20-соли фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон

148

Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор аст, ки ҳудуди 93%-и он инро исбот мекунад ва танҳо 7%-ро ҳамворӣ ташкил медиҳад. Вобаста ба он, ки мавқеи ҷойгиршавии ҷумҳурӣ асосан минтақаи кӯҳсорро фаро гирифтааст, релефи он ба рӯйдоди равандҳои хатарнок ва таъсири манфии онҳо ба шароитҳои ҳаётию иқтисодии аҳолӣ ва умуман ҷумҳурӣ зиёд мушоҳида мегардад. 

Дар ҳудуди ҷумҳурӣ вобаста аз мавқеи ҷуғрофию ҳудудии он рӯйдоди аксари ҳодисаҳои хатарноки табиӣ, аз он ҷумла, заминларза, сел, тарма, ярч, обхезӣ, хушксолӣ, хунукии сахт, боришоти аз меъёр зиёди борон ва барф, жола, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва ғайраҳо ба қайд гирифта шудаанд.  

Қариб ҳамаи хатарҳои ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик таҳдидкунанда, бо иқлим ва шароити обу ҳаво алоқаманд мебошанд. Боришот боиси тармаҳо, селҳо, обхезиҳо, бӯронҳои шадиди зимистонӣ ва аксаран омили асосии ба вуқӯъ пайвастани ярчҳо мегардад.

Аз ин рӯ дар заминаи боэътимоди, муттаҳиду мустаҳкамӣ, барои пешгирӣ, кам намудани оқибати офатҳо, огоҳкунӣ ва ҳушдории самаранок ба офатҳои эҳтимолии табиӣ ва эътинои саривақтӣ ба онҳо Ҳукумати Тоҷикистон зарур донист, ки 17 августи соли 1994 дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва корҳои мудофиаи граждании Тоҷикистонро ҳамчун мақомоти ҳамоҳангсоз таъсис диҳад.

Orif Nozimov

Ориф Нозимов

Имсол ин Кумитаи ҳайётан муҳим, 20-солагии таъсиси худро ҷашн гирифта истодааст ва хабарнигорони dastbadast.tj оид ба 20-соли фаъолияти пурсамари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон (КҲФ ва МГ нҲТ) бо сардори Маркази матбуоти ин Кумита Ориф Нозимов сӯҳбат намуданд. 

 - Чи гуна Кумита таъсис ёфт, дар вақти солҳои ноороми ҷумҳурии соҳибистиқлол? 

 - Дар баробари таъсиси дигар сохторҳо (аз таҳр: баъд аз пошхурдани давраи Шӯравӣ) Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва корҳои мудофиаи гражданӣ (аз таҳр: айни ҳол КҲФ ва МГ нҲТ), ҳанӯз солҳои аввали таъсисёбӣ новобаста ба он, ки дар кишвар вазъи ҳарбӣ - сиёсӣ ноором буд, бо кӯшишу талошҳои роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи КҲФ ва МГ нҲТ бо мутахассисони касбӣ шурӯъ гардид. 

Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ, новобаста ба монеаву мушкилоти ҷойдошта, Кумитаи мазкур ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гашт ва 2-юми июли соли 1999 Кумита ба Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон табдили ном кард.

30-юми ноябри соли 2006 –ум бо фармони Президенти Тоҷикистон Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон (КҲФ ва МГ нҲТ) табдил ёфт.

  - Дар тули 20-сол ба кадом муваффақатияту дастовардҳо Кумита ноил шуд ва кадом корҳо ба анҷом расонида шудаанд? 

kumita2

 

 - Дар тули фаъолият дар Кумита комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ҳамчун ҳамоҳангсози идоракунии қувваю воситаҳо, захираҳои молиявию манбаҳои моддӣ, системаи алоқаю хабардоркунӣ ва таъмини иттилоотӣ дар ҳамагуна ҳолатҳои фавқулода таъсис дода шуд, ки имрӯз он дар ҳайёти ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад.

 

Таҷрибаи фаъолияти самараноки комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар давоми ин солҳо аз он ҷумла дар муддати кӯтоҳтарин имконияти кӯчониданани қариб 800 нафар зарардидагон аз сели фоҷиовари деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъа, ҳамчун бо тамоми шароитҳо таъмин намудани даҳҳо оилаҳои бар асари офатҳои табии бесарпаноҳи шаҳри Кӯлоб, ки бевосита сарвари ҷумҳурӣ дар рӯзи ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ иштирок доштанд. 

Инчунин, заминларзаи ноҳияи Рашт, омадани сел ба мавзеи саричашмаи ноҳияи Ашт, омадани сел дар ноҳияи Шӯрообод ва мисоли онҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки сохтори мазкур дар маҷмӯи масъалаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаро бобарор иҷро намуда, як қисмати муҳими Системаи амнияти миллии мамлакат ҳисоб меёбад. 

Ҳамчунин бо мақсади ба танзим даровардани механизми мавҷудаи ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту идораҳо, вобаста ба паст кардани хавфи офатҳо дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 Платформаи миллӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Вобаста ба омӯзиш ва омода намудани ҳама табақаҳои аҳолӣ  ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» ва Қарори Ҳукумати Тоҷикистон №490 «Қоидаҳои омодасозии аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ» амал менамоянд, ки ин санадҳо ҳаматарафа ҳуқуқ ва вазифаҳои вазорату кумитаҳо, корхонаю ташкилотҳо, шахсони мансабдор  ва шаҳрвандонро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян менамоянд.

uchenie2

Ихтиёрон аз мактабҳои миёна

Толибилмон, ки худ як узви ниҳоят осебпазири ҷамъиятанд ва шукуфоии ояндаи ҳар як миллату давлат ба шумор мераванд, хеле дуруст ва саҳеҳ аст агар онҳоро дар ин айём ба омӯзиш ва таълими  муҳофизат аз ҳолатҳои фавқулода, омода намоем ва барои онҳо дастурҳо ва барномаҳое, ки аз тарафи КҲФ ва МГ нҲТ омода карда шуда, ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани малака ва маҳорати ҳайати роҳбарикунанда, банақшагирӣ, чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ, тайёрӣ ва омӯзиши нерӯҳои ғайриҳарбӣ, коргарон, хизматчиён, хонандагон, донишҷӯён ва аҳолии  дар истеҳсолот ва соҳаи хизматрасонӣ машғулнабуда равона  карда шудаанд.

Барои тавтиши сатҳи омоданокии ҳайати роҳбарӣ, фармондеҳӣ, сардорон, омӯзгорон, кормандон ва хонандагони мактаб ба эътино ва пешгирӣ ба офатҳои табиӣ ва ташкилу гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ дар муассисаҳои таълими чорабиниҳои махсус аз тарафи КҲФ ва МГ нҲТ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Дар самти мониторинг ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ пеш аз ҳама мушоҳидасозӣ аҳмияти махсус дорад ва ҷиҳати огоҳии пешаки аз офатҳои табии ва вазъи ҳаво КҲФ ва МГ нҲТ бо Маркази обуҳавошиносӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон табодули электронии иттилоотӣ дорад.

Дар асоси огоҳӣ оид ба номусоидгардии вазъи обу ҳаво ва эҳтимолияти рӯйдоди ҳолатҳои фавқулодаи ба вазъи иқлимӣ вобастабуда, аз тарафи Кумита ҷиҳати огоҳонии саривақтии мақомоти маҳаллӣ барқияҳои огоҳӣ омода карда шуда, ба ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятӣ ва минтақавӣ дастрас карда мешавад ва бо ҳамин роҳ, огоҳонии саривақтии аҳолӣ ва хадамотҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.

Таҳлили рӯйдоди ҳолатҳои фавқулода дар миқёси ҷумҳурӣ ба таҳияи харитаҳои равандҳои таҳдидкунандаи табиӣ замина гузошт ва КҲФ ва МГ нҲТ зарур донист, ки ҷузъу томҳои кофтукови наҷотдиҳӣ ва садамави, барқароркунии асосҳои соҳаи ҳолатҳои фавқулодаи Маркази наҷотдиҳиро такмилдиҳад ва Раёсати тайёр намудани наҷотдиҳандагони КҲФ ва МГ нҲТ-ро дар доираи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, нерӯҳои садамавӣ, наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» қабул намояд.                                                                                                                                                                                                             Гурӯҳҳои зудамали наҷоддиҳӣ 

ucheniy3

uchenie

Барномаи тайёр намудани наҷотдиҳандагон дар қушунҳои мудофиаи гражданӣ.Барномаи тайёрии касбии наҷотдиҳандагон.Ҷиҳати такмил дар назди Раёсати тайёр намудани наҷотдиҳандагони КҲФ ва МГ нҲТ, айни замон чунин барномаҳо мавриди амал қарор доранд:  

  • Барномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оид ба тайёрӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва расонидани ёрии аввалин ба зарардидагон.
  • Барномаи таҳсилоти иловагии касбӣ дар Раёсати тайёр намудани наҷотдиҳандагони Кумита аз рӯи ихтисоси «Наҷотдиҳанда - Ғаввос».
  • Барномаи маълумоти иловагии касби дар Раёсати тайёр намудани наҷотдиҳандагон оид ба ихтисоси «Кӯҳнаварди саноатӣ».  

Солҳои 2009 ва 2010 барои тайёр намудани ғаввосон 3 курси омода намудани наҷотдиҳанда - ғаввос, гузаронида шуда 29 наҷотдиҳанда -ғаввос бо иҷозати даромадан ба чуқурии 12м  ва соли 2013 дар обанбори Норак 14 ғаввос барои сохторҳои наҷотдиҳӣ тайёр карда шуданд, ки минбаъд дар сохторҳо бомуваффақият фаъолият менамоянд.


Наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳӣ, тайи солҳои фаъолият дар амалиётҳои кофтуковӣ–наҷотдиҳӣ шаҳрвандонро аз муҳосираи тармаву дигар ҳолатҳо наҷот дода, ҳамзамон чандин ҷасадро аз кулу зери тарма ва дигар ҳолатҳо бароварда ба сохторҳои дахлдор супоридаанд.

 

Агар солҳои аввали таъсисёбӣ ҳайати шахсии Маркази наҷотдиҳии Кумита ба монеаву мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегаштанд, имрӯзҳо тамоми қувваю воситаҳои зарурии соҳа дар ин марказ муҳаё гаштааст, ки барои сифатан хуб иҷро намудани вазифаҳои хизматии ҳайати шахсӣ мусоидат менамояд.

 

Инчунин барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии Кумита дидбонгоҳҳои мавсимӣ ташкилу бароҳ монда мешавад, ки барои саривақти пешгирии дар ин шоҳроҳ ва бартарафкунии онҳо мусоидат менамояд. 

tehnika


Дар доираи Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2009-2014, танҳо давоми 3-соли охир 37 адад техникаҳо аз ҷумла 2-автамашинаи махсуси калонҳаҷм бо таҷҳизотҳо ва лавозимоти садамавию наҷотдиҳии техногению ғаввосӣ, ки барои манотиқи кӯҳӣ махсусгардонида шуданд ва 8-адад автамашинаҳом махсуси наҷотдиҳӣ бо таҷҳизоту лавозимотҳои махсуси ковтуковӣ - наҷотдиҳӣ таҷҳизонида харидорӣ карда шуда, мавриди истифодаи мақсаднок қарор дорад.

 

  - Дар тули 20-соли фаъолият Кумита ба кадом  мушкилиҳо дучор шуда буд?

 

 - Тули фаъолият Кумита он қадар ба мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид, мушкилиҳо танҳо дар солҳои аввали таъсисёбӣ ҳайати шахсии Маркази наҷотдиҳии Кумита ба монеаву мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегаштанд, вале имрӯзҳо бошад тамоми қувваю воситаҳои зарурии соҳа дар ин марказ муҳаё гаштааст, ки барои сифатан хуб иҷро намудани вазифаҳои хизматии ҳайати шахсӣ мусоидат менамояд. 

Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ, новобаста ба монеаву мушкилоти ҷойдошта, Кумитаи мазкур ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гашт.

  - Тули фаъолият чанд ҳолатҳои фавқулода дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст?

 - Тибқи таҳлили маълумотҳо оид ба рӯйдоди ҳолатҳои фавқулода дар давраи солҳои 1997-2013 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3 ҳазору 169 ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба амал омадаанд, ки бар асари онҳо 1003  нафар ҷони худро аз даст дода, хисороти иқтисодии аз онҳо расида ба 1 млрд.-у 845 млн.-у 182 ҳазор сомонӣ баробар мебошад, ки ба қимати миёна ё худ дар муддати 17-сол тақрибан дар 1-сол ба маблағи 108 млн.-у 540 ҳазор сомонӣ баробар мебошад.

Таҳлилҳои гузаронидашудаи давраи солҳои 1997-2013, ки давраи 17 солро дар бар мегирад, ба қимати миёна дар 1-сол 187 офати табиӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ рӯй медиҳанд ва бар асари онҳо 59 нафар дар 1-сол ба ҳалокат мерасанд.      

Дар баробари ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта, инчунин ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ низ ба амал меоянд, ки ба аҳолӣ, муҳити атроф ва ҳудуди ҷумҳурӣ таъсири худро мерасонанд.

 

Агар ҳолатҳои фавқулодаи ҷанбаи табиӣ дошта новобаста аз хоҳиш ва таъсири инсон ба амал оянд, ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ дар натиҷаи муомилаи нодуруст ва беаҳамиятии инсон бо дастгоҳу таҷҳизот ва техникаву нақлиёт ба амал меоянд.

 

Таҳлилҳои 5-солаи охир нишон дод, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ, ки боиси изтироб аст, 13 ҳазору 797 ҳодисаҳо ба амал омада, зиёда аз 608 млн.-у 484 ҳазор сомонӣ хисорот оварда, 2 ҳазору 390 нафар ҷони худро аз даст дода, 8 ҳазору 564 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

 

Бо қимати миёна, дар давоми 1-сол 2 ҳазору 759 ҳолат ба амал омада, ҷони 576 нафарро рабуда, 1 ҳазору 713 нафарро маҷрӯҳ месозанд.

 

Бояд қайд намуд, ки аксарияти ин ҳодисаҳоро садамаҳои автомобилӣ ва сӯхторҳо ташкил медиҳанд. Дар давоми соли 2013 дар ҳудуди ҷумҳури 1 ҳазору 466 садамаҳои роҳу нақлиёт ба амал омадаанд, ки боиси фавти 472 нафар ва ҷароҳатбардории 1 ҳазору 605 нафар гардидаанд.

 Ҳолатҳо табиӣ дар қаламрави Тоҷикистон 

sadamai tabii14

sadamai tabii13

sadamai tabii2

ucheniy2

Инчунин 1003 сӯхтор дар давоми соли 2013 боиси хисороти иқтисодии зиёда аз 14 млн.-у 836 ҳазор сомони,  фавти 30 нафар ва ҷароҳатбардории 30 нафар шаҳрвандон гаштаанд.  

 

Дар соҳаи саноат низ садамаҳои гуногун ба амал меоянд, ки боиси нохушиҳои зиёд мегарданд. Дар солҳои охир ҳарчанд корхонаҳои саноатӣ ба технологияҳои замонавӣ ва бехатар гузашта истода бошанд ҳам,  садамаҳои гуногуни саноатӣ бо партобҳои моддаҳои заҳролудкунанда ва манбаъҳои радиоактив ба вуҷуд омада истодаанд.

 - Сол то сол завқи занон ба ин гуна кор бештар шудааст ё ин ки не (дар доираи Барномаи давлатии «Мақоми зан ҷомеа»)?

zan

 - Қобили зикр аст, ки вобаста ба дастгирии занон дар Кумита бояд қайд намоям, ки сол то сол нақш ва мартабаи занон дар ин сохтор зиёд гардида истодааст ва имрӯз дар вазифаҳои гуногун дар Кумита фаъолият доранд.


Вазифаҳои онҳо баланд низ мебошад, ки масъулияти бештарро тақозо дорад. Барои мисол, майор Маҳбуба Саидова сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат мебошад.

 

  - Имрӯз Кумита бо кадом  кормандон фахр мекунад, барои кадом кирдор?  


- Дар арафаи таҷлили 20-солагии Кумита кормандони фахрии Кумита бо медали ҷашнии 20-солагии Кумита сарфароз гардиданд. Инчунин бо ифтихорномаву дигар тӯҳфаҳо дигар кормандони Кумита сарфароз гардиданд.

 

Махсусан аз номи Президенти Тоҷикистон ба се корманди Кумита барои хизмати намоён, кӯмаки аввалин дараҷа барои наҷоти шаҳрвандон, иҷрои корҳои хавфнок медали «Ҷасорат» супорида шуд, инҳо: 

  1. Абибилло Девлохчиев - командири дастаи кофтуковию наҷотдиҳии таъиноти махсус Маркази наҷотдиҳии Кумита (аз таҳр: барои иҷро намудани амалиётҳои наҷотдиҳии дорои хавфи баланди Маркази наҷотдиҳии КҲФ ва МГ нҲТ). 
  2. Ғолиб Шарифов – сардори ситоди оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ш. Хуҷанд.
  3. Александр Курков – механики дастаи зудамали ситоди ш. Хуҷанд (аз таҳр: барои наҷоти 3 нафар ноболиғ ва 1 нафар зан ҳангоми ғарқшавӣ дар обанбори «Қайроқум»), мебошанд.

 Кормандонони фахрии Кумита   

medalikumita2medalikumita1

Вобаста ба чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Кумита дар Дастгоҳи марказии Кумита, қисмҳои низомӣ, Ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои гуногуни идона ташкил ва гузаронида шуданд, ки кормандони хизматнишондаи Кумита бо медали фахрии «20-солаги  КҲФ ва МГ нҲТ» сарфароз гардонида шуданд.

 

 - Дар доираи 20-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон чи гуна чорабиниҳо ташкил  ва  гузаронида  шуданд?

 

 - Дар доираи 20-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждани рӯзи 14 августи соли 2014 Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии «20-солагии КҲФ ва МГ-и назди ҲҶТ - Таърих, инкишоф ва дурнамо» дар «Душанбе-Плаза» гузаронида шуда, рӯзи 15 август бошад Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашн, ки дар толори Кумита доир гардид.

 

Рӯзи 16 августи низ бахшида ба 20 - солагии КҲФ ва МГ нҲТ дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

 

Ҳамзамон, филм бо забони тоҷикиву русӣ бо номи «Таърих, инкишоф ва дурнамо», филми махсус барои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон бо номи «Дар роҳи наҷот», умуман ду филми ҷашнӣ бо забони тоҷикӣ ва як филм бо забони русӣ омода ва дар шабакаҳои телевизионӣ пахш гардидаанд.

 

Умаман, ҷашни 20-солагии таъсисёбии Кумита бо шукӯҳи хосса ва дар фазои идона гузаронида шуд.

 

  - Дар охир чи гуфтание доред?

 

 - Бояд қайд кард, ки сохторҳои ҳудудии Кумита имрӯз вазифаҳои басо муҳимро ба ӯҳда доранд. Аз ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаю бартарафсози ҳолатҳои фавқулода  ва иҷрои корҳои кофтуковию наҷотдиҳӣ сар карда, то кӯчонидани оилаҳои аз офатҳои табии зарардида ва аҳолии мавзеъҳои дучори равандҳои геологӣ ба ҷойҳои бехавф, минбаъд ҷобоҷокунӣ ва таъмини зисту зиндагонӣ, дастрас намудани кӯмакҳои башардӯстона саҳми арзандаи худро гузоштаанд.


kchs

Дастаи зудамали наҷодиҳии Кумита 

Дар тайи 20 соли фаъолияти Кумита, қисмҳои низомии КҲФ ва МГ нҲТ марҳила ба марҳила аз навсозӣ карда шуда, имрӯз ҳайати шахсии бо шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд.

 

Дар баробари иҷрои бечуну чарои хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳайати шахсии қисмҳои низомии Кумита дар бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи табиию техногенӣ фаъолият менамоянд.


Имрӯзҳо сарбозони қисмҳои низомии Кумитаи ҳф ва мг назди ҶТ дар фазои истиқлолияти комили кишвар адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ намуда, барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамеша омадаанд.  


Воқеан,  ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ вазифаи ҷонии ҳар як хизматчии ҳарбӣ мебошад. Бо хушнудӣ метавон гуфт, ки роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумита анъанаҳои беҳтарини ҳарбии ниёгонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳифзи муқаддасоти ин сарзамин ва боло бурдани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми намоён мегузоранд.   

 

Умуман бурду бохти ҳайти шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистонро дар тӯли 20 соли фаъолит, метавон ба чандин бистсолаҳо баробар кард.


Сӯҳбат намуданд: Шукрона РУШОНАВА, Рустам ХАБИРОВ

акс аз: КҲФ ва МГ нҲТ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh