Телефони мобилӣ дӯст ва ё душман

phone

Аввалин телефонҳои мобилӣ ҳанӯз 20 сол пеш дар давлати Шветсия пайдо шуда буданд ва баъди чанд вақте тавонистанд тамоми ҷаҳонро забт намоянд. Сол ба сол шумораи дорандагони чунин телефонҳо зиёд мешаванд ва аксарияти шаҳрвандон бе алоқаи мобилӣ ҳаёти худро тасаввур карда наметавонанд.

Имрӯз бошад дар бораи таъсири телефон ба саломатии инсон касе фикр намекунад. Гарчанде ки тибқи ҳисоботи омории операторҳои алоқаи бесим (мобилӣ):

- тақрибан 70 дар сади истифодабарандагон бо телефон зиёда аз 30 дақиқа дар як рӯз гуфтугӯ мекунанд;

- 30 дар сади одамон 2-тоӣ телефонии ҳамроҳ (мобилӣ) доранд ва мунтазам аз онҳо истифода мебаранд;

- 40 дар сади шаҳрвандони мо шабона ҳангоми хоб телефонҳояшонро дар масофаи камтар аз 0,7 метр, назди сарашон мегузоранд. Ҳол он ки ҳамин телефони хомӯш низ доимо бо истгоҳи базавӣ дар алоқа мебошад;

- фақат 20 дар сади истифодабарандагон медонанд, ки телефони мобилӣ ба инсон аз ҳад зиёд зараровар мебошад.

Феълан собит шуда, ки телефони мобилӣ зарар дорад ва он аз ҳама зиёд ба афканишоти электромагнитӣ, ки гӯшӣ (трубка) дар атрофи худ ҷамъ мекунад, алоқаманд аст.

Чунин майдонро ҳар як асбоби барқӣ, ба вуҷуд меорад, вале телефони мобилӣ бевосита бо мағзи сари мо сарукор дорад ва чандин карат таъсири зарари майдони электромагнитиро ба мағзи сар зиёд менамояд.

Тибқи андешаи олимон афканишоти электромагнитӣ пеш аз ҳама барои он ба инсон аз ҳад зиёд хатарнок аст, ки он муддати зиёд аз худ ягон аломате нишон надода, дар паёмад ба организм самараи гӯшношунид ба бор меорад.

Бар асари истифодаи тӯлонии телефони мобилӣ имконияти ба вуҷуд омадани касалиҳои саратонӣ мебошад. Онро олимон дар натиҷаи таҷрибаҳои бешумори бо ҳайвонот ва одамон гузаронидаашон пешниҳод намудаанд.

Уилям Стюарт олими шотландӣ, дар кирмҳои боронӣ таҷриба гузаронд ва таҷриба нишон дод, ки нурафканиҳои телефони мобилӣ сохтори сафедаи кирмҳоро иваз намуд.

«Бофтаҳои зинда чун пораи гӯшт дар печи хурдмавҷ бирён мешаванд», - тасдиқ мекунад Стюарт.

Чунин таҷрибаҳо дар Россия низ гузаронда шуданд. Қурбоққаҳои одиро дар майдони электромагнитии басомадаш баланд муддати 10-15 дақиқа санҷиданд. Ҳангоми шуоъзании ҳатто хеле паст дили ҳар як қурбоққаи дуюм аз кор монд.

Чӣ қадаре, ки радиатсияи мобилӣ сахттар бошад, ҳамон қадар зарари расида зиёдтар буд. Хулосаҳои олимон хеле рӯҳафтодакунанда буданд:

«Аз эҳтимол дур нест, ки ба мағзи сари одам низ телефонҳои мобилӣ айнан чунин таъсири манфӣ мерасонанд, чунки сохтори он ба мағзи сари калламуш монанд аст».

Зарари он ба организми инсон

Телефони мобилӣ на танҳо ба сар, балки ба тамоми узвҳои бадан таъсир мерасонад. Ҳангоми танаффуси байни гуфтугӯҳо бисёре аз мо онро дар ҷайб, баъзан дар наздамон гузошта мехобем.

Яъне сарчашмаи зиёди афканишоти электромагнитиро бевосита дар назди худ нигоҳ дошта, организмамонро ба сарбории гароне гирифтор мекунем, ки он боиси сустшавии на фақат системаи марказии асаб, балки пастшавии муқовиматпазирии организм ба ангезандаҳои берунӣ, бактерия ва вирусҳои касалиовар мегардад.

Ба кӯдакон истифобурдани телефони мобилӣ манъ аст

Телефони мобилӣ ба организми обутобнаёфтаи кӯдак нисбат ба одами калонсол зарарӣ бештар мебинад. Азбаски телефонҳои муосир аз ҳад зиёд ба компютер шабоҳат доранд, аниси кӯдакон гаштаанд.

Соли 2005 дар шаҳраки Шерман - Оакси иёлати Калифорния писарбачаи 10-сола ҳангоми дар ҷайбаш таркидани телефони мобилӣ қариб сӯхта нобуд мегашт.

Барои ҳамин тавсия мешавад, ки истифодаи телефони мобилӣ барои кӯдакони то 16-сола маҳдуд карда шавад.

Мо дар майдони электромагнити қарор дорем

Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 5 миллион истифодабарандаи телефонҳои мобилист ва беш аз 6 миллион одам дар мавзеъҳои бо алоқаи мобилӣ фаро гирифта зиндагӣ мекунад.

Гуфтан мумкин нест, ки майдони электромагнитии телефони мобилӣ аз паҳлӯи одам мегузарад. Ҳангоми гуфтугӯ бо телефони мобилӣ майдони электромагнитӣ ба бадани одам мегузарад ва пеш аз ҳама ба воситаи бофтаҳои сар - пӯсти бадан, гӯш, қисми мағзи сар, аз ҷумла таҳлилкунандаи биниш, ҷаббида мешавад.

Тадбирҳои эҳтиётии эминӣ

Чи гуна мо худро метавонем аз зарари телефони мобилӣ эмин нигоҳ дорем:

- ҳангоми харид бояд ба мавҷудияти сертификати мутобиқати ин ё он навъи телефони мобилӣ ва ба бузургии сатҳи тавоноии афканишоти электромагнитӣ (SAR) диққат диҳем;

- бе пеш омадани зарурат аз телефони мобилӣ истифода набарем;

- дар хона ва ё корхона аз телефони одии симдор истифода намоем;

- бештар аз SMS истифода барем;

- истифодаи телефонҳои мобилӣ барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола бояд маҳдуд карда шавад;

- занҳои ҳомила аз давраи муқаррар гаштани аломати ҳамл аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд;

- ҳар чӣ камтар бо телефон гуфтугӯ намоем, гӯшакҳои бесимро истифода намоем, аз рӯи имконият аз алоқаи овоздор истифода барем;

- ҳангоми гуфтугӯ асбобро бо се ангушт ва ҳатман аз қисми поёнияш доштан зарур аст. Агар телефонро бо мушт дорем, тавоноии асбоб тақрибан 70 дар сад меафзояд ва шуоъафкании он низ зиёд мешавад;

- кӯшиш намоем телефонро камтар дар ҷайбамон гузорем, беҳтараш онро дар сумка нигоҳ дорем;

- дар хона онро дар масофаи зиёда аз 70 см аз худ дур гузорем, хусусан ҳангоми хоб ин хеле муҳим аст;

- дар дохили автомашина, нақб ва гаражи филузӣ бо телефони мобилӣ гуфтугӯ ҷоиз нест;

Маълумот аз тадқиқоти нейрохирурги шведӣ, профессор Лэйф Сэлфорд истифода бурда шудааст.

dastbadast.tj

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh