Ҳалокати 13 нафар аз дуди ангишт дар соли 2014

angisht

Нисбат ба солҳои гузашта дар Тоҷикистон нафарони ҳалокшуда аз дуди ангишт ба таври ташвишовар зиёд шуда истодааст. Агар дар солҳои гузашта миқдори ҳалокшудагон аз 10 нафар кам ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар соли 2014 ин нишондод 13 нафарро нишон медиҳад.

Тибқи гуфтаҳои мутахассисон, яке аз сабабҳои асосии ҳалокшудани шаҳрвандон аз дуди ангишт, ин нодурст истифода бурдани маводи сӯхт, бе эҳтиётӣ, аз меъёр зиёд сӯзонидани ангишт, надонистан ё риоя накардани қоидаҳои оддии маводи сӯхт, ки аз гази карбон иборат аст ва ба саломатии инсон зараровар аст, агар дуди он ба организми инсон ворид шавад.

Ба иттилои расонаҳои хабарии Тоҷикистон, дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз дуди ангишт 6 нафар кӯдакон ва 7 нафар калонсолон ба ҳалокат расида, зиёда 50 нафар шаҳрвандон бо омилҳои заҳролудшави аз дуди ангишт ба Беморхонаҳои маҳалли зист, муроҷиат намуданд.

Ба ин фоҷеаҳои нохуш нигоҳ накарда, талаботи шаҳрвандон нисбат ба ангишт сол то сол зиёд шуда истодааст. Тибқи иттилои сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон нақшаи истеҳсоли ангишт дар соли 2014 дар ҷумҳурӣ ба таври барзиёд, 159% иҷро гардидааст.

«Нақшаи солонаи ангишт дар 11 моҳи соли 2014 истихроҷи он ба 689,1 ҳаз. тн., ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта +256,3 ҳаз.тн. ё ин ки 159% зиёд мебошад.

«Дар давраи ҳисоботӣ дар 1 ҳаз.-у 559 нуқтаҳои фурӯши ангишт 677,9 ҳаз.тн. ангишт фурӯхта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2013, 300 ҳаз. тн. зиёд мебошад.

Ҳамчунин, барои қонеъ гардонидани талаботи муассисаҳои буҷавӣ дар кишвар 45 ҳаз.у 774,6 тн. ё 99,2 %-и талабот ба ангишт захира карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 737,4 тонна зиёд, захира карда шудааст», - иттилоъ медиҳад, сомонаи Вазорати саноат.

Истифодаи нодуруст ва ё сифати пасти ангишт?

Сабаби асосии зиёд истифода бурдани ангишт аз тарафи аҳолиро коршиносон дар бо сабаби камбудии барқ, хусусан дар ноҳияҳо ва набудани ягон роҳи дигар аз сардиҳои шадид мебинанд.

Коршиноси соҳа, ки нахост номаш ифшо шавад, зимни ибрози назари худ ба хабарнигори dastbadast.tj гуфт, ки дар Тоҷикистон технологияи коркарди дурусти ангишт вуҷуд надорад ва сифати он низ ба талоботи имрӯза ҷавобгу нест.

«Моро зарур аст, ки аввал сатҳи тафаккури мардумро барои истифодаи дурусти ангишт боло бардорем. Баъдан дар мо технологияи безараргардонии ангишт вуҷуд надорад, мо ангиштро безарар гардонида наметавонем», - иброз намуд коршинос.

Дилором Раҳматова коршиноси масъалаҳои иҷтимоӣ ва бозори меҳнат низ, сабабҳои зиёдшавии ҳалок шудани шаҳрвандонро аз дуди ангишт дар бесифат будани ангишт мебинад.

«Албатта дар инҷо сабабҳои зиёд вуҷуд дошта метавонад. Аммо ман фикр мекунам, ки шояд яке аз ин сабабҳо ин истифода аз ангишти бесифат бошад», -мегӯяд коршинос Д. Раҳматова.

Вале, Мурод Ашуров сардори матбуоти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) иброз намуд, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои ғайри стандарт ва ғайри талаботи ҳуҷҷатҳои муқаррари будани ангишт ба қайд гирифта нашудааст.

«Бояд қайд намуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон гирифтани сертификат барои корхонаҳои истеҳсоли ангишт ихтиёрӣ мебошад.

Дар асоси таркиби кимиёвии ангишт ба истеҳсолкунанда сертификат оид ба сифати бехатарӣ дода мешавад.

Айни ҳол, дар кишвар ҳолатҳои ғайри стандарт ва ғайри талаботи ҳуҷҷатҳои муқаррари будани ангишт ба қайд  гирифта нашудааст.

Ҳамчунин, бояд илова намуд, ки ба истеҳсолкунандагон шартҳои техники таҳия шудааст ва ғайр аз шартҳои техникии мо, истеҳсолкунанда инчунин дорои шартҳои худ мебошанд», - иброз намуд сардори матбуоти «Тоҷикстандарт» М. Ашуров.

Мунира Ваҳобова сокини пойтахт мегӯяд, ки сабаби ҳалокшудани шаҳрвандон аз дуди ангишт, ин риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ мебошад.

«Ба ақидаи ман мардум барои он аз ангишт истифода мебаранд, ки хусусан дар ноҳияҳо додани барқ аз рӯи лимит аст. Се чор соли охир фасли зимистон дар ҷумҳурӣ бештар сард омад ва барои ҳамин бештар одамон маҷбур буданд, ки аз ангишт истифода баранд. Лекин бо вуҷуди ин бояд, ки қоидаи истифода бурдани ангиштро риоя кунанд, то ин ҳодисаҳои нохуш рӯй надиҳанд».

Дар ҳамин ҳол, Баҳриддин Абдураҳимов сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj қайд кард, ки «дар ҷумҳурӣ, 870 ҳазор тонна ангишт истехроҷ шуд, ки ин нишондодиҳандаи рекордӣ дар тули 34 соли охири таърихи кишвар мебошад».  

Бояд қайд намуд, ки талаботи ангишт дар ҷумҳурӣ ба ҳолатҳои нохуш нигоҳ накарда сол то сол зиёд шуда истодааст, ин аст ки дар соли 2014 истехроҷи он ба 65% зиёд карда шуд ва барои қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон, инчунин корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 559 адад нуқтаҳои фурӯши ангишт аз он ҷумла, дар вилоятҳои Суғд 702 адад, Хатлон 419 адад, Мухтори кӯҳистони Бадахшон 70 адад, Ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе 368 адад фаъолият доранд.

Нархи як тонна ангишт аз рӯи навъ ва сифат, бо назардошти хароҷоти роҳ аз 300 то 800 сомонӣ, қимат дорад.

Муаллиф: Наргис РАҶАБОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh