Рушди «Фарҳанг ва ҳунар» дар Душанбе

Lidiya Varbanova

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ибтикори барномаи «Фарҳанг ва санъат» - и Институти «Ҷомеаи кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон маърўзаи доктори илмҳои иқтисодӣ Лидия Варбанова доир гардид.

Дар ин маърӯза дар доираи барномаи дар мавзўи «Фарҳанг ва санъат» - и Институти «Ҷомеаи кушода» (Фонди «Сорос»), саволҳои ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҷустҷўи пешбурди нав, модулҳои соҳибкорӣ ва қадамҳои инноватсионӣ барраси гардида, омӯзонида шуданд, ки дар он донишҷӯёни фаъол, муаллимони донишгоҳҳои олӣ ва кормандони соҳаи гуногун иштирок намуданд.

Ин нишаст барои доираи алоқамандони фарҳанг ва санъат тахассус дода шудааст.

Лидия Варбанова профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки мақсади гузаронидани чунин чорабинӣ пез аз ҳама ин рушд додани соҳаи фарҳанг ва ҳунар аст.

«Идея мо аз он иборат аст, ки имрӯз мо бояд соҳаҳои идораи санъат, менеҷементи стратегӣ, соҳибкории соҳаи санъат, тафаккури иннавотивиро рушд диҳем ва барои Тоҷикистон ҳамаи ин соҳаи навгонӣ мебошад, онро дар оянда дар ин ҷумҳурӣ бояд рушд дод.

Маърӯзае ки мо баргузор намудем дар он бештар донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳо ширкат варзиданд, ки аксарияти онҳо бо фаъолияти фарҳанг ва ҳунар сару кор доранд.

То ин маърӯза мо боз тули 4 рӯз семенар доир намудем, ки дар он зиёда аз 25 нафар донишҷӯён ва кормандоне ки дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд, ширкат варзида саволҳои идораи санъат, стратегия, соҳибкориҳои ичтимои, маблағгузории санъатии маркетинги дар асри 21, онлайн-маркетинг, маркетинги рақами дар соҳаи идораи санъатро ба миён гузоштанд ва байни якдигар мушкилиҳои мавҷуд бударо ҳаллу фасл намуда, ба якдигар фикрҳои навро пешниҳод намуданд», - иброз намуд профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ Л. Варбанова.

Насима Назриева намояндаи Институти «Ҷомеаи кушода» мегӯяд, ки маърӯза диор шуда ба ҷавонон имконият дод, ки то ки онҳо аз самтҳои нави санъат бо хабар шаванд.

«Презентатсия кушоди Лидия Варбанова бахшида ба ҷавонон доир шуд, ки то ки онҳо аз самтҳои нави санъат бо хабар шаванд, чунки ин самт на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои Осиёи Марказӣ навгони аст.

Мисол, арт-менеҷер барои идораи намудан дар соҳаи идораи санъат рушди калон мерасонад, аз ин метавон фаҳми ки чи гуна имкониятҳо ва самтҳо вуҷуд доранд, чи гуна фаҳмишҳо оид ба ин соҳа имрӯз ҳастанд.

Фикр мекунем, ки ин презентатсия ба ҷавонон имконият медод, ки онҳо ин соҳа рушд диҳанд, оид ба ин ягон лоиҳаҳои ичтимои ва инноватсионӣ созанд, ки дар оянда тавонад ин соҳаро рушд диҳад ва инчунин ҷаҳонбинию маълумоти худро дар ин самт баробар бо стандартҳои муосири глобалӣ васеъ намоянд», - иброз намуд Н. Назриева.      

Бояд зикр намуд, ки чунин маърӯза дар Тоҷикистон бо иштироки профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ Лидия Варбанова аввалин маротиба гузаронида шуд, ки махсус аз Канада ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Маълумотнома: Лидия Варбанова профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ мебошад. Дар Монреал (Канада) зиндагӣ намуда, дар донишгоҳи Британияю Колумби кору фаъолият мекунад. Муаллифи китоби байналмиллали оид ба «Соҳибкори дар соҳаи санъат» мебошад.  

Муаллиф: Азамат ҒАФУРОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh