Мавсими солинавии театрҳо

teatri novii_god

Шурӯъ аз 25-уми декабр дар ҷумҳури бахшида ба фарорасии соли нави мелодӣ, мавсими солинавии театрҳо оғоз гардид.

Тавре аз Театри давлатии академии драмавии тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ  маълумот доданд, барои тамошобинони хурдсол намоишҳои «Шер афган», «Буратино», «Гарри Потер» ва  «Ҳамсафар» ҳамарӯза соатҳои 10:00 ва 14:00 пешкаш мешаванд ва нархи чипта бошад 5 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Театри драмавии русӣ ба номи В. Маяковский аз 16 декабр то 13-уми январ ба тамошобинон намоишҳои «Принцесса без горошины» (Шоҳдухтар бе нахӯдддона) ва «Бобои барфӣ» ба намоиш гузошта шудааст.

Намоишҳо ҳамарӯза соатҳои 9:30, 11:00, 12:30 ва 14:00 манзури тамошобинон гардонида мешавад, нархи чиптаҳо ба ин намоишҳо аз 5 то 10 сомониро дар бар мегирад.

Ба иттилои Толибҷон Бобоев директори Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов: «Ҳар сол чун анъана мо намоишҳои бачагонаро таҳия мегардонем, ҳамонро ба тамошобинон пешкаш мегардонем.

Мисол, таҳияи навро мо руи саҳна овардем, ки номаш «Харгӯшаки бодича» аст. Намоишҳо аллакай шурӯъ шудаанд ва ҳамарӯза намоишҳои бачагона соатҳои 10:00, 11:00 ва 12:00 оғоз меёбанд».

Дар Театри давлатии опера ва балет ба номи С. Айнӣ бошад, шурӯъ аз 20-уми декабр то 31-уми январ 3 намоишҳо «Хрустальный башмачок» («Кашфи булурин») приключения «Чиполино» (ҳодисаҳои «Чиполино»), балети «Щелкунчик» пешкаши тамошобинон гардонида шуданд.

Дар Сирки давлатӣ кӯдакон ва калонсолон ҳамарӯза соати 14:00 метавонанд, намоишҳои сиркиро то 31-уми январ тамошо намоянд, нархи чиптаҳо аз 25 то 35 сомонӣ.

Инчунин, аз 16 декабр то 13-уми январ дар Театри лӯхтак кӯдаконро намоишномаи «Дар иҳотаи дӯстон» (В окружении друзей) бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ интизор аст.

Муаллиф: Тахмина ТУРСУНОВА, Валиҷон САФОЛОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh