Фестивали «Диёри ҳусн» дар Душанбе ба анҷом расид

11

Дирӯз 9-уми ноябри соли 2014 дар «Душанбе-Плаза» Фестивали байналмиллалии ҳунарҳои мардумӣ ва мӯд бо номи «Диёри ҳусн» ба анҷом расид.

play2 PlayVideo

Ба гуфти ташкилкунандагон мақсад аз ташкили чунин фестивал ин таваҷҷӯҳ ба омӯзиши амиқи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳорати косибии ҳалқиятҳои гуногуни ҷаҳон аст, ки барои рушди муколамаи фарҳангӣ дар ҷаҳон мусоидат хоҳад кард, бо арзишҳои бебаҳои косибӣ ва либосҳои миллӣ, ки дар он омезиши тамаддуни қадимӣ ва муосир, нақш оварда шудааст.  

Дар ин фестивал маҳсули ҳунар ва эҷоди косибони кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркменистон, Эрон ва Афғонистон, аз қабили: либосҳои миллӣ бо омӯзиши сабки муосир, маҳсулот аз ашёҳои табии – нахи зағир, абрешим, пашм ва пахта, маҳсулот аз пусту чарм, аксесуарҳои замонавӣ, ашъё барои хона – сафол, зарфҳои сафолӣ, расм ва хаттотӣ, армуғонҳо, кандакорӣ дар чӯб, устухон, мис ва оҳан, бофандагӣ – ҷӯробҳо, болопӯшу гарданбандҳои пашмӣ, сӯзанӣ ва мӯҳрадӯзӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, асбобҳои мусиқӣ, ҳайкалсозӣ ва дигар масҳулоти ба он монанд, корд ва дигар аслиҳаҳои армуғонӣ, меваҳои хушк, чойю гиёҳҳои табиӣ, гизоҳои миллӣ ва даҳҳо намуд маҳсулотҳои дигар ба номоиш-фурӯш гузошта шуд.

Нигина Раҷабова ташкилотчии фестивали мазкур оид ба ин чунин гуфт.

«Дар ин фестивал ҳунармандони кишварҳои Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркменистон ва Қирғизистон, аз Тоҷикистон бошад Бадахшон, Хуҷанд, Душанбе, водии Рашт иштирок намуданд.

Дар доираи фестивал «Фешн-мода» шуд, ки дар он 15 намуд коллексияҳои кишварҳои номбаргардида баргузор гардид.

Чунин фестивали байналмиллалӣ дар Тоҷикистон аллакай маротиба 8-ум гузаронида шуда истодааст», - гуфт Н. Раҷабова.

Мукаррама Қайюмова раиси ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва раиси Бунёди байналмиллалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз дошт, ки «Диёри ҳусн» як фестивале ҳаст, ки ҳунармандони Осиёи Марказиро бо як дигар муттаҳид сохта, маҳсулотҳои тайёрнумадаи худро дар якҷо ҷамъ меоваранд. 

«Ин фестивал имконият медиҳад, ки ба ҳам омадани муколамаҳои фарҳанги байни кишварҳо, аз якдигар омухтани арзишҳои миллии минтақаҳои дуру наздик, пеш аз ҳама ин сарҳадҳои зеҳнии беҳудуд, ба ҳам омадани ҳама андешаҳои фикрҳои мардуми Осиёи Марказӣ аст. 

Хушбахтона дар ҳамин фестивали мо бо як ифтихори баланд аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳама вақт иштирок мекунанд. Мо ҳама вақт орзу мекардем, ки дар ин минтақа боз ҳунармандои Осиёи Марказӣ бошанд ва хушбахтона ҳамин дафъа тамоми Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд», - иброз кард М. Қайюмова раиси ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва раиси Бунёди байналмиллалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон. 

Шоира Ғаниева ҳунарманд аз Самарқанд ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки дар намоиши мазкур маҳсулотҳои дасти ба намоиш монда шуда буд. 

«Ман асосан бо гулбанд бисёртар сару кор дорам, ба ин кор ба ман шогирдонам барои кашидадӯзӣ, гулбанди дар курта, шарф, рӯйимол ёрдам мерасонанд. 

Дар инҷо мо гулбандҳои ҳар хеларо омада карда, овардаем. 

Ин касб аз авлод ба ман мерос мондаги аст, мо шашум авлод ҳастем ки соҳаи гулбандиро идома дода истодаам, ин корро ман дар Ӯзбекистон якум шуда ба роҳ монда ва зиёда аз 100 нафар шогирдро дар ин самт тайёр намудам», - иброз намуд ҳунарманд аз Самарқанд Ш. Ғаниева. 

Исмоил Ғуломсами Рӯшан раиси ҳунармандони Афғонистон мегӯяд, ки дар намоиши мазкур колинҳо ки бо дасти духта шудааст, ба намоиш-фурӯш пешниҳод карда шудааст. 

«Имрӯз дар инҷо ҳунарҳои мухталиф аз тарафи ҳунармандони афгон колинҳои дасти пешниҳод шудааст, ки онҳоро хонумҳои зебо бо дастҳои нозукашон, бо дастҳои зарифашон тавлид кардаанд. 

Ин ҳунарҳо ҳамааш дар худи Афғонистон тавлид мешаванд. Дар корхонае ки мо дар онҷо фаъолият мекунем, 2 ҳазор нафар ҳамроҳи мо кор мекунанд, ки теъдоди зиёдашон занон ҳастанд», - мегӯяд раиси ҳунармандони Афғонистон И. Ғ. Рӯшан. 

Иброҳим Мирзоев устои кордсоз аз шаҳри Истаравшан иброз менамояд, ки касби кордсози ба у меросӣ гузаштааст ва имрӯз касби уро фарзандонаш идома дода истодаанд. 

«Ман устои кордсоз аз вилояти Суғд ҳастам, кордҳои тайёрнамудаи худамро имрӯз дар ҳамин намоишгоҳ оварда барои меҳмонон, барои халқи худамон пешкаш намудам. 

Ҳамаи маҳсулотҳое, ки ман овардам маҳсулотҳои худамон мебошад. Ба ин касб падарам, бобоям, бобокалонам машғул ва имрӯз ман ва писаронам ин касбро давом дода истодаем. 

Бо намоиш додани ин гуна кордҳо, мо мехоҳем ки ҳамин касб дар ҷумҳурии мо такмил дода шавад», - иброз менамояд устод кордсоз, ҳунарманд И. Мирзоев. 

Маҳбубахон Абдусаминова ҳунарманд аз ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, ки чунин фестивалҳо имконият медиҳад, ки таҷрибаро балад бардорад. 

«Имрӯз ман дар ин фестивал бо мақсади мубодилаи таҷриба бо ҳунармандони дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, таҷрибаи худро баланд бардоштан, намоиш додани анҷомаи миллии худамонро ба шаҳрвандони дигар давлатҳо, ба инҷо бо ҳамин мақсадҳо омадаам», - мегӯяд ҳунарманд М. Абдусаминова. 

Ҳоҷинасриддин Аслиддинзода кормандни Академияи илмҳои Тоҷикистон, сокини пойтахт ва тамошобини фестивали мазкур ақидаи худро оид ба фестивал ба хабарнигори dastbadast.tj чунин гуфт. 

«Чорабинии имрӯза бисёр некуст, махсусан дар бобати амволе, ки аз Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон, бисер чизҳои қимматбаҳо ва зебо бо чандон нархи баланд. 

Бояд қайд кард, ки дар ин ҷо Бухорои Шариф низ маҳсули дастии худро оварда ба кавли Рӯдакӣ: 

“Эй Бухоро шод бошу дер зи,

Харидори зиёди тоҷик сӯят ояд ҳаме”. 

Ҳамаи ҳунарҳо хуб ҳастанд, чунки ин ҳунарҳо аз байн рафта истодаанд, таҷдид кардани ин ҳунарҳо ин хеле кори ниҳоят мушкил ва сангин аст. 

Ин кори мушкилу сангин барои худ эътибори зиёди Ҳукуматҳоро даъват мекунад ба худ, чунки ҳунарманд танҳо бо ҳунари худ аҳли оилаи худро таъмин карда наметавонад, аз ин ҷиҳат барои инҳо бозорҳое, ки арзон пайдо кунем ва онҳо мунтазам маҳсули худро намоиш бидиҳанд ва касби худро сайқал бидиҳанд, дар ҳамин ҳолат ин ҳунарҳо оянда дорад, вагарна на ин ҳунарҳо аз байн мераванд», - мегӯяд  кормандни Академияи илмҳои Тоҷикистон, сокини пойтахт ва тамошобини фестивали «Диёри ҳусн» Ҳ. Аслиддинзода. 

Ҳамчунин дар ин рӯз барои меҳмонони фестивал дарсҳои омӯзиши ҳунармандӣ таъсис дод шуд, ки аз иштирок дар онҳо зиндагии сокинон ҷолибтар хоҳад шуд.

8-умин Фестивали байналмиллалии ҳунарҳои мардумӣ ва мӯд бо номи «Диёри ҳусн» дар Душанбе аз 6-ум то 9–уми ноябри соли 2014 идома кард.

Муаллиф: Маҳшодаи ЗАРИФ, Манижаи ШЕРАЛИЗОДА

акси: Шамсия ДАВЛАТОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh