Кормандони БДА-ро таҷҳизотҳои электронӣ назорат карда истодааст

014

Имрӯз фаъолияти кормандони Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) шаҳри Душанбе таҷҳизотҳои махусуси электронии «назорати электронӣ» назорат карда истодааст.

play2

Айни ҳол 50 адад таҷҳизотҳои электронии назоратӣ дар либосҳои кормандони БДА-и пойтахт насб карда шудааст, ки фаъолияти онҳоро пурра назорат карда, сапт менамояд. 

Таҷҳизоти мазкур аз камера ва микрофон иборат буда, тули 10 соат раванди кори корманди БДА-ро рӯи навор оварда, саптро дар вақти ҳақиқи, яъне онлайн ба автомобили хизматии корманди БДА интиқол медиҳад. 

Камера ва микрофон дар болои пагони кормандон насб карда шудааст, ки пурра раванди кору фаъолият, сӯҳбат бо ронандаю сокинонро васеъ рӯи навор меорад ва инчунин садоро, яъне сӯҳбати корманди БДА-ю ронандаро пурра сапт мекунад. 

Маҳмадсаид Саидзода сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, генерал-майор ҳангоми сӯҳбат бо хабарингори dastbadast.tj мақсад аз ба роҳ мондани чунин таҷҳизот назоратиро дар пешгирии ҳуқуқвайрокуни байни корманди БДА ва иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо арзёбӣ карда, чунин илова намуд.

«Раванди кор ин таҷҳизот ба кори камераҳои мушоҳидавие, ки имрӯз дар пойтахт насб карда шудаанд, шабоҳат дорад ва имконияти ба акс гирифтанро низ доро мебошад.

Ин гуна таҷҳизотҳо ба ҷомеа манфиати хуб дорад, мисол назари ҳамон кадом тарафе, ки бошад бо пурраги сабт карда  мешавад.

Муоширати байни корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ бо иштирокчии ҳаракат дар роҳ аст, масалан автомобилро корманди БДА боз дошт, назди ронанда рафт оё худро муаррифӣ мекунад ё не, ҳамаи ҳамин ҳолатҳо сабт мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаст ҷойҳое, ки ҳамин камераҳо (аз таҳририя: камераҳои мушоҳидавӣ) нестанд, инро ронандагон медонанд ва наклиёти худро дар ягон ба тавоққуф мегузоранд ва қоидавайронкуни намекунанд, яъне ин рафтори тарбиявӣ низ дорад.

Ин гуна омилҳо аз корманди БДА кӯшишу ғайрат ва муоширати хубро тақозо мекунад, дар вақти кор, ки у ба ягон иштибоҳ роҳ надиҳад.

Худи ҳамин иштирокчиёни ҳаракати роҳ  вақте ки донанд, ки ҳамаи амалиётҳо бо корманди БДА рӯи навор омада, сӯҳбати онҳо сапт мегардад, муносибатҳои дағалӣ ҳам аз байн меравад», - иброз намуд генрал-майор М. Саидзода.

Мусо Асозода коршиноси соҳаи сиёсӣ мегӯяд, ки таҷҳизоти электронии назоратӣ ба корманди БДА ва ронанда имконият медиҳанд, ки рафтору муомилаи худро дар доираи қонун ҳис намоянд.

«Таҷҳизоти рақамии электронии назоратӣ албатта дар Тоҷикистон аввалин маротиба истифода бурда мешавад, лекин таҷриба ҳаст, ки ин гуна таҷҳизотҳоро давлатҳои Аврупо, ҳамчунин Россия васеъ истифода мебаранд.

Ин таҷриба ба фоидаи ҷомеа ва ҳам ба фоидаи кормандони БДА-и ҷумҳурӣ аст, барои он ки муносибат байни ронанда ва корманди БДА ба танзим даромада, кирдорҳои ғайри қонуни аз байн рафта, ҳар ду тараф худро дар доираи қонун ҳис мекунанд ва аз рӯи қонун корманди БДА фаъолият кунад», - мегӯяд коршиноси соҳаи сиёси М. Асозода.

Хушред Сафаров ронандаи автомобили сабукрав ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки ин гуна таҷҳизот метавонад роҳи коррупсияро аз байн гирад.

«Таҷҳизоти электронии назоратӣ ба ронандагон бениҳояд манфиати хуб мерасонад, барои он ки пеш аз ин корманди БДА ронандаро боз медорад ва пеш аз оне ки худро муаррифӣ кунад, ҳуҷҷатҳоро талаб намуда, бо ронанда дағалона рафтор мекунад.

Инчунин чи миқдоре ки хоҳанд маблағ талаб мекунанд, протоколҳои ғайри далели менависанд. Айни ҳол бошад, ин таҷҳизот метавонад роҳи ин гуна корҳоро гирад ва муносибати кормандони БДА нисбати ронандагон хубтар намуда, инсонбарин рафтор намоянд», - иброз мекунад ронандаи автомобили сабукрав Х. Сафаров.

Нозим Меликов ронандаи дигари автомобили сабукрав мегӯяд, ки имрӯз саҳми кормандони БДА баҳри бехатарии иштирокчии ҳаракат дар роҳ хеле зиёд аст.

«Дар ҳақиқат он нозироне, ки  дар роҳҳо ба  тартиби роҳ масалан, яъне нақлиётҳоро назорат мекунанд, онҳоро ҳам фаҳмидан мумкин аст, чунки агар онҳо набошанд, ҳуқуқу қоидавайронкуниҳо хеле зиёд мешавад, садамаҳо тез-тез ба вуҷуд меоянд, фалокатҳо, қурбониҳо, фоҷеаҳо рух медиҳанд, бинобар ин саҳми нозирони роҳ – коркунони бехатари БДА саҳми онҳо ҳам дар пешрафти соҳаи нақлиёт хеле калон аст», - мегӯяд ронандаи Н. Меликов.      

Бояд қайд намуд, ки таҷҳизоти назорати рақамии электронӣ барои кормандони БДА бо дастгирии Вазорати ҷамъиятии Ҷумҳурии халқии Хитой ба кормандони БДА-и Тоҷикистон ройгон дастрас карда шудаанд.

Айни ҳол фаъолият ин гуна таҷҳизотҳо танҳо дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст ва баъд аз натиҷаи хуб додани ин гуна таҷҳизот, таҷҳизотҳои назорат электронӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон харидорӣ шуда, ба тамоми кормандони БДА-и ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.

Муаллиф: Манижа ДАВЛАТОВА, Фатҳулло МАҲМАДОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh