Воридоти ками воситаҳои нақлиёт дар соли 2014

Toyota

Cоли 2014 дар Тоҷикистон 46 ҳаз.у 300 адад воситаи нақлиёт бо маблағи $245 млн. ворид шудааст, ки назар ба соли 2013, 17 ҳаз.у 700 адад, кам мебошад.

Сардори шӯъбаи нақлиёти рӯи заминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Фаррух Фахриддинов иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 35 ҳазор намуди нақлиёти истифодаи умум мавҷуд аст, ки айни ҳол онҳо озодона дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият доранд. 

«Дар ҷумҳурӣ 35 ҳаз.у 488 адад воситаи нақлиёте, ки ҳамчун нақлиёт истифодаи умум истифода мешавад. Аз ин боркаш 13 ҳаз.у 499 адад, мусофиркаш, 8 ҳаз.у 537 адад, сабукрави такси 13 ҳаз.у 452 адад», - иброз иброз дошт Ф. Фахриддинов. 

Нурулло Шарипов котиби матбуоти Хадамоти гумрук иброз дошт, ки назар ба соли 2013 миқдори воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди Тоҷикистон аз давлатҳои дигар зиёда аз 17 ҳазор адад кам ворид шуда, маблағи он $245 млн.-ро ташкил додааст.

«Дар соли 2013 ҷумҳурӣ 64 ҳазор адад воситаҳои нақлиёт ворид шудааст, дар соли 2014 бошад 46,3 ҳазор адад.

Дар солҳои 2012 ва 2013 ворид зиёд буд, вале имсол бошад воридоти воситаҳои нақлиёт ба ҷумҳурӣ кам шуд.

Айни замон, бештари воситаҳои нақлиёт ба ҷумҳури аз давлатҳои Арабистон, Россия ва дигар давлатҳои Балтика ворид мешаванд», - гуфт Н. Шарипов.

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бе назардошти мошинҳои давлатӣ ва сафаратхонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 400 ҳазор воситаи нақлиёт вуҷуд дорад.

«Дар соли 2014 зиёда аз 46 ҳазор воситаҳои нақлиёт мувофиқи ахборотҳои гумруки ба маблағи $245 млн. ворид шудааст.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ бошад, зиёда аз 400 ҳазор воситаҳои нақлиёт бо ҳолати дурусти техникӣ вуҷуд дорад, бе шумораи нақлиётҳои таалуқ доштаи ба Вазоратҳои қудратӣ ва намояндаҳои консулҳои дипломатӣ», - иттилоъ медиҳад РБДА-и ВКД ҶТ.   

Коршинос Ҳарамгул Қодирова мегӯяд, ки воситаи нақлиёт дар ҷумҳурӣ зиёд шуда истодааст ва сабаб он дар роҳҳо аст, чунки дар давоми ду сол воситаи нақлиёт кор ношоям мегардад ва аз ин лиҳоз ронандаҳо маҷбур мешаванд, ки онро таъмир кунанд ё нақлиёти нав дастрас намоянд.

«Чанд соли охир Тоҷикистон мушкили роҳҳо дорад. Бо ин ду роҳе, ки масалан байни Душанбеву Данғараву таъмир карданд, маънои онро надорад, ки роҳҳои Тоҷикистон обод аст.

Дар як муддати кӯтоҳ автомобилҳо варсуда мешаванд, аз ин гуна роҳҳо. Бисёре аз ронандаҳо ба ин назар ҳастанд, ки аз сабаби онки роҳҳо фарсуда ҳастанд, ба ҳамин хотир автомобилҳо қобилияти аз 2 сол зиёд истифода кардани муносиби онҳо нест.

Роҳҳои Тоҷикистон ҳам, на танҳо дар минтақаҳо ҳатто ҳамин худи дохили Душанберо бубинед, ба ғайр аз роҳҳои марказӣ ва протоколӣ ҳама хароб аст, ҳатто як қадам бидуни 1 метр роҳе намеёбед, ки рафту омад кунед, албатта ин омил ба зиёд ворид шудани нақлиёт сабаб мегардад.

Мақомот ҳамеша як баҳонае овардааст, ки борону барфҳои зиёд, сабаби вайрон шудани роҳҳо аст», - мегӯяд коршинос Ҳ. Қодирова.

Умедҷон Улуғов коршинос дар соҳаи экология мегӯяд, ки зиёд шудани воситаи нақлиёт ба экология зарар дорад, махсусан ба шаҳри Душанбе чунки дар пойтахт зиёда аз 60 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ба ғайр аз ин аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар як рӯз нақлиёт ворид мешавад, ки ин ду маротиба зарари экологиро зиёд мекунад. 

«Махсусан дар шаҳри Душанбе зиёд шудани нақлиёт ҳаворо ба хатар гузоштааст. Ҳамчунин шароити худи шаҳр имконияти рафту омади бисёр нақлиётро дар роҳҳо надорад.

Аз бисёр будани чароғакҳои роҳнамо дар шаҳр ҳаво дар як нуқтаи ва дар вақти муайян ҳаворо вайрон месозад, ин ҳам бошад зарар аст», - мегӯяд, коршинос дар соҳаи экология У. Улуғов.

Ҳамчунин коршинос қайд намуд, ки мақомотҳои давлатӣ ҳалли ин масъаларо ёфта роҳҳоро калон карда истодаанд, ки ин ҳам бошад ба буридани дарахтон оварда мерасонад, дар илова у иброз дошт, ки нақлиётҳои ба стандарти муосир ҷавобгу набударо мақомот ба танзим дароварда, андози онҳоро зиёд кунанд, чунки онҳо сузишвории пастро истеъмол мекунад. 

Бо вуҷуди баланд будани нархи сузишворӣ дар кишвар воридоти воситаи нақлиёт дар Тоҷикистон сол то сол зиёд шуда истодааст, ки инро соҳибкорон дар асоси талаботи бозори дохилӣ, арзёбӣ мекунанд.

Дар кишвар асосан воситаи нақлиёти сабук аз давлатҳои Балтика ва Аврупо ворид шуда, воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм бошад, аслан аз Ҷумҳурии мардуми Чин ворид мешаванд.   

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh