтаи Аврупо» ба анҷом расид.

play2

Бо ташаббус ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон «Ҳафтаи Аврупо» яке аз намоёнтарин рӯйдоди фарҳангӣ дар ҳайёти сокинони маҳаллӣ гаштааст.  

Чорабинии мазкур бо мақсади паҳн намудани арзишҳо ва гуногунрангии фарҳанги Аврупо берун аз ҳудуди он, гузаронида шуда, равобитҳои ҳамкории Иттиҳоди Аврупою Тоҷикистонро боз ҳам зичтар ва ҳамагонро аз густариши ҳамкориҳои минбаъда даракдор месозад.

Тули ҳашт рӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт аз барномаҳои «Ҳафтаи Аврупо» дар Тоҷикистон ки ҳамаи ҷанбаҳои санъатро дар бар мегирифт, аз ҷумла барномаҳои мусиқӣ, намоиши театри ва санъати тасвирӣ, намоиши филмҳо, инчунин якчанд конфронсу коргоҳ равона ба ҳавасмандгардони ва ҷалби ҷавонон дар масъалаҳои ҷамъиятию фарҳангӣ, мубоҳисаҳо доир ба масъалаҳои ичтимоӣ ва ғайраҳо аз наздик шинос гардиданд. 

Амалхонум Гаҷиева ташкилотчи ва ҳамоҳангсози Маркази фарҳангии «Бохтар» ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj ҳадафи гузаронидани «Ҳафтаи Аврупо»-ро чунин гуфт. 

«Мақсади гузаронидани ин чорабини, мардуми Тоҷикистонро аз  фарҳангу маданияти мамлакатҳои Аврупо шинос намудан мебошад. 

Дар доираи «Ҳафтаи Аврупо» дар Душанбе – рӯзи 25 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон коллексияи асарҳои рассомони аврупоӣ аз Фонди осорхона намоиш дода шуда, консерти классикии бастакорони Аврупо дар иҷрои устодони тоҷик баргузор гардид, рӯзи 26 октябр дар Маркази фарҳангии «Бохтар» намоиши аксҳои «Манзараҳои Душанбе» намоиш дода шуд, аз 27 то 31 октябр ҳамарӯза соати 18:00 Фестивали филмҳои «Аврупо дар экран» доир карда шуд, рӯзи 1 ноябр дар Театри давлатии драмаи русӣ ба номи Маяковкский консерти «Этно-ҷаз» ва намоиши рақс бо ҳунармандони Театри «Падида» ва Коллеҷи хореографии ҷумҳуриявӣ ба номи Малика Собирова ва рӯзи 2 ноябр бошад дар МФ «Бохтар» мубоҳиси хотимавӣ бо иштироки ҷавонони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон баргузор гардид», - гуфт А. Гаҷиева ташкилотчи ва ҳамоҳангсози Маркази фарҳангии «Бохтар». 

Дар ҳамин ҳол, Маҳбуба Абдуллоева мушовири матбуоти Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони пойтахтро бо кушодашавии «Ҳафтаи Аврупо-2014» табрик намуда, аз номи роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо меҳмонони чорабиниро шодпош намуд. 

«Меҳмони гиромӣ, аз номи роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Шуморо дар ин чорабинӣ хайрамақдам мегӯем. 

Ҳамасола «Ҳафтаи Аврупо» дар яке аз манотиқи ҷумҳурии зебои мо пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Умедвор аз он ҳастем, ки ҳамаи маъракаҳое ки дар чорчӯбаи «Ҳафтаи Аврупо» баргузор мегарданд барои Шумо хуш бошанд», - гуфт М. Абдуллоева мушовири матбуоти Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон. 

Абдували Шарипов директори Осорхонаи миллӣ иброз намуд, ки дар доираи «Ҳафтаи Аврупо» дар Тоҷикистон аз Фонди осорхона мусаввараҳои бузургтарин нобиқаҳои санъати тасвирӣ ба намоиш монда шуда буданд. 

«Имрӯз дар ин намоиш аз Фонди осорхона намудҳои гуногуни санъати тасвирӣ аз ҷумла шоҳасарҳои бузургтарин нобиқаҳои санъати тасвирии Фаронса, Италия, Олмон ва Британияи Кабир ба намоиш гузошта шудааст. 

Сарнамоиши имрӯза, ки пеш аз ҳама таҷлили он ба ифтихори «Ҳафтаи Аврупо» дар Тоҷикистон равона шудааст», - иброз намуд А. Шарипов директори Осорхонаи миллӣ. 

Муҳаммади Ҳодизода фарҳангшинос дар ҳамин бора ақидаи худро зимни сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj чунин иброз кард. 

«Имрӯз як намоиши санъатҳои тасвирӣ, ҳунарҳои дастӣ мисли кӯзаю сафол, нақшу нигори шамшер, сиккаҳои давраҳои гуногуни аврупоӣ ба намоиш гузошта шуда буданд, хеле муассиру таъсирнок аст ва ҳар кас ба миқдори, пешрафти зеҳнияти худ, мутобиқ ба таҷрибаю дониши худ, як чизе аз ин намоиш бародошта метавонад. 

Чунин чорабиниҳо албатта аз фоида холи нестанд, масалан мо дар асри ки ба истилоҳ глобализатсия мегӯянд ширкат дорем, ин асре ҳаст ки фарогири тамоми ҷанбаҳои зиндагии мардум. 

Ин намоишҳо як навъи таблиғ ва ташвиқи зиндагони як қисми муайяни инсонҳои кураи Замин аз қабили Аврупо ҳастанд, ки онҳо ба ин васила дар бораи санъат, дар бораи таъриху фарҳангӣ худашон барои мо иттилоот медиҳанд. 

Бояд як чиз қайд намоям, ки мо низ аз ин чорабиниҳо ба худ таҷриба бояд гирем ва рӯзҳои фарганҳии худро дар дигар кишварҳо баргузор намоем, то ки онҳо низ аз санъату фарҳанг ва аз таърихи мо бохабар шаванд», - иброз намуд фарҳангшинос М. Ҳодизода. 

Рамазон Кабиров сокини пойтахт ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj ақидаи худро оид ба чорабинии мазкур, чунин гуфт. 

«Бори аввал аст, ки ман дар чунин чорабини иштирок мекунам.

Ин чорабинӣ ба ман хеле писанд омад, агар ин гуна чорабиниҳо зиёд гузаронида шаванд, ҷаҳонбинии мо ҷавонон васеъ шуда, аз таъриху фарҳангҳои давлатҳои Аврупо бохабар мегардем. 

Ин чорабинии фарҳанги барои мо ҷавонон фоидаовар буда, моро ба хештаншиносӣ ҳидоят мекунад. Дар инҷо чизҳои зиёдеро ба намоиш гузоштанд, аз қабили танга, ханҷар, суратҳо ба ман бештар масъули дасти рассомон писанд омад, зеро барои фаҳмидани як расм, ки онро бо чи мақсад рӯи қоғаз оварданд, ҷаҳонбинии хеле васеъ лозим аст», - мегӯяд сокини пойтахт Р. Кабиров. 

«Ҳафтаи Аврупо» дар Тоҷикистон аллакай маротиба 6-ум баргузор карда шуд, ки он аз 25-уми октябр то 2-юми ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. 5-умин «Ҳафтаи Аврупо» дар Тоҷикистон охирон маротиба аз 16-ум то 24-уми ноябри соли 2013 таҳти унвони «Ҷавонон барандаи роҳ» доир гардида буд. 

Муаллифон: Манижа ДАВЛАТОВА, Ризвон АРКОНЗОДА, Манижаи ШЕРАЛИЗОДА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh