Олимони тоҷик электростансияи офтобии худро сохтанд

electrostansyai oftobi

Электростансияи офтобӣ аз батареяи офтобӣ бо иқтидори 100 ватт, аккумулятори ғунҷоиаш 40 А/с., заряди идоравӣ, ихҷамсохти рангаи TFT (Син Филм Транизте) LED телевизор бо DVD – плейр ва мавҷқабулкунакирадио ва светодиодҳои фурӯзонакҳои каммасраф иборат мебошанд.

Чунин электростансия метавонад боэътимод кори телевизор, радио, DVD - плейр ва якчанд фурӯзонакҳои каммасрафро бо барқ таъмин намояд.   

Манбаҳои электростансия имконият медиҳад, ки электротстансяи офтобӣ пурра рӯзона бе заряди доимӣ кор кунад, баъд аз ғуруби офтоб таҷҳизотҳое, ки ба электростансия пайваст шуданд 15 соат бо қувваи барқ таъмин карда мешаванд.

Малик Солиев олими илми Академияи илмҳои Тоҷикистон ки чунин электростансияи офтобиро сохтааст, фарқияти ин электростансияро аз дигар электростансияиҳои муқаррарӣ, ба хабарнигори dastbadast.tj чунин баён намуд.

«Фаркияти асосии таҷҳизот аз қисми идоракунии иборат мебошад. Ин гуна таҷҳизотҳо аз тарафи Россия, ИМА, Хитой ва Олмон асосан истеҳсол карда мешаванд, онҳо якум қимат мебошанд ва дуюм барои шароити мо қимати мекунад, аз дигар тараф ҳамон чизро мо худамон метавонем истеҳсол намоем.

Ин як пешрафти ҳам экология ва ҳам технология мебошад. Ғайр аз дигар қисмҳо, мо қисми идоракунии стансияи офтобиро худамон сохтем, бо назардошти таҷрибаҳои дигар.

Имрӯз онро мо аз санҷиш гузаронидем ва ба мутахассисон пешниҳод намудем», - иброз намуд М. Солиев олими илми Академияи илмҳо.

Раҳим Назаров намояндаи Парки технологии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки чунин лоиҳа дар доираи лоиҳаҳои Маркази рушди илм ва инноватсияи Академияи илмҳо тули ду сол сохта шуд. 

«Лоиҳа аслан дар доираи Маркази рушди илм ва инноватсияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст ва маблағузорӣ асосии ин лоиҳа аз тарафи ин Марказ аст. 

Ҷиҳатҳои техники: такягоҳ ва баъзе корҳои техники аз тарафи Парки техники сохта шуд, барои сохтмонии ин гуна стансия он қадар маблағи зиёд ҷудо гардида набуд, вале ба ин нигоҳ накарда стансия офтобӣ сохта шуд, мо умед дорем, ки ин гуна корҳо дар оянда ба тавре васеъ ба роҳ монда мешавад», - иброз кард Р. Назаров. 

Ҳамчунин, олими Академияи илмҳо Малик Солиев қайд намуд, ки ҳангоми сохти чунин электростансияҳо ҳатман, шароити иқлимии маҳаллӣ, ба инобат гирифта мешаванд.

«Асосан дар вақти сохтани таҷҳизот шароитҳои географиро бояд дар инобат гирифт, яъне вобаста аз кунҷи офтоб, ҳарорати ҳаво мисол, агар дар Душанбе +38Сбошад, дар Хуҷанд +40С0 аст.

Фарқиятро ҳатман мо бояд ба назар гирем, инчунин бояд қайд намоям, ки иқлим, яъне чангу хок, барфу боронӣ, дарозии рӯз, ҳолати атмосфера ба панели қабули стансияи офтоби таъсир мерасонад, барои ҳамин шароити географӣ ҳатман бояд ба инобат гирифта шуд», - қайд намуд, олими Академияи илмҳо М. Солиев.

Электростансияи офтобӣ дар доираи лоиҳаи манбаҳои  барқароршавандаи энергия ё истифодаи сарфаҷӯёнаи энергияи Маркази рушди илм ва инноватсияи Академияи илмҳои Тоҷикистон тули ду сол бо харҷи беш аз 3 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Муаллиф: Санавбар ЮСУФОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh