Имрӯз сокинони пойтахт мафҳуми «Волонтёр»-ро чи гуна мефаҳманд?

Volon

Волонтёр – ин шахсест, ки бемузд ва бо хоҳиши худ барои дигарон ё ба манфиати ҷамъият дар шакли кору хизматрасонӣ кӯмак намуда, саҳми худро мерасонад.

Ҳамасола дар дунё 5 декабр «Рӯзи Волонтёрон» ё ба истилоҳ «Ихтиёрон»-ро ҷашн мегиранд. Айни ҳол, шумораи волонтёрон дар дунё беш аз 110 млн. нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 2,5 млн. нафар дар Россия зиндагӣ мекунад.

Шумораи бештари волонтёрон дар Канада, ИМА ва Австралия зиндагӣ мекунанд. Дар Чехия, Латвия ва Норвегия волонтёронро ба аскарон баробар медонанд. Дар ИМА 56%-и аҳолии аз 18-сола боло волонтёр ҳастанд.

19%-и аҳолии калонсоли Фаронса бошад, тули ҳайёташон ақалан 1 бор дар чорабиниҳои волонтёрӣ ширкат намуданд, аз ин шумора 60%-и онҳо пайваста ба кору фаъолияти бемузд ё ройгон машғул аст, 46%-и пурсидашудагони волонтёрони Фаронса гуфтаанд, ки онҳо самимона мехоҳанд, ба касе кӯмак расонанд ва ё касеро дастгирӣ кунанд.

Ҳар сеюмин олмонӣ волонтёр аст, ҳар як сеюмин олмонӣ дар як моҳ 15 соати вақти худро барои корҳои волонтёрӣ дар ассосиатсияҳо, лоиҳаҳо ва гурӯҳҳои кӯмаки байниҳамдигарӣ мегузаронад. Онҳо кӯмакрасони ба касеро барои рушди худашон чун шахсият муфид мешуморанд.

Ҳудуди 33%-и аҳолии Ирландия волонтёр ҳастанд, 72%-и фикр мекунанд, ки волонтёрӣ аз коргарони маошгир дида, самимона ва беҳтар кор мекунанд.

Дар Россия фақат 1%-и аҳолӣ ба фаъолият волонтёрӣ ҷалб шудааст.

Худи маҳфуми «волонтёр» дар он кишвар ва ҳам дар Тоҷикистон низ, он қадар машҳур нест. Русҳо бештар ин мафҳумро «взаимопомощь» («ёрии ҳамдигарӣ») ва ё «взаимовыручка» («дастгирии ҳамдигарӣ») мефаҳманд, дар мо бошанд «хашар», ки дар доираи он бемузд фақат ба наздику пайвандон кӯмак мерасонем.

Аммо тавре таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, доираи фаъолияти волонтёрӣ хеле васеъ аст ва ин кор барои пешрафти онҳо, огоҳии бештарашон, маълумотнокиашон ва гирифтани таҷрибаи хуб мусоидат мекунад.

Фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон, махсусан ҷумҳурияҳои Осиёи Марказӣ ва Россия 3-4 сол пеш на он қадар машҳур буд, вале сол то сол фаъолияти волонтёрӣ дар кишварҳои дар боло зикр шуда бо суръат афзоиш ёфта, сафи волонтёрон дар ин самт зиёд шуда истодааст. Ин сабаб шуд, ки дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи фаъолияти волонтёри»-ро 19 сентябри соли 2013 қабул намоянд.

Оид ба ин, хабарнигорони dastbadast.tj байни сокинони касби кору гуногуни пойтахт оиди мафҳуми волонтёр ва фаъолияти волонтёрӣ пурсиш гузарониданд, ки ба ин сокинонон чунин ҷавоб доданд:

Манучеҳр Одинаев, 27 сола - волонтёр одамҳое мебошанд, ки барои мардум ройгон кор мекунад, ё ин ки хизмат мекунанд. Аслан волонтёрҳо бисёртар дар ҳамин консертҳо, ярмаркаҳо ва чорабиниҳои гуногун кор ва фаъолият мекунанд. Ман ҳам дар вақтҳои холигӣ ба волонтёрӣ машғул мешавам.

Салима Мирзоева, 19 сола – волонтёрҳо гуфта одамҳоеро мегӯянд, ки бе пул кору фаъолият мекунанд. Волонтёрҳо илова барин метавонанд фаъолона ба ятимхонаҳо ва беморхонаҳо барои кӯмак намудан ба кӯдакон ва беморон ба кор раванд. Дар ҷомеаи имрӯза волонтёрҳо хеле лозим аст.

Антон Афанасев, 23 сола – волонтёрҳо ин шасхоне мебошанд, ки ба дигарон беҷуброн ёри мерасонанд, мисол дар аксияҳо, идҳо, чорабиниҳо ва ҳамин монанд чорабиниҳои дигар.

Ҳикматулло Ҷавлонов, 51 сола – волонтёр бояд ройгон хизмат расонад. Волонтёрҳо имрӯзҳо дар кишвар хеле бисёр шуданд, ки дар ҷашнҳо, консертҳо ё маъракаҳо ёрии худро мерасонанд. Доираи фаъолияти волонтёрӣ, аз ҷумла шаклҳои анъанавии кӯмаки тарафайн, худёрирасон, хизматрасони расмӣ ва дигар шаклҳои иштироки шаҳрвандон лозим аст.

Далер Алиев, 17 сола –  волонтёр одамеро мегӯянд, ки бе пул кор мекунад, мисол ягон ҷашн ё консерт мешавад, у ба таври волонтёрӣ ба онҷо рафта кӯмак мекунад. Дар ҷомеаи имрӯза, ҷавонон бисёртар ба волонтёрӣ машғул мешаванд. Ман ҳам дар вақтҳои бекориям баъзан ба волонтёрӣ машғул мешавам.

Артур Тигранович, 24 сола – ин шахсе ҳаст, ки бе маош кор мекунад, у волонтёр аст ва у мехоҳад, ки волонтёрӣ ба одамон дар ягон чорабиниҳо ёри расонад ва аз онҳо барои кори худ маблағ талаб накунад.

Рустам Азимов, 34 сола – ман шахсан зери маҳфуми волонтёр як чизро мефаҳмам, ин ёрдамчи, яъне ки ба як кас кӯмак расонидан, чи дар масъалаҳои оилавӣ, чи дар ҷомеаи имрӯза. Волонтёр аслан кори хешро метавонад бо роҳи маслиҳат, яъне ки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ, ба субут расонад. Ман борҳо дар маъракаҳои ҳамсинфон, ёру дӯстонам, ба ҳайси волонтёр шуда, кор карда будам.

Мисол, дар тӯйи «оши наҳорӣ» вақте, ки меҳмонҳо меоманданд, ман зуд чойники дастшуиро гирифта ба дасти онҳо об мерехтам ва баъд онҳоро ба мизи дастархон даъват мекардам ва дар ин ҳолат ман метавонистам, ки аз камбудиҳои рӯи дастархон, ё ки чи овардану чи бурдани он, бо меҳмонҳо ҳамсӯҳбат шавам. Дар он вақт ман худ мефаҳмам, ки ман, ки ҳастам дар ин ҷо, ман ҳамоне ҳастам, ки кори волонтёр, яъне ки ёрдамчи дар маърака.

Имрӯзҳо наврасону ҷавонони Тоҷикистон дар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналхалқӣ ба фаъолияти волонтёрӣ ҷалб шуда, ба ҷамъият саҳми худро расонида истодаанд.  

Муаллиф: Фатҳулло МАҲМАДОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh