Арзиши нашрияҳои мустақил дар Душанбе зиёд шуд

gazeta

Нархи нашрияҳои мустақили Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 20 то 30 дирам ё 30% қимат шуданд. Яке аз сабаби асосии болоравии нархи нашрияҳои мустақили кишвар, ин қимат болоравии қурби доллари ИМА нисбати пули миллӣ, яъне сомонӣ аст.

Акбарали Сатторов раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки қурби доллар низ ба маҳсулотҳои даркории нашрияҳо ва кори чопхонаҳо таъсири худро расонид.

«Тамоми маҳсулотҳое, ки имрӯз барои чоп кардани нашрияҳои истифода бурда мешаванд, ҳамаи онҳо аз хориҷи кишвар бо доллари ИМА харидори шуда, ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд, чун қурби доллар дар баробари сомонӣ боло рафт, нархи хидматрасониҳои чопхонаҳои кишвар низ баланд бардошта шуданд.

Аз ҳамин сабаб болоравии нархи газетаҳо аз хидматрасониҳои чопхонаҳои ҷумҳурӣ сарчашма мегирад.

Имрӯз нархи фурӯши яклухти нашрияҳо 1 сом. 80 дир.-ро ташкил медиҳанд, ду ҳафта пеш бошад арзиши онҳо 1 сом. 50 дир.-ро ташкил медод.

Болоравии нархи нашрияҳо ба коҳиши хонандагон, низ оварда мерасонад, вале мо дигар роҳ надорем», - иброз медорад А. Сатторов раиси Иттифоқи журналистон.

Абдумудассир Аҳмадзода муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва намояндаи Медиа – холдинги «Оила», ки ба ҳайати он нашрияҳои «Тоҷикистон», «Crime инфо», «Оила», «Рекламная газета», «Бозори эълонҳо», «Аргументы и факты Таджикистан» ва «Комсомольская правда» мегӯяд, ки нархи тамоми нашрияҳои Медиа – холдинги «Оила» 30 дирам қимат шудаанд.

«Ҳамаи он газетҳое, ки мо дорем нархашон боло рафтанд. Сабаби ин дар болоравии нархи қоғазу рангҳо ва хизматрасониҳои чопхонаҳо мебошад», - мегӯяд А. Аҳмадзода муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва намояндаи Медиа – холдинги «Оила».

Айни замон, тамоми нашрияҳои Тоҷикистон дар дӯконҳои рӯзномафурӯшии шаҳри Душанбе бо қимати 2 сом. 50 дир. фурӯхта мешавад, ки дар умум нархи 50 дирам қимат шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ зиёда аз 20 ҳафтаномаҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мегарданд, ки понуфузтарини онҳо нашрияҳои мустақили ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва таҳлилӣ «Азия Плюс», «Фараж», «СССР», «Аргументы и факты Таджикистан» «Озодагон», «Нигоҳ», «Миллат», «Тоҷикистон» ва «Вечерний Душанбе», нашрияи мустақили хабари оид ба ҳайёти пойтахт «Вечёрка», нашрияи мустиқили иттилоотӣ – ҳуқуқӣ «Crime инфо», нашрияи мустақили самти соҳаи тиб «Авиценна», нашрияи мустақили таблиғотӣ (рекламавӣ) «Рекламная газета», нашрияҳои мустақили самти хонаводагӣ «Оила», «Зан ва Мард» ва «Муҳаббат ва оила» мебошанд.

Муаллиф: Азиза ҲАЛИМОВА, Ҷоми АБДУЛЛО

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh