Ҳифзи табиати Тоҷикистон дар замони муосир

fann mountains_4

Тоҷикистон ки сарзамини кӯҳсор ва камзамин аст, муҳофизати табиат муҳим мебошад. Аз кӯҳҳои Тоҷикистон дарёҳои зиёд ибтидо гирифта заминҳои дигар масъалаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро шод об мегардонад. Аз ин лиҳоз муҳофизат ва окилона истифода бурдани сарватҳои табиии Тоҷикистон дорои аҳамияти минтақавӣ аст.

Дар замони муосир бо мақсади ҳифз намудани табиат аз усулҳои гуногун истифода мебаранд. Усули якум муайян месозад, ки ҳамаи ҳодисаҳо, омилҳои табии барои одамон аҳамияти калон дорад ва ба онҳо ҳаматарафа баҳо дода мешавад.

Масалан, ҷангал пеш аз ҳама манбаи асосии маҳсулоти сохтмони ва кимиёвӣ аст, лекин вай ҳамчунин хусусияти танзимкунии об, ҳифзкунии хок ва ҳосил кардани фазои тозаро дорад. 

near-the-lake-iskanderkul 2

Ба замми ин ҷангал ҷойи зисти ҳайвонҳои гуногун ва истироҳати одамон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳолат аҳамияти саноатии ҷангал дар ҷои дуюм меистад.

Усули дуюми истифодаи захираҳои табии – ин шароити муҳити зисти таҳҷоиро ба эътибор гирифтан аст. Усули сеюми истифодаи захираҳои табии мефаҳмонад, ки ҳифзи як объекти табии маънои ҳифзи объектҳои дигарро дорад.     

fann-mountains 8

Ифлосшавии табиат гуфта як ҷараёни экологиро меноманд, ки дар натичаи он дараҷаи муътадилии омилҳои экологӣ халалдор мешавад. Ифлосшави ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад:

1)      Табиӣ

2)      Сунъӣ

Ифлосшавии табии бо маҷмӯи омилҳои табии вобаста буда, дар натиҷа оташфишонии вулқонҳо, сухтори ҷангалҳо, ба атмосфера ворид шудани зарачаҳои намакҳо пайдо мешавад.

Ифлоскуниҳои сунъӣ аз ҳаёту фаъолияти инсон дар табиат вобастаги дорад. Манбаҳои асоси боқимондаҳои истеҳсолии соҳаҳои саноат, нақлиёт ва партофҳои хоҷагии инсон мебошад.

fann-mountains 12

Ифлоскуни пеш аз ҳама маводи сухт, ҷанг, дуд, хокистар буда, ба фазо хориҷ ё партофта мешавад.

Тадқиқотҳои ҳозиразамон роҳҳои гуногуни кам кардани газҳо, аз ҷумла газҳои саноатӣ ва нақлиётро муайян мекунанд, ки ин газҳо асоси ифлосшавии фазо мебошанд.

Дар мубориза ба муқобили ифлосшавии атмосфера камбудизоркунии шаҳрҳо ва марказҳои саноатӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Дар баргу шохи дарахтону буттаҳо зиёда 72% чанг ва то 60% дуоксиди сулфур ҷамъ мешавад. 

tajik-mountains

Бинобар ин дар кӯчаю дарахтзорҳо, боғҳои истироҳати назар ба ҷойҳои кушод ва майдонҳои дигари шаҳр чанг даҳҳо маротиба кам аст.

Қоида ва қонунҳои ҳифзи табиат аз тарафи одамон дар он вақт иҷро мешавад, ки пояи қонуни дошта бошад.

Дар айни ҳол дар Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» аз 27 декабри соли 1997 амал мекунад, ки дар он захираҳои табиии кишвар «Боигарии миллии мардуми Тоҷикистон» буда, асоси табии инкишофи ичтимоию иқтисодӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии одамонро инъикос менамояд.

marguzorskie-lakes

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти № 191 аз 3 майи соли 2006 «Нақшаи миллии фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист» тасдиқ карда шуд ва аз он рӯз то имрӯз ин нақша дар Тоҷикистон фаъолият карда истода аст.

Муаллиф: Aлишер РАҲМОНЗОДА

акс аз: "Anur Tour" 

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh