Дастовардҳои варзишгарони наврас дар тули истиқлолият

mbmheby nb

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалб гардонидани ҷавонону наврасон ба варзиш ҳама сола, кӯшиши зиёд карда истодааст, аз он ҷумла дар тули истиқлолият барои рушди варзиш ва фароҳам овардани шароит барои ҷавонону наврасон дар кишвар майдонҳои варзишӣ ва толорҳои варзишӣ сохта шудаанд. 

Наврасон аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода бурда, дар клубҳои варзишии гуногуни кишвар аъзо шуда, дар чунин клубҳои варзишӣ тамрин карда истодаанд, махсусан рағбати наврасон дар намудҳои варзиш сол то сол зиёд шудааст.

Яке аз чунин варзишгари наврас, ки зодаи ноҳияи Восеъ айни ҳол дар шаҳри Қӯрғон-теппа иқомат мекунад, Далер Алматов мебошад. Ӯ 15 сол дорад ва аз соли 2007 то имрӯз дар намуди варзиши «Таэквондо ВТФ» тамрин мекунад.

Ӯ ду маротиба дар мусобиқаи дохилии шаҳр, сазовари ҷои сеюм ва сипас дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз соли 2009 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ,  Ҳисор,  Қумсангир, Хуросон, Мир Саид Али Ҳамадонӣ ва дигар минтақаҳои  ҷумҳурӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ба даст овардааст.

Далер Алматов ҳамчунин солҳои 2010, 2011, 2012 дар Мусобиқаи ҷумҳуриявии «Таэквандо ВТФ» дар вазни 45кг қувваозмои намуда сазовори ҷои якум.

Берун аз кишвар, соли 2013 дар шаҳри Алма-Ато дар байни 4 давлат, аниқтар Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизстон ва Россия рақобат карда, ҷои дуюмро ишғол намудааст.

Дар мусобиқаи ҳаминсолаи кушоди «Таэквондо ВТФ» низ, ки аз 30 ноябр то 3 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, байни 3 давлат (Афғонистон, Россия ва Эрон) ҷои аввалро унвон гардид.

«Тамринҳои шогирди ман хеле хуб аст ва ӯ дар ин намуди варзиш шавқу ҳавасӣ зиёд дорад. Ӯ аз рӯзҳои аввал худро хуб нишон медод, ки дастворадҳо имрӯза инро тасдиқ мекунанд, фикр мекунам дар оянда Д. Алматов яке аз варзишгари беҳтарини ҷумҳурӣ, дар намуди варзиши «Таэквадо ВТФ» мешавад» — мегуяд Абдуқодир Маҳмадҷонов устоди Далер Алматов.

Ашурой Алматова модари Д. Алматов мегуяд, ки хеле хурсанд ҳаст, ки фарзандаш ба чунин толорҳои варзишӣ рафта, тамрин мекунанд.

«Ман хеле хурсанд ҳастам, ки фарзанди ман ба корҳои бад ахлоқона машғул нашуда, тарзи ҳаёти солимро интихоб намудааст» — қайд мекунад модари Д. Алматов.

Роҳбари синфи Д. Алматов Ҷавҳарби Қувваталиева мегуяд, ки ӯ дар синфи 10-и мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №12-и ш. Қӯрғон-теппа таҳсил мекунад.

«Ӯ дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ ва вилояти низ аз фанни алгебра иштирок намуда, ҷойҳои наёмонро ишғол намудааст. Далер ба варзиш ба рассомӣ ва технологияи  информатсионӣ майлу  рағбати зиёде дорад» — иброз медорад роҳбари синфи Д. Алматов, Ҷавҳарби Қувваталиева.

Дар ҳамин ҳол, падари Д. Алматов иброз медорад, ки писари ӯ мисли дигар варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои дохилию байналхалқӣ иштирок намуда, парчами Тоҷикистонро баланд бардоштааст.

«Ман ифтихор аз он дорам, ки писари ман ба мисли машҳуртарин варзишгарони зодаи истиқлол парчами кишварро дар хориҷи кишвар баланд бардошт, обруи ҷумҳуриро боз ҳам мустаҳкам мекунад» — иброз дошт падари Д. Алматов.

Беҳруз Бобоев корманди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иброз дошт, ки дар вилоят  соҳаи варзиш хеле рушд ёфтааст.

«Бо мақсади рушди варзиш дар вилояти Хатлон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳи як  қатор  барномаҳоеро  руҳандози  намуда, барномаҳои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш кор дар вилоят кор карда истодааст.

Имрӯз дар вилоят варзиши намуди «Таэквандо ВТФ» яке  аз  намудҳои пешрафтаи соҳаи варзиш буда, натиҷаҳоин назарасро доро мебошанд» — қайд намуд Беҳруз Бобоев.

Айни ҳол бошад, Далер Алматов барои иштирок дар Мусобиқаи байналмиллалӣ ки соли 2014 дар шаҳри Нанҷини Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор мегардад, тайёри дида истодааст.

«Ман дар оянда орзу дорам, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва  байналмилалӣ ширкат варзида парчами ҷумҳурии азизамонро  баланд бардорад» — мегуяд варзишгари наврас Далер Алматов.

Дигар варзишгар ин Шукрона Азизуллоева мебошад, ки дар намуди варзиши тан ба тан машғул аст.

У тули 5 сол аст, ки дар ин намуди варзиш машғул аст ва дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ иштирок намуда сазовори ҷои аввал гаштааст.

Бахтибек Каримов устоди варзиши дараҷаи байналмиллалӣ оид ба муҳорибаи тан ба тан ва ҳамзамон устоди Шукрона Азизуллоева дар бораи шогирдаш иброз дошт, ки:

«Шукрона тули панҷ сол мешавад, ки дар назди ман машқ мекунад, дастовардҳои хело хуб нишон додааст. Дар чанд мусобиқаи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ баромад кардааст ва натиҷаи хуб ба даст овардааст фақат ҷойҳои якум ва дуюм сазовор шудааст.

Шукрона духтари ҳама тарафа аст, вале феълаш зиёдтар бачагӣ аст, яъне ҷиддӣ. Мехоҳам ки дар варзиш пешравиҳо дошта бошад ва дар оянда чемпиони ҷаҳон шавад» — мегуяд Б. Каримов.

Низорамо Девонаева модари варзишгар духтари тоҷик мегуяд, ки хеле хурсанд аст духтараш ба чунин намуди варзиш машғул аст.

«Ман зид нестам ки духтари ман ба чунин намуди варзиш машғул аст, баръакс хело хушҳолам чунки духтари ман барои баланд бардоштани пачами кишвараш кӯшиш мекунад.

Дар оянда ман мехоҳам, ки духтари ман мисли устодаш Матлуба Каримова машҳур шавад ва парчамбардори кишвар дар хориҷи кишвар гардад» — иброз медорад Н. Девонаева.

Ҳамзамон Ҷаҳонгир Сафаралиев ҳамсинфи Шукрона Азизуллоева иброз дошт, ки Шукрона дониши хеле хуб дорад.

«Ман ҳамчун ҳамсинф гуфтани ҳастам, ки ғайр аз варзиш ба дарс низ ҷиддӣ муносибат мекунад. Ҳаррӯз ба дарсҳо бо тайёрии хуб меояд ва дониши хуб дорад инчунин аз касе кӯмакро дареғ намедорад.

Дар дастоварҳояш мувафақиятҳои калон орзумандам мехоҳам, ҳарчи зиёдтар тамрин кунад ва дар оянда яке аз варзишгарони мувафақтарини ҷумҳурӣ гардида номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорад» — гуфт Ҷ. Сафаралиев.

Дар ҳамин ҳол, Шукрона Азизуллоева ҳангоми сӯҳбат иброз дошт, ки ин намуди варзишро аз хурдсоли дӯст медорад.

«Ман аз хурдсоли варзишро дӯст медоштам ва чунки варзиш гарави саломатист натанҳо ман, балки дигар духтарон низ ба варзиш машғул шаванд.

Ман аз даҳ солаги ба варзиш машғул ҳастам, ба падару модарам минатдории худро баён мекунам, ба ман иҷозат доданд, ки ман ба ин намуди варзиш машғул шавам. Маҳз бо дастгирии онҳо ман ба қуллаҳои баланд расидам, ба ман намуди варзиши тан ба тан хеле маъқул аст» — қайд кард Ш. Азизуллоева.

Зимни вохурии президент Эмомалӣ Рахмон бо варзишгарони кишвар, президент тарбияи мутахассион ва фароҳам овардани шароит барои ҷавонону наврасон барои ҷалби варзишро таъқид карда иброз намуда буд, ки дар соли 2013 сохтмони беш аз 20 иншооти варзишӣ дар назар дошта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки муддати чанд соли ахир, варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Кӯлоб тармиму бозсозӣ ва бунёд шудааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 103 варзишгоҳ, беш аз 4 ҳазор майдонҷаҳои варзишӣ, ҳазор толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва 127 мактаби варзишӣ фаъол буда, мавриди баҳрабардори қарор дорад.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh