«Эрон Экспо 2014» ба охир расид

Iranexpo-2014

Намоишгоҳи байналмиллалии махсуси «Эрон Экспо 2014», ки дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе тули 4 рӯз идома кард, имрӯз (15-уми ноябр) намоишгоҳ ба итмом расид.

play2

Дар ин намоишгоҳ 80 намояндагони корхонаҳои гуногуни саноати ва ширкатҳои музофоти Хуросон Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон ширкат намуда, маҳсулотҳои худро пешкаши шаҳрвандони Тоҷикистон намуданд, ки бисёре аз ин ширкатҳо дар Тоҷикистон аввалин бор ҳузур доранд.

Дар намошгоҳ ғайр аз соҳаҳои сохтмонӣ, инчунин техникаи кишоварзӣ, электротехника, технонологияҳои муҳандисӣ, мошинасозӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, резинаҳои чархи, дастгоҳҳои коркарди фулуз, мебел, зарфҳо, қолинҳо, маҳсулотҳои хӯрокворӣ, либосҳо, пойафзол, маҳсулотҳои агро-саноатӣ, зеварҳои ороишӣ, атриёт, маҳсулотҳои истифодаи халқ, техникаи маишӣ, инчунин аз шаҳру ноҳияҳои Теҳрон, Хуросони Разавӣ, Исфаҳон, Машҳад, Қазвин, Тус, Мазандаран, Гулистон, Озорбойҷони Шарқӣ, Шероз, Табриз, Ҳамадонӣ, Қирмоншоҳ, Яздаҳ, Шаҳрруд-и Эрон ба намоиш гузошта шуданд.  

Шариф Саид раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) ҳангоми баромад дар кушодашавии намоишгоҳи «Эрон Экспо 2014» иброз дошт, ки имрӯз Тоҷикистон барои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ захираҳову имкониятҳои зиёд ва барои сармоягузорӣ шароитҳои мусоид дорад.

«Имрӯз имкониятҳои ҳарду давлат хеле зиёданд, лекин ҷавогӯи талаботи имрӯза нестанд, аз ин хотир мо аз ҳама захираву имкониятҳо бояд самаранок истифода бурда, муносбатҳои тиҷоративу иқтисодиро бояд боз ҳам пурзуртар намоем.

Дар ин намоишгоҳ соҳибкорони ҳар ду кишвар имконият доранд, ки шарикони ҳамкорӣ худро пайдо кунанд ва тафоҳумномаҳо, созишномаҳо ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

Айни замон дар кишвар чор минтақаи озоди иқтисодӣ – Суғд, Данғара, Панҷ ва Ишкошим фаъолият мекунад, ки бо истифода аз имтиёзҳои муқараргардида соҳибкорони Эрону Тоҷикистон аз онҳо метавонанд истифода бурда, ҳамкорӣ намоянд», - иброз кард раиси ПСС ҶТ Ш. Саид.

Муовини сафири Эрон дар Тоҷикистон иброз намуд, ки  равобитҳои ҳар ду кишвар тайи 22-сол рушд ёфта истодааст.

«Равоботи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон бевосита дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо созишномаҳои мувофиқа шуда, фарҳанги тоҷикӣ, мазҳабӣ то ва баъд аз истиқлолияти Тоҷикистон то кунун, яъне тайи 22-сол рушд ёфта истодааст», - иброз намуд муовини сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Саид Абдулло Кобули мудири ширкати «Мозандаро» ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj оиди маҳсулотҳои ба намоиш гузоштааш чунин ибрози ақида намуд.

«Мо хӯроки дон, хӯроки тиюр, хӯроки анвои моҳӣ, хӯроки моҳиҳои ғизилоло, форел, капур моҳиҳон, созон ва хӯроки моҳии ҳовиёвии срюженро ба намоиш овардем.

Ҳангоми истеҳсол аз ин хӯрокҳо, аз форел мо ҳудуди як кило ва аз моҳиҳои созон ё капул моҳиҳон 1,6 ё 1,8 кило гӯшт мегирем, ки ин ба стандарти байналмиллалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар оянда мо ният дорем, ки ба ин минтақа ин маҳсулотҳоро ворид намоем», - иброз кард С. А. Кобули.

Дар доираи намоишгоҳ ҳамчунин музокирот байни соҳибкорони ватанӣ доир ба хариди маҳсулотҳои эронӣ ва робитаҳои мустақим бо ширкатҳои маҳсулотии истеъмолкунандаго эрони оид ба содирот-ворид баргузор гардид.

Намоишгоҳи мазкур дар Душанбе аз 12-ум то 15-уми ноябри соли 2014 идома кард.

Муаллиф: Фируз АЗИМОВ, Фатҳулло МАҲМАДОВ

аксиНаҷиб ИБРОҲИМОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh