Дар Душанбе «Рӯзи театри тоҷик» ҷашн гирифта шуд

den-teatra

Рӯзи 7-уми ноябри соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон Иди касбии «Рӯзи театри тоҷик» ҷашн гирифта шуд. Маросими кушодашавии бахшида ба 75-солагии Маҳмудҷон Воҳидов дар театри ҳамноми у баргузор гардид.

play2 PlayVideo

Дар ин рӯз дар театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов спектакли нави «Оинаи ду даврон», ки ба қалами драманависи шинохта Нур Табаров тааллуқ дорад ва онро ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов рӯи саҳна овардааст.

Асар аз ҳаёт, эҷодиёт ва муборизаву талошиҳои устод Садриддин Айни баҳри нумӯи фарҳанги навини халқи мо, рушду инкишофи он, мақому манзалати забони ноби тоҷикӣ нақл мекунад.

Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, коргардонҳо, драманависҳо, рассомон, бастакорон, аҳли театрии кишвар ҷамъ омада, аз дастоварду комёбиҳои эҷодии худ ва нақшаҳои оянда ибрози ақида, рӯзи худро васеъ ҷашн мегирифтанд.

Шамсиддин Орумбекзода вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳангоми баромад бо «Рӯзи театри тоҷик» аҳли ҳунари фарҳангро табрик намуда иброз намуд, ки «Ин рӯз барои мо ифтихори бузург аст, зеро яке аз дастовардҳои муҳимтарини фарҳанги миллии мо, дастовардҳои муҳими фарҳангӣ, эҳёи фарҳанги миллии тоҷик мебошад.

Имсол ҷашни «Рӯзи театри тоҷик» дар зодрӯзи ҳунарманди варзида ва нотакрор, устоди мӯътабар Маҳмудҷон Воҳидов ки имсол 75-солагии ин кас ҷашн гирифта мешавад, бо «Рӯзи театри тоҷик» рост омад», - иброз намуд вазири фарҳанг Ш. Орумбекзода.

Марҳабо Ҷабборӣ муовини сарвазири Тоҷикистон инчунин аҳли фарҳангро бо Иди касби табрик намуда иброз кард, ки соҳаи фарҳанг ва санъат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

«Имрӯз соҳаи фарҳанг ва санъат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъана, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзандаро касб намудааст.

Қабули Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ»,  Барномаи «Рушди санъати театри дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019» баҳри рушду такомули соҳаи театрӣ ва муҳайё сохтани фазои мусоиди меъёри-ҳуқуқӣ, ҳаллу фасли маҷмӯи мушкилоти мавҷудаи соҳа ва фаъолияти пурсамари муассисаҳои театрии кишвар заминаи мусоидро фароҳам овардааст», - иброз кард муовини сарвазири кишвар М. Ҷабборӣ.

Ҳамчунин, М. Ҷабборӣ муовини сарвазиши кишвар илова намуд, ки

«Дар доираи «Рушди санъати театри дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019» барои таъмиру таҷлили биноҳои театру муассисаҳои фарҳангӣ ҳама сола маблағҳои зиёд ҷудо шуда, то имрӯз биноҳои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии академи-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри мусиқи-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ, Театри мусиқи-мазҳакавии ба номи С. Вализода, Театри давлатии  драмавии руси ба номи В. Маяковский, Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ва Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи М. Қосимов пурра таъмир карда шуданд».

Абдумумин Шарифӣ ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj мегӯяд, ки имрӯз барои ҷалб сохтани ҷомеа ба театр аввал бояд дараҷаи мафкураю маънавии фарҳангии ҷомеаро бояд боло бардошт.

«Файласуф, нависанда ва шоири бузурги олмон гуфтаат «Дараҷаи адабиёти ҳар миллат, вобаста ба дараҷаи хонандаи уст».

Ман ҳам фикр мекунам, ки театр ҳам чунин аст ва дараҷаи мафкураи маънавиёту фарҳангии ҷомеаро бояд бардошт ва дар қатори ин мутмаинам, ки дараҷаи  ҳунарии фарҳангии театр ҳам боло мешавад ва таваҷҷуҳи ҷомеа ҳам зиёд мешавад.

Баъд аз ин онҳо ҳатман ба театр меоянд ва намоишҳои театр ҳам хубтару беҳтар хоҳад шуд, аз назари ҳунарӣ», - мегӯяд ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ А. Шарифӣ.

Саодат Азизова дигар ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон мегӯяд, ки имрӯз ҷавонон бештар ба театр майлу рағбат доранд ва ҳамарӯза дар намоиши театрӣ иштирок менамоянд.

«Театри тоҷик ҳамеша тамошобин дошт ва имрӯз хушбахтона тамоми донишҷӯёни донишкадаҳо дар театри мо меҳмон мешаванд ва аз намоишномаҳои бисёри мо, аз ҷумла «Ром кардани духтари саркаши аз Шекспир» дар таҳияи Фируз Умаров, «Пизишки парони аз Малер» дар таҳияи Қурбони Собир тамошо мекунанд, тамошобин хеле зиёд аст ва мо аз тамошобин шикоят надорем.

Ҳастанд тамошобиноне, ки эҳсосашонро нигоҳ дошта наметавонад, ҳамроҳи ҳунарпешаҳо гап мезананд, лукма мепартоянд, лекин онҳо гунаҳкор нестанд, барои он ки бори аввал ба театр меоянд ва масъулияти театрро ҳис карда наметавонанд ва вазифаи театр ҳамин аст, ки тамошобинро бояд тарбия намояд, бо намоишҳои худ», - мегӯяд ҳунарпешаи шоистаи кишвар С. Азизова.

Дар интиҳои «Рӯзи театри тоҷик» аз ҷониби роҳбарияти Вазорати фарҳанг Ш. Орунбекзода ва муовини сарвазири Тоҷикистон М. Ҷабборӣ ба беш аз 50 нафар беҳтарин ҳунарпешаҳои театр мукофотҳои пулию хотиравӣ ва «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» супорида шуданд.

Ёдрас мекунем, ки аввалин театри касбии тоҷик соли 1929 дар шаҳри Сталинабад (Душабе-и имрӯза) – (дар оянда – Театри давлатии академи-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ) сохта шуд. Дар он вақт директори аввалин ва коргардони асосии ин театр, асосгузори театри касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов буд.

Баъдан, соли 1934 аз тарафи Ҳомид Маҳмудов дуюм театр – Театри давлатии мусиқию драмавии дар шаҳри Ленинабад (Хуҷанд-и имрӯза) (айни ҳол, – Театри давлатии мусиқави ва мазҳакавии тоҷик ба номи Камоли Хуҷандӣ) кушода шуд.

Инчунин се спектакли дигар дар он вақт, ба пойтахт боз як театри дигар – Театри давлатии академи-драмавӣ (яъне ҳол, - Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ) овард.

Муаллиф: Манижа ДАВЛАТОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh