Муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе пурра ба зимистон тайёранд

Maktabi-15

Имрӯз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 пурра омода ҳастанд.

play2

Ба гуфти масъулон, аллакай дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт харидории маводҳои сухт ба анҷом расида, асбобҳои гармидиҳии барқии иловаги ва ҳамчунин асбобҳои гармидиҳи бо маводҳои сӯзишворӣ фаъолият мекарда, ангиштсанг барои ҳолатҳои ғайричашмдошт, яъне ҳангоми қатъ гардидани интиқоли қувваи барқ дар мавсими сармо, захира карда шудаасст.

Аз 15-уми ноябр баъзе аз муассисаҳои таълимии пойтахт ки ба Шабакаи гармидиҳии умуми пайваст ҳастанд бо оби гарм таъмин ҳастанд.

Тибқи иттилои Раёсати маорифи шаҳри Душанбе тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт новобаста аз шакли фаъолият, аз тарафи Раёсат маорифи пойтахт оид ба омадагии муассисаҳои таълими ба зимистон гузаронии солҳои 2014-2015 санҷиш гузаронида шуд, ки маълум гардид, ки муассисаҳои таълимии пойтахт пурра ба зимистон омадаанд. 

Дар ҳамин ҳол, Соибназар Сафаров муовини сардори Раёсати маориф иброз намуд, ки то имрӯз зиёда аз 917 тонна ангиштсанг ва 10 тонна сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.

«Тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе барои зимистон гузаронии солҳои 2014-2015 ангишт, сӯзишворӣ, хезум, гармкунакҳои барқӣ захира карда шудааст.

Аз ҷумла тибқи нақша 917,5 тонна ангиштсанг, 485 метри куби хезум, зиёда аз 10 тонна сӯзишвории дизелӣ, 4 ҳазор батареяҳои равғанин (аз таҳририя: асбобҳои гармидиҳии барқӣ) харидори шуда, дар муассисаҳои томактаби ва миёнаи умуми захира карда шудааст.

Аайни замон ягон мушкилоти ҷиддӣ нест ва тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт ба зимистон гузарони омода ҳастанд», - иброз намуд С. Сафаров.

Аз тарафи хабарнигорони dastbadast.tj оиди тайёрии мактабу кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе ба фасли сармо таҳлил гузаронида шуд, натиҷа таҳлил нишон дод, ки муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт ба фасли сармо омада буда, миқдорҳои зарурии ангиштсанг, хезум ва маводи сӯзишвориро захира намуда, генаратоту асбобҳои гармидиҳии барқии иловаги харидорӣ шудааст ва камбудиҳои ҷиддӣ бартараф карда шуданд: 

Кӯдакистони №7

«Кӯдакистон ба Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст аст, ғайр аз ин асбобҳои гармидиҳии барқӣ, генератор, печкаҳои бухорӣ вуҷуд дорад.

Боз кадом гурӯҳҳое, ки тирезаҳои ду қабата надошт, мо тирезаҳои ду қабата кардем ва боз барои рӯзҳои зимистон ки мабодо агар барқро хомуш кунанд, хезумҳо дорем ки барои кӯдакон дар берун хӯрок тайёр кунем».

Кӯдакистони №8

«Мо ҳам барои фасли зимистон омодасози худро давом дода истодааст. Кӯдакистон синфхонаи гармидиҳи дорад, алоҳида бо шабакаи гармидиҳи барои хизматрасонӣ шартнома дорад.

Кӯдакистони мо хезум ва ангишт захира карда наметавонад, барои он ки миқдори лозимаро Вазорат ба мо дар вақти лозима дастрас мекунад».

Кӯдакистони №119

«Тайёрии мо ба зимистони 2014-2015 нағз ҳаст. Мудири хоҷаги дар анборхона 4 куб хезум, 4 тонна ангишт, 12 адад печкаҳои оташӣ, 1 адад генератори калон ва инчунин қуму намак захира шудааст».

Мактаби миёнаи №54

«Айни замон мактаб тайёрии хуб дида истодааст, то ки зимистонро нағз гузаронад. Ҳаракат дорем ки шишаҳои мактаб ду кабата шаванд.

Хезум захира кардем ва ду то ангишт дорем, барои дар ҳолати зарурӣ, ки мабодо барқ хомуш шавад ва боз ваъда доданд, ки ҳамин сол моро бо оби гарм таъмин мекунанд».

Мактаби миёнаи №70

«Дар ҳар як синфхона шишабанди пурра карда шудааст, синфхонаҳо омода карда шудааст, печкаҳои барқӣ ғайр аз ин печкаҳои умуми ангишти, қум, намак барои яхбанди захира карда шудааст.

Мактаб ба Системаи умумии гармидиҳи пайваст шудааст, ки айни ҳол бо оби гарм таъмин аст».

Мактаби миёнаи №77

«Дар фасли зимистон он нақша чорабиниҳое, ки пешаки ба мо дода мешавад, мо пурра тайёр ҳастем масалан 1-ум шишабандии дуқабатта дар ҳамаи толорҳо яъне роҳравҳо синфхонаҳо шишаҳо дуқабатта шудааст.

Захираи хезум, захираи ангишт, захираи маводи сӯзишвори дорем ва инчунин захираи қум, намак ва белҳои чубин, ки барои ҷамъовари намудани барф, яъне намак барои истифодабарии яхбандии роҳҳо кум инчунин.

Ҳангоми қатъ гардинаи интиқоли барқ генератор ҳам дорем, ки аз он метавонем истифода намоем».

Бояд қайд намуд, ки барои зимистонгузаронии солҳои 2014-2015  на танҳо муассисаҳои таълимии пойтахт пурра омаданд, балки муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ низ, иттилоъ медиҳад Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Муаллиф: Парвинаи РУСТАМ, Ҳоҷимуҳаммад ШАРИПОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh