Тоҷикистон – кишвари туризм

Tajikistan-feel-the-friendship

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, барои сайёҳон кишвари ҷавони хубест барои истироҳату сайёҳӣ.

play2

Тоҷикистон муосир - кишвари кӯҳиест, ки дар баландии аз 300 то 7495 аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва 93%-и ҳудуди кишварро қаторкӯҳҳое ташкил медиҳанд, ки ба силсила кӯҳҳои Помир, Ҳисору Олой ва Тян-шан тааллуқ доранд. Баландиҳои мушкилгузари сарзамини Тоҷикистон табиати бе ин ҳам бои кишварро боз ҳам ғанитар ва дилработар мегардонад.

Тоҷикистон – сарзамини қӯллаҳои баланд, яхчашмаҳои бузург, дарёҳои гарму ҷушони бузург, кӯлҳои такрорнашавндаи ҷаҳонӣ, ҳайвонотҳои ғайриоддии камёфт мебошад. Асосан кӯҳҳои ошёнадори ландшафт табиати зебои Тоҷикистонро инъикос мекунад, боигарии шакли он, ба ҷойҳои иқлими гуногунранги ҳаёти мебаранд.

Иқлими ҷумҳури хушк буда, дар як сол зиёда аз 300 рӯзи офтобӣ ва дорои захираҳои обӣ – тақрибан 1000 дарё, 2000 кӯл, 8000 яхчашмаҳо мебошад.

Мероси фарҳангиву таърихӣ – қисми Роҳи Бузурги Абрешим, шаҳри қадимаи «Саразм» ва Боғи миллӣ дар Рӯйхати меросҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд.

Дар кишвар навҳои фаъолияти сайёҳии кӯҳнавардӣ, варзишикӯҳӣ, лижарониикӯҳӣ, этнографӣ, шикор, табобатӣ машҳуртар ҳастанд.

Тоҷикистон яке аз давлатҳои бойтарин аз ҷиҳати захираҳои оби ошомиданӣ буда, бештар аз нисфи захираҳои обии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз кӯҳҳо ва пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаҳо ва манбаъҳои обҳои табобатӣ мавҷуд аст, ки машҳуртарини онҳо «Хоҷа оби гарм», «Шоҳамбарӣ», «Оби гарм», «Зумрад», «Хавотоғ» мебошанд.

Яке аз ҷойҳои дилкаши дигар ин боғи ботаникии шаҳри Хоруғ мебошад, ки дар баландии 2320 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин боғ дар манзараи кӯҳҳои сиёҳ дар чашм ҳамчун як мӯъҷиза менамояд. Дар он зиёда аз 20 ҳазор навъи дарахту растаниҳо ҷамъ оварда шудаанд.

Дар байни сайёҳон ва кӯҳнавардон махсусан кӯҳҳои Фан машҳур мебошанд, ки миёни теппаҳои Зарафшон ва Ҳисор аз Куштударё то Фондарё ҷойгир ҳастанд.

Руслан Шодиев муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj оиди шароитҳои фароҳам овардашудаи ҷумҳуриро барои сайёҳон, ҳамчун кишвари туризм чунин маълумот дод.

«Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 90 адад ширкатҳои сайёҳӣ ҳастанд, ки 50 ададашон бо туризми содиротӣ ва боқимонда бо туризми водиротӣ кор карда истотаанд.

Айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 60 хатсайр сайёҳӣ дар асоси самтҳои афзалиятноки рушди соҳа, ки дар кишвар имрӯз ба қайд гирифта шуда истодааст, ин пеш аз ҳама бо туризми кӯҳию варзишӣ, кӯҳнавардӣ, алпинистӣ, туризми экологӣ, таъриху фарҳангӣ, истироҳатӣ, табобатию муолиҷавӣ ширкатҳои сайёҳӣ  шаҳрвандони хориҷиро қабул карда истодаанд», - иброз намуд Р. Шодиев муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.

Фирдавс Турақулов роҳбари ширкати сайёҳии «Зарафшон» мегӯяд, ки асосан сайёҳони хориҷи ба таъриху табиати Тоҷикистон диққат медиҳанд.

«Мо саёйҳон хизматрасонии таъмин намудан бо ҷои хоб, нақлиёт, хӯрока, экскурсия, хизмати роҳбаладон пешниҳод менамоем.

Ба сайёҳони хориҷие, ки имрӯз ба мо  муроҷиат мекунанд, бештар тамошои табиати Тоҷикистон ва таърихи Тоҷикистон писан даст», - мегӯяд Ф. Турақулов.

Аз тарафи хабарнигорони dastbadast.tj оиди мавзӯи Тоҷикистон – кишвари туризм пурсиш гузаронида шуд, ки дар он сокинони пойтахт иштирок намуда ақидаҳои худро дар бораи манзараҳои сайёҳии Тоҷикистон ва шароитҳои ҷойҳои сайёҳӣ чунин иброз намуданд:

Акмал Манонов дигар сокини пойтахт бошад мегӯяд, ки «туризм дар Тоҷикистон на он қадар дар сатҳи баланд қарор дорад, барои он ки мо инфраструктураи туризм надорем дар маҳаллаҳо, яъне дар он ҷойҳо як меҳмонхонаҳои хуби «люкс» ё 5 ситорадор ки ба туристони Аврупо бисёр ҳам диққатҷалбкунанда аст, ин гуна меҳмонхонаҳоро мо надорем (аз таҳририя: дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ғайр аз пойтахти кишвар).

Роҳҳои нақлиётгард ва пиёдагард ғайр аз роҳҳои маркази, дар дигар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ он қадар хуб нест.

Барои ривоҷу равнақ додани туризм, бояд инфаструктураи мустаҳкам, маблағи калон лозим аст, аз он ҷумла аз сармоягузорони хориҷӣ.

Ман ба сайёҳон тавсия медиҳам, ки онҳо аз Сари Хосор, Қалъаи Ҳисор, Чилдухтарон, Саразм, Гармчашма, манзараҳои зебои ноҳияи Айнию Бадахшон дидан намоянд».

Жан Муннаваров боз як сокини дигар пойтахт иброз менамояд, ки «туризм дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор дорад. Тоҷикистон аз ҷойҳои хеле зебо иборат аст.

Агар мар дар ширкати туристӣ кор мекардам ба сайёҳони хориҷӣ Бадахшон (ВМКБ)-ро тавсия менамудам, чунки манзараҳои хеле зебою ҳавои тоза дорад». 

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон рақобатҳои комплексҳои сайёҳӣ ва зиёда аз 75 корхонаҳои сайёҳӣ фаъолият доранд. Бо мақсади баланд бардоштани соҳаи туризм дар Тоҷикистон Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба осон намудани тарзи гирифтани раводид, қарор қабул намудан ки имрӯзҳо дар муддати 3 рӯз ҳуҷҷатҳо дар радифи барраси қарор мегиранд. 

Минтақаҳои Варзоб, Балҷувон ва Ромит минтақаҳои табии ва шифобахшу истироҳати ва сайёҳӣ мебошанд, ки оҳиста-оҳиста соҳаи туризми байналмилалиро дар кишвар рушд менамояд.

Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 65% лоиҳаҳои сайёҳию истироҳатӣ барқарор шудаанд. Айни замон дар ҷумҳурӣ қариб 35 минтақаҳои истироҳатии хусуси вуҷуд дорад.

Маълумот оид ба боигарии Тоҷикистон аз ВКХ ҶТ истифода бурда шудааст.

Муаллиф: Мирзо НИГМАНОВ, Ризвон АРКОНЗОДА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh