Ҳолатҳои сӯхтор дар Тоҷикистон 0,9% кам шудааст

pojar

Соли 2014 дар ҷумҳури 1 ҳаз.у 171 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки назар соли гузашта 11 ҳодиса ё ин ки 0,9% кам мебошад.

Ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ба моликиятҳои шахсии шаҳрвандон ва шасхони воқеӣ ба миқдори 13 млн.у 169 ҳаз.у 898 сомони зарар расонидааст, ки назар соли гузашта 142 ҳаз.у 837 сомони ё ин, ки 1,1% кам мебошад.

Тибқи иттилои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар натиҷаи ҳодисаҳои сӯхтор 28 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 11 нафар ноболиғон ҳалок шуда, 185 нафар шаҳрвандон аз доми сӯхтор наҷот дода шудаанд.

Яке аз сабабҳои асосии ба амал омадани сӯхтор ин вайрон намудани қоидаҳои васлкунӣ ва истифодабарии барқ, вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои барқӣ, таҷҳизотҳои печи, гази ва дудбароҳо, оташбозии кӯдакон, истифодаи беэҳтиётонаи оташ, қасдан оташ задан ва бо дигар сабабҳо мебошанд.

Ҷиҳати пешгирии аз ҳолатҳои сӯхтор дар соли 2014 аз тарафи нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷумҳурӣ 43 ҳаз.у 940 иншоотҳо новобаста аз шакли моликияташон санҷиши мукаммали ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор гузароинда шудааст.

Дар натиҷаи санҷишҳо, барои риоя накардани Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбати 44 ҳаз.у 263 роҳбарону шахсони масъули хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 6 млн.у 295 ҳаз.у 730 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст. Аз онҳо  5  млн.у 353 ҳаз.у 200 сомонӣ маблағи ҷарима ситонида шуда, маблағи боқимонда барои маҷбуран ситонидан ба Судҳои шаҳру ноҳияҳо равон карда шудааст.

Инчунин дар натиҷаи санҷиши бехатарӣ аз сӯхтор фаъолияти 433 иншоотҳо ва нуқтаи савдо, 4 ҳаз.у 110 ҳуҷраи алоҳида муваққатан боз дошта шуда, 25 ҳаз.у 876 қитъаҳои барқ ва 916 агрегату печҳои носоз, ки хавфи сар задании сӯхторро доштанд, безарар гардонида шудаанд.

Барои дағалона вайрон кардани Қоидаҳои бехатари аз сӯхтор мутобиқи моддаи 192 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар кишвар нисбати 75 нафар роҳбарону шахсони масъул парвандаҳои ҷинояти ва бо моддаи 255 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон «Қасдан оташзадан» 32 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ва бо моддаи 256 Кодекси ҷинояти Тоҷикистон «Аз беэҳтиёти несту нобуд ё вайрон кардани амвол» 4 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои дида баромадан ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шудааст.

Ҳамчунин дар 842 ҳаз.у 832 манзилҳои истиқоматӣ санҷиш гузаронида шуда, камбудию норасогиҳои ҷойдошта аз тарафи шаҳрвандон бартараф карда шудааст. Ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор дар муассисаҳо давлатӣ ва ғайридавлатӣ шаҳру ноҳияҳои кишвар 13 ҳаз.у 145 ҳодисаҳои рух додани сӯхтор пешгирӣ карда шудааст, ки назар соли гузашта 45,8% зиёд мебошад.

Муаллиф: Гулноза РАҶАБАЛИЕВА, Алишер НАИМОВ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh