Интихобот – 2015

intixibot

Соли оянда, аниқтар рӯзи 1 – уми марти соли 2015 дар Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон баргузор мегардад. 

Интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат мебошад.

 

Интихобкунандагон бо интихоби номзади арзанда дар Маҷлиси намояндагон дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.

 

Доир ба ин рӯйдод хабарнигорони dastbadast.tj бо котиби матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Фирдавс Табаров сӯҳбат намуданд.

 

 - Дар ҷумҳури чанд Ҳавзаи интихобот таъсис карда мешавад (ё шудааст)?

 

 - Рӯзи 5-уми декабри соли 2014 Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба имзо расонида шуд. 

 

Баъд аз ин Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) рӯзи 8-уми декабри соли 2014 дар ҷаласаи худ масъалаи муайян намудани ҳудуд ва макони ҷойгиршавии ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи  вакилони Маҷлиси намояндагонро  матраҳ намуд.

 

Тибқи қарори қабулнамудаи КМИР дар ҳудуди кишвар  41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созмон дода шуда, ҳамзамон ҳудуди макони ҷойгиршавии ин ҳавзаҳо муайян шуданд.


 - Дар Интихобот-2015  то имрӯз номзадҳо пурра пешниҳод карда шудаанд ё не?

 

 - То рӯзи 16 декабри соли 2014 на ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ҷараёни пешниҳоди номзадҳоро ба анҷом расониданд. Пешниҳоди номзадҳо аз роҳи рӯйхати ҳизбҳо давом дорад.

 

 -  Ҳар як ҳизб ҳуқуқи чанд номзадро пешниҳод карданро дорад?

 

 - Тибқи талаботи қонунгузории интихоботӣ, шумораи умумии номзадҳо, ки аз тарафи ҳар ҳизби сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод мешаванд, набояд аз 28 нафар зиёд бошад.

 

Ҳизби сиёсӣ ба ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ метавонад 1 нафар номзадро  пешниҳод намояд.

 

 - Корҳои ташфиқотию тарғиботии номзадҳо дар ҷумҳури кай оғоз  меёбанд?

 

 - Ташвиқоти пеш аз интихоботӣ аз рӯзи бақайдгирии номзад ва рӯйхати номзадҳо оғоз ва як рӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.

 

 - Ба онҳо вақти телевизионӣ ҷудо мегардад?

 

 - Ба ҳар як ҳизби сиёсӣ то 40 дақиқа, ба ҳар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии  Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо  то 20 дақиқа барои баромад аз тариқи  яке аз шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ вақти эфир ройгон ҷудо карда мешавад.

 

 - Оё имконият аст, ки ҳамаи муҳоҷирон дар интихобот иштирок мекунанд, яъне имконияту шароиту интихоб карданро онҳо доро мешаванд?  

 

 - Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, дар хориҷи кишвар участкаҳои интихоботӣ ташкил карда мешаванд, то ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавонанд, аз ҳуқуқи конститутсионӣ худ бархурдор бошанд. 



Сӯҳбат намуд: Макнунаи АЗИЗҶОН

акс ва видео аз: Шабакаи якум

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh