Ба меҳнат ҷалб гардинани кӯдакон дар Тоҷикистон

detskiy-trud

Шакли бадтарини меҳнати кӯдакон, ки ба машғулияти иқтисодиёти ғайри расмӣ, ки дар он фаъолияти кӯдаконро дар корҳои сексуалӣ, дар кори кӯчагӣ, дар кори талбандаги дар шакли маҷбурӣ, дар кори ғоратгарии хурд ва фурӯхтани нашъа истифода бурда мешаванд, дохил мешаванд.

Тибқи маълумотҳои Созмони умумиҷаҳонии меҳнат дар Тоҷикистон тақрибан 200 ҳазор кӯдакони ноболиғон, маҷбур ҳастанд, ки дар бозорҳо ҳамчун аробакаш, фурӯшандаи салафан, шустӯшу намудани мошинҳо ва борбардор шуда кор мекунанд. 

Ба ин нишондод ҳамчунин кӯдаконе, ки бо корҳои хоҷагии қишлоқ – ҷамъ намудани пахта ва дигар корҳои вазнини қишлоқ дохил мешаванд.

Аҳад Аташехов,  муттахасиси шӯъбаи мониторинги меҳнати кӯдакони Вазорати меҳнат ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Тоҷикистон иброз дошт, ки аксари кӯдакони ки кор мекунанд, онҳо аз оилаи нопурра ҳастанд.

«Мо дар кӯчаю биноҳои шаҳри Душанбе дидем, ки аксарияти писарбачаҳое, ки кор мекунанд, дар бозорҳои маҳаллӣ, ин корҳое ки вазбин ҳастанд ва вазбини ҷисмонӣ ва ба онҳо ин зарар мерасонад.

Вақте, ки мо мепурсидем сабаби инҳо бачаҳое, ки дар берун кор мекунанд, ин писарбаҳо будан, духтарон будан, онҳо мегуфтанд шароити оиламон бад аст, модарамон ё падарамон бемор, коре ки мо мекунем ва маблағе, ки мо ҷамъ мекунем, ин барои табобати модарамон аст» - мегуяд А. Аташехов.

Наврӯз  Самадов сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ мегуяд, ки суханҳое, ки 50 фоизи кӯдакони шаҳри Душанбе ба фаъолияти меҳнати ҷалб шудаанд, ин қуллан нодуруст аст.

«Тибқи муқарароти Кодекси меҳнат, шаҳрвандони Тоҷикистон ки аз 14 сола боло мебошанд, ҳуқуқи меҳнат караданро доранд. Агар аз рӯи нуқтаи назари нишондиҳандаҳои оморӣ гирем, то ба имрӯз мо дар дасти худ чунин оморро надорем.

Ҳамаи ин омореро ки мо мегуем, ҳамин хел нисби ҳастанд. Дар шаҳри Душанбе мегуянд, ки зиёда аз 50% кӯдакон бо меҳнат машғуланд, аммо ин қулан нодуруст аст. Ҳаст категорияи ноболиғоне, ки дар бозор рафта кор ва фаъолият карда истодаанд» - қайд кард Н.  Самадов.      

Ҳуқуқшинос Файзиниссо Воҳидова иброз дошт, ки кӯдаки ноболиғ тибқи қонун дар як шабонарӯз 4 соат фаъолияти меҳнати намояд, аммо қонун риоя намешавад.

«Вобаста ба муносибатҳои меҳанитӣ, Кодекси граждании Тоҷикистон пешбини намудааст, ки ҳуқуқҳои эмансипатсия, яъне бо воситаи падару модар ва розигии волидайн кӯдак метавонад аз синни 14 яъне ноболиғ ба меҳнат метавонад ҷалб карда шавад, лекин бо шарту шароитҳои махсусе ки барои кӯдакон пешбини гардидааст дар Кодекси меҳнат, яъне на зиёда аз 4 соат дар як шабонарӯз дар асоси шартномаи меҳнатӣ, бо розигии волидайн» - мегуяд Ф. Воҳидова.    

Аслан вақти ба кор машғул шудани кӯдакон дар вақти ба балоғат расидани онҳо мебошад, аммо дар кӯчаҳою бозорҳо кӯдаконе хурде дида мешавад, ки ба корҳои гуногун машғул мешаванд.

Ноболиғ Абдуразоқ Салимов иброз дошт, ки дар бозори калонтарини ҷумҳурӣ бо фурӯхтани салафан ва дискҳо машғул ҳаст, ки дар як рӯз аз 20 то 70 сомонӣ фоида ба даст меоварад.

«Дар бозори «Корвон» салафан ва силсила филмҳои туркӣ мефурушам. Ман аз соати ҳафти субҳ то соатҳои се-чори бегоҳ кор мекунам ва баъд аз он ба хона меравем. Дар ин бора модарам хабардор ҳастанд, аз сабабе ки зиндагиамон ба даст, ба ман ҳеҷ гапе намезанан, баръакс мегуяд ки равед кор кунед зингдагиро пеш баред.

Падари ман дар Россия кору фаъолият мекунанд, ҳашт со ласт ки ба хона бар нагаштанд, не маблағ равон мекунанд, не занг мезананд. Агар дар бозор одам зиёд бошад, ман дар як рӯз 70-80 сомонӣ, агар ки кам бошанд, 20-30 фоида ба даст моеварам» - мегуяд ноболиғ А. Салимов.

Дигар ноболиғ Қаюмшоҳ Босиров оид ба фаъолияти меҳнатии ҳаррӯзааш чунин мегуяд:

«Бо ҳамроҳии бародарам дар бозори «Саховат» бо кашидани ароба машғул ҳастем, зиндагиамон хеле вазнин мебошад, аз ин сабаб мо маҷбур ҳастем, ки дар инҷо аз субҳ то бегоҳ ба кашидани ароба машғул шавем ва маблағ кор кунем» - иброз дошт ноболиғ Қ. Босиров.

Айни ҳол дар марҳилаи анҷомёби лоиҳа оид ба барҳам додани меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизстон, ки аз тарафи Созмони Умумиҷаҳонии Меҳнат ва Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ амали шуда истода, қарор дорад. 

Дар ин бора Муҳайё Ҳосабекова, ҳамоҳангсози лоиҳаи Созмони умумиҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шакли бадтарини меҳнати кӯдакон иброз дошт: 

«Тоҷикистон баъд аз ба даст даровардани истиқлолият, ду созишномаи асосии Созмони умумиҷаҳонии меҳнтаро тасдиқ намуд, ки ин бе восита ба меҳнати кӯдакон дохил мешавад.

Яке аз ин созишномаи 138 ва созишномаи 182 ҳастанд, созишномаи 182 ин барҳам додани меҳнати кӯдакон дар меҳнати бадтарини кӯдакон мебошад ва созишномаи 132 бошад, қабул кардани кӯдакон дар кор, дар синну соли минималӣ.

Ҳамин ду созишномаи асосиро ҷумҳурии мо қабул намудааст, дар асоси ҳамин ду созишномаи асосии мо, бо ҳамкории Ҳукумат барои барҳам додани меҳнати кӯдакон дар ҳамаи соҳаҳо, сар намудани аз корхонаҳои давлатӣ то корхонаҳои ғайридавлатӣ, фаъолият карда истодаем» - қайд намуд М. Хосабекова.

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии меҳнат, 85% кӯдакони ҷумҳурӣ ба корҳои хоҷагии қишлоқ, 3,4% дар сохтмон, 3,7% дар соҳаи савдо ва хоҷагӣ ва 7,4% дар саноат ҷалб карда шудаанд.

Соли 2010 пахтаи тоҷик ба руйхати сиёҳ мол, дар ИМА барои харидории он, ворид шуда буд, Вазорати энергетика ва саноат инро дар он шарҳ дод, ки дар он меҳнати маҷбурии кӯдакон барои ҷамъ намудани пахта, ба монанди дигар ҷумҳуриҳо истифода шуда буд.  

Баъдан дигар ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда низ барои истифодаи бурдани пахтаи тоҷик дар истеҳсолот, зид баромад карданд.   

Айни ҳол, тибқи натиҷаҳои тафтиш муайян гардид, ки масъалаи мазкур ҳамчунин дар ҷумҳуриҳои Осиё Марказӣ, Қазоқистон ва Қирғизстон ҳамчун масъалаи муҳим ба чашм мерасад.

Муаллиф: Гулнозаи САИДҶАЛОЛ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh