Чи гуна имрӯз назоратчиҳои нақлиётҳои ҷамъиятиро ба кор қабул мекунанд?

pulchinak

Имрӯзҳо дар нақлиётҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе ҳамчун назоратчӣ кӯдакону наврасон, ҷавонон ва шахсоне, ки маълумоти миёнаи касбӣ ё олии касбӣ надоранд, кору фаъолият намуда истодаанд.

Ин гуна фаъолият кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар вақти ҷавонии онҳо аз макони илму адаб дур намуда, ба дониш ва маърифати рафтори онҳо таъсирҳои манфӣ мерасонад, ки имрӯз рафтору муомилаи онҳо бо мусофирони нақлиётҳои ҷамъиятӣ, инро гувоҳӣ медиҳад. 

Ба гуфти мусофирон назораткунакҳо ё ба истилоҳ пулчинакҳои нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахт ҳангоми фаъолияти хизматӣ меъёрҳои ахлоқи (этикет)-ро риоя накарда, суханҳои қабеҳ мезананд, дашном меунанд, бақия намедиҳанд, бадмуомӣлагӣ мекунанд, мактаббачагонро ба нақлиётҳо роҳ намедиҳанд ва дигар кирдорҳои ғайри ахлоқӣ. Вале ронандагони нақлиётҳои ҷамъиятӣ ҳар яки онҳоро ғанимат мешуморанд.      

«Назоратчиҳо ё пулчинакҳо қариб ҳаррӯз иваз мешаванд. Онҳо худашон ҳаррӯз ба назди мо ба кор меоянд. Мо онҳоро ҳаррӯз аз назди даромадгоҳи пойгоҳи нақлиёти ба кор қабул мекунем», – мегӯяд ронандаи хатсайри №33.   

Бояд қайд намуд, айни ҳол системаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр ба ҳисоби хоҷагӣ гузаштааст, яъне чи қадаре ки дар ҳамон рӯз фоида ба даст оварда мешавад, аз рӯи он маош муайян мегардад.  

«Тибқи маслиҳати пешаки, дар як рӯз ба ман 30 сомонӣ маблағ мегирам. Вале агар нақшаи кор иҷро нагардад, яъне маблағи лозимаи нақша ҷамъ нашавад, ба ман аз 30 сомонӣ камтар маблағ дода мешавад», – иброз намуд назоратчии хатсайри №33. 

Ба ақидаи мусофири автобуси хатсайри №3 назоратчиҳо ё пулчинакҳо аз рӯи инсоф кор намекунанд.

«Вақте, ки маблағро ба пулчинак 10 ё 20 дирам кам диҳи, бо ту ҷанг мекунанд, вале вақте ки зиёд доди, хомуш меистанд ва бақия намедиҳанд. Мо танҳо як хоҳиш дорем, ки пулчинакҳо аз рӯи инсоф аз халқ маблағ гиранд», - мегӯяд у. 

Дигар мусофир Гулчеҳра Наимова мегӯяд, ки «ронанда танҳо шахсони аз 18 сола болоро ҳамчун пулчинак ба кор қабул намояд, ин кор ба ноболиғон кори хеле хатарнок ва вазнин аст. Кӯдакон дар ин синну сол бояд хонанд, на ин ки кор кунанд».     

Алиҷон Ашуров боз як мусофир иброз намуд, ки муносибати назоратчиҳо бо мусофирон хуб аст. «Муносибатшон сад фоиз аст, камбуди танҳо дар он аст, ки  маблағ зиёд мегиранд. 

Мо мусофирон ба тамоми пулчинакҳо гуфтани дорем, ки муносибати худро одамони калонсол хуб намуда, онҳоро ҳурмат кунанд, кам гапгардони кунанд, суханҳоро чанд маротиба фикр намуда баъд иброз намоянд, мусофиронро ба нақлиётҳои ҷамъиятӣ аз рӯи ҷои нишаст гиранд ва дар ҷои ҷамъиятӣ бо овози баланд ҳарф назананд», - иброз медорад А. Ашуров.  

Абдуҳалим Маҷидов намояндаи «Душанбехадамотнақлиётрасон» ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз намуд, ки ронанда ва чиптачинаки воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар асоси Кодекси меҳнат ба кор қабул мешавад «агар синну сол онҳо ба 18 расидаги бошад, маълумоти миёна дошта бошад, мактабро хатм карда бошад, ҳуқуқи коркаданро доро бошад, бемор набошад, аз рӯи ин талоботҳо дар асоси фоидаҳои умуми чиптачинак ба кор қабул карда мешавад. 

Ба ноболиғоне, ки синну солашон аз 14 поён аст, онҳо ба кор қабул карда намешавад. Шахсоне ки ҳамчун чиптачинак ба кор қабул мешаванд, онҳо дар ҳамон ҷои қабул шуда бо дастур амал фаъолияти назоратчӣ ва ахлоқӣ шинос мешаванд», - иброз намуд А. Маҷидов намояндаи «Душанбехадамотнақлиётрасон». 

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза 1617 воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла 694 адад автобусҳо, 78 – 80 адад троллейбусҳо, 49 микроавтобусҳо ва 1260 адад нақлиётҳои шахсии корхонаҳо дар 88 хатсайр ба мусофирон хизмат расонида истодаанд. 

Муаллиф: Илёсиддин АЛИЕВ, Идибек САФАРОВ

акси: Шамсия ДАВЛАТОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh