Пешгирии зӯровари нисбати кӯдакон

abused-child-with-teddy-bear

Тарбияи насли наврас махсус кӯдакон яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Кӯдакони зиёде мавҷуданд, ки зери зӯровари, имрӯз қарор доранд.

Инҳо кӯдаконе мебошанд, ки онҳо дар оилаҳои камбизоат ё ин ки бепарастор зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон низ кӯдакони зиёде ҳастанд, ки дар зӯроварии падару модар қарор доранд.

Лайло Моҳшири роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мегуяд, ки зӯровари метавонад шаклҳои мухталиф дошта бошад.

«Яке метавонад зӯроварии руҳӣ ва дигаре ҷисмӣ, ин зӯровариҳо ба кӯдак хеле таъсирҳои манфии зиёд меоварад.

Мо дар оила ҳам мебинем, ки қариб 60% занон зӯровари нисбати худашон дар оила гирифтаанд ва ин зӯровариро онҳо ба фарзандонашон низ такрор мекунанд» - иброз дошт Моҳшири.

Комилҷон Холов директори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иброз дошт, ки айни ҳол Марказ зиёд аз 1300 кӯдакон ва наврсанро ба дарсҳои иловагӣ ҷалб гардонидааст.

«Муассисаи мо аслан барномаҳое, ки барои рафъ кардани зӯровари нисбат ба  кӯдакону наврасон ва бевосита истифодабарии худи кӯдакон барои рафъ кардани ин мушкилот мусоидат мекунад» - гуфт Холов.

Манзура Саломова мудири бахши ҳуқуқи кӯдак дар шаҳри Душанбе мегуяд, ки ҳаст кӯдаконе, ки онҳо маюб ҳастанд ва аз ҷониби волидайн бемасъулияти изҳор карда мешавад.

«Мутасифона дар баъзе оилаҳое мешавад, ки кӯдак маъюб ба дунё меояд ва модару падаре, ки соҳиби ҳамин гуна кӯдак мегарданд, на ҳамавақт омода ҳастанд, ки ҳамин кӯдакро ба оилаи худ қабул кунанд.

Ин гуна кӯдакро дар оила ва аз ин гуна кӯдак даст кашидан алакай поймолкунии ҳуқуқи кӯдак ва зӯровари нисбат ба кӯдак мешавад.

Муомила накардани кӯдак дар вақти лозима, ин носолим таваллуд шудани у сабаб мегардад, ин албатта зӯровари нисбати кӯдак мебошад» - қайд кард Манзура Саломова.

Беҳруз Ғарибов хонандаи мактаби миёна мегуяд, ки падару модароне ҳастанд, ки дидаю дониста ҳуқуқи кӯдакро поймол мекунанд.

«Ҳастанд волидайнҳое, ки кӯдаки худро маҷбур мекунанд, ки ба меҳнат ҷалб шавад, масалан ба ҳар гуна кор фаъолият кардани кӯдак дар бозорҳои шаҳр» - иброз медорад Б. Ғарибов.

Манзура Ахтамова дигар хонандаи мактаби миёна иброз медорад, ки волидайн фарзандони ноболиги худро оиладор мекунанд, ки ҳам бошад зӯровари нисбати кӯдак мебошад.

«Ҳастанд оилаҳое, ки онҳо духтаронашонро ба мактаб рафтан намемонанд, онҳоро ё умуман ба дарс ё ба мактаб намемонад, ё ин ки аз синфи 9 аз мактаб мегиранд ва ба идомаи таҳсил монеа мемонанд.

Онҳоро маҷбури ба шавҳар медиҳанд, ки синну соли онҳо 18 мутобик нест, ақидаи духтарҳои худро гуш намекунанд, ки ин ҳам бошад поймолкунии ҳуқуқҳои у мебошад» - мегуяд М. Ахтамова.

Наимҷон Мирзораҳимов роҳбари ташкилоти насли ҷавони Тоҷикистон мегуяд, ки имрӯз кӯдакон ҳатто аз гирифтани маълумот низ маҳдуд ҳастанд.

«Аз ҷиҳати маҳдуд кардани имкониятҳои онҳо нисбат ба гирифтани маълумот ё ки нисбат ба дастрас будани маориф ё тандурусти, ё ин ки зӯровари нисбат ба кӯдакон дар сатҳи қоидаҳои ҳаракати роҳ.

Аз руи таҳлилҳои Бозрасии давлатии автомоболӣ маълум мешавад, ки аз соли 2010 то имрӯз қариб 56 фисади шахсоне, ки ба ин мушкилот, яъне захм гирифтан ё фавтиданд, ин кӯдакону наврасон мебошанд.

Бинобар ҳамин хусусан дар мактабҳо қоидаи ҳаракати роҳ бояд ҷорӣ карда шавад, ки кӯдакону наврасон аз онҳо бо хабар шаванд» - қайд мекунад Мирзораҳимов

Зӯроварии дигар ин дар деҳот дида мешавад, ки ин надоштани имкониятҳои оби тоза, набудани биноҳои санитарӣ ва набудани шароити хуби зиндагӣ мебошад. Дар соли 2012 ЮНИСЕФ дар оиди беҳдошти санитарию гигиенӣ дар мактабҳои ҷумҳурӣ, қариб 55 фисади мактабҳоро озмоиш намуд.

Ҳама сола Ҳукумати кишвар ва махсусан ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барои пешгирии зӯровари нисбати кӯдакон ва муҳайё сохтани шароитҳои хуб барои кӯдакон барномаҳои махсусро қабул менамояд, ки мушкилиҳо аз байн равад.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh