Дар Душанбе мусобиқаи «Варзиши сабук» доир гардид

atletika

Бахшида ба «Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон» 6-уми ноябри соли 2014 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқаи кушоди «Варзиши сабук» доир гардид, ки дар он варзишгарони шаҳри Душанбе, Ноҳияҳои тобеи марказ, Қӯрғон-теппа ва минтақаи Кӯлоб фаъолона иштирок намуданд.

play2

Дар ин намуди варзиш зиёда аз 80 нафар духтарону писарони синну соли аз 14 то 35 сола, дар намуди варзиши сабук: давидан то масофаи 100 метр ва 800 метр, ҷаҳидан ба дарозӣ, ҳаво додани кулӯлаҳо ширкат варзиданд.

Алимуҳамад Мирзоев ташкилотчии мусобиқаи мазкур ва директори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши оид ба варзиши сабук ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки вазифаи асосии мо оммаи васеи ҷомеаро ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷалб кардан мебошад ва барои ҳамин мо ин гуна мусобиқаҳоро ташкил менамоем.

«Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа пеш аз ҳама барои рушди варзиши сабук дар Тоҷикистон, дарёфт намудани чеҳраҳои нав ба дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ ва наврасону ҷавононро ба тарбияи ҷисмонӣ ҷалб кардан мебошад.

Ин мусобиқа имрӯз бахшида ба Сарқонуни Тоҷикистон баргузор карда шуд», - иброз намуд директори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши оид ба варзиши сабук А. Мирзоев.

Маҳмадулло Бобоев мураббии шоистаи Тоҷикистон, устоди дараҷаи байналмиллалӣ мегӯяд, ки ин намуди варзиш аз варзишгар қувваи зиёдро талаб мекунад.

«Дар ин мусобиқа варзишгарони беҳтарини варзиши сабук аз рӯи 4  намуд: давидан то масофаи 100 метр, ҷаҳидан ба дарозӣ, ҳаво додани кулӯлаҳо ва давидан то масофаи 800 метр иштирок намуданд. Ҷаъмбасти мусобиқа аз рӯи холҳо ҳисобида мешавад.

Ин мусобиқае ҳаст, ки аз варзишгар қувваи зиёди ҷисмониро талаб мекунад ва барои баромад кардан дар ин гуна мусобиқа, махсусан барои мардон бояд тайёрии ҷиддӣ бинанд ва ҳам пурқуввату чолок бошанд, ки ба ҳамаи ин тоб оварда тавонанд.

Дар мусобиқа барои мардон 10 ҳарба ва барои занон 7 ҳарба пешбинӣ гардидааст», - мегӯяд устоди дараҷаи байналмиллалӣ М. Бобоев.

Мутриба Абдуҷалилова варзишгар, иштирокчии мусобиқаи мазкур ҳангоми сӯҳбат бо хабаригори dastbadast.tj ба таври махфӣ гуфт, ки ба ин мусобиқа у бе тайёрӣ омадааст.

«Ман дар ин мусобиқа аз рӯи чор ҳарба иштирок карда истодам ҳозир бошад 100 метра давидам, ҳозир бошад ба дарози ҷаҳида истодаам.

Ман мехоҳам ҷои 1-умро гирам, вале рости гап ман ба ин мусобиқа тайёрӣ надида будам», - гуфт варзишар М. Абдуҷалилова.

Фурқат Ғафуров дигар варзишгар ва иштирокчии мусобиқа оид ба дастовардҳои худ чунин арзёби намуд.

«Ман тули се сол дар ин намуди варзиш машқ мекунам. Ман дар ҳамин гуна мусобиқаҳои берун аз давлат: дар мусобиқаҳои Осиё иштирок намуда, ҷоизадори чемпиони «Ҷоизаҳои Осиё» шудам, 5 бор ҷоизадори «Осиё» ва 2 бор мусобиқаҳои «Осиё».

Дар мусобиқаи «Авру-Осиё», ки дар Қазоқистон шуда гузашт 2 маротиба онҷо иштрок намуда, ду маротиба ҷои 3-юмро гирифтам ва ду бори дигар дар байни 15-солаҳо дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек иштирок намуда, дар онҷо сазовори 2 медали тилло ва 1 медали нуқра шудам ва ду маротибаи дигар дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошкант дар мусобиқа иштирок намуда, ду бор сазовори ҷои 3-юм гаштам», - арзёби кард варзишгар Ф. Ғафуров.

Мусобиқаи кушоди Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши оид ба варзиши сабук дар кишвар дар як сол 6 маротиба гузаронида мешавад.

Муаллиф: Ҷовидон УСМОНОВ, Мастона ҲАЙДАРОВА

аксиҶовидон УСМОНОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh