«Нос» - маҳсулоти миллие, ки ба назорати давлатӣ ниёз надорад

NOS

«Нос» чист ва аз тайёр мешавад? Оид ба истеҳсол ва паҳн намудани нос дар чорчӯбаи қонунгузорӣ, оё системаи назорати вуҷуд дорад? Чи гуна таъсирҳо ҳангоми истифодаи доимӣ, нос ба организми инсон мерасонад?

Нос - маводи истеъмолии зараровар буда ба организми инсон махсусан ба дандонҳо, решаи таги забон, роҳҳои нафас, медда, таъсири манфии худро мерасонад. 

Нос ранги сабз дошта, асосан аз махорка ва ё табак тайёр шуда, ба омезиши он оҳаки хомӯшшуда, растании золу, таппаки шутур ва ё мурғ, баъзан равған, дар баъзе ҷойҳо ба пору хушкмева ва хушбӯйкунанда илова мекунанд.

Ҳамчунин дигар маълумот дар бораи тайёр намудани нос вуҷуд дорад, ки хокаи тамоку, ширеш, оҳак, об ва равғани растаниро ба кулулачаҳо мепечонанд. Иловаҳо шакли худро нигоҳ дошта, ғурӯшони хокмонанди партовҳои истеҳсоли тамокуро пайдо мекунанд.

Намуди зоҳирии он ҳаргуна аст – аз ранги сабзи кулӯлача то хокиста–қаҳва ранги хока аст. Нос дар шароити хона тайёр шуда, истеҳсоли он дар корхона ба роҳ монда нашудааст.

Метод ва баҳогузории қоидаҳои тайёркунӣ ва сифати тамокуи бӯи-данӣ, яъне нос дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Айни замон ягон ҳуҷҷати меъёрию техникии назоратӣ ва ягон методи баҳогузории тамокуи зикргардида вуҷуд надорад, вале дар чорчӯбаи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба истифода бурдани маҳсулотҳои тамоку, аз он ҷумла сигарет маҳдудият вуҷуд дорад.      

Мувофиқи қонун оид ба маҳсулотҳои тамоку, талаботҳои қатъи дар бораи маълумот дар бастаи маҳсулотҳои тамоку вуҷуд дорад, ки дар он бояд аз чор се ҳиссаи бастаро бояд маълумот дар бораи зарари тамоку дар бар гирад.

Барои муайян намудани назорат, истеҳсол ва паҳн намудани нос дар ҷумҳурӣ хабарнигорони dastbadast.tj ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо  (Тоҷикстандарт) муроҷиат карданд ва ингуна Миралӣ Олимов ҷониши директори «Тоҷикстандарт» ҷавоб дод.

«Корхонаҳое, ки нос истеҳсол кунад, имруз вуҷуд надорад, на шахсони ҳуқуқӣ, на шахсони инфиродӣ. Ҳастанд шахсони инфиродӣ, вале онҳо ба қайд гирифта нашудаанд, лекин мо бо назардоште ки истеҳсолкунандаҳо нестанд ва ба мо истеҳсолкунандаҳои асосие, ки муроҷиат карда бошанд, шарти техники таҳия карда шудааст.

Таркиби нос, яъне нишондиҳандаҳои кимиёвӣ, физикӣ ва дигар нишондиҳандаҳо, дар шарти техникӣ дарҷ гаштаанд, аммо доир ба оне ки мо сертифкати хизматрасонӣ ба онҳо дода мешавад, ин чиз нест ва то ҳозир дода намешавад», - иброз намуд М. Олимов.

Ба саволи «оё имрӯз фурӯхтани нос иҷозат аст?», ҷонишини директори «Тоҷикстандарт» Миралӣ Олимов ҷавоб дод, ки масъалаи мазкур ба салоҳияти «Тоҷикстандарт» дохил намешавад, инро бояд Вазорати корҳои дохили ва Вазорати тандурусти назорат кунанд.

Шералӣ Рабиев ҳуқуқшиноси Вазорати тандурусти ва ҳифзи аҳолӣ иброз дошт, ки имруз дар Тоҷикистон қонун оид ба маҳдудияти истодаи маҳсулотҳои тамоку дорад ва дар ин робита маълумотҳои зиёд дар худи бастаҳои маҳсулотҳо дарҷ гардидаанд.

«Дар Тоҷикистон, Қонуни «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» мавриди амал қарор дорад, ки дар моддаи ҳамон мафҳумҳои асосӣ, кадом намуди тамоку, кадом намуди маҳсулотҳо дохил мешавад.

Маҳсулоти тамоку маҳсулотест, ки барои хойидан, кашидан ё бӯй кардан, ки дар зарфи истеъмолӣ ва ё дар бастаҳои махсус ҷойгир карда шудааст, аз ҷумла сигарети бефилтр ва нос ҳам ба ҳамин мафҳуми қонун ворид гардиданд.

Талаботҳои санитарию гигиенӣ инро ба танзим медарорад ва шахсони масъул, сардухтурони санитарӣ ин масъаларо пай дар пай назорат мекунанд», -иброз менамояд ҳуқуқшуноси Вазорати тандурустӣ Ш. Рабиев.

Дибар Қаюмова духтур - терапевт оид касалиҳое, ки тули зиёд аз истеъмоли нос пайдо мешаванд, чунин мегӯяд.

«Аз истеъмол намудани нос, шахс метавонад ба бемории решмеъда ва рӯда, лағжиши таги забон, бемориҳои онкологӣ, ғайр аз ин истеъмоли нос ба бемориҳои роҳҳои нафас таъсир мерасонад, ба илтиҳоби шуш оварда расонидан мумкин, шахсоне ки ҳамин носро истифода мебаранд, асабҳояшон вайрон шуда, ба бемории руҳӣ дучор шуданашон мумкин аст», - мегӯяд духтур, терапевт Д. Қаюмова.

Муҳаммадюсуф Шодиев котиби матбуоти фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе иброз дошт, ки ҳангоми ворид шудан ба фурӯдгоҳ аз мусофирон маҳсулоти тамоку  - нос пурра гирифта мешавад.

«Дар фурӯдгоҳи Душанбе дар толорҳо ё дар ҳудуди фурӯдгоҳ кашидани ҳамин нос ва ё туф кардани он қатъиян манъ аст. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва худи фурӯдгоҳ манъ кардан интиқоли носро. Бо воридшудан ба талори фурӯдгоҳ аз тарафи назоратчиёни Хадамоти антиавиатсионӣ нос гирифта мешавад.

Иҷозати интиқол додан ба ягон тараф манъ аст, яъне ки аз мусофирон пурра ин чиз гирифта мешавад, барои онки мусофирони бе инсофи мо дар вақти парвоз нос мекашанд ва дар дохили ҳавопаймо онро туф мекунанд ва аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ин маврид ба фурӯдгоҳ шикоят меояд, барои ҳамин ин қатъиян манъ аст», - иброз намуд М. Шодиев.

Расул Камбаров сокини пойтахт ва истифеъмолкунандаи нос иброз дошт, ки у аз синфи 3 истеъмолкардани носро оғоз намудааст.

«Ман аз хурди истеъмолкардани носро ёд гирифтам ва ин барои ман одат шудааст. Азбаски одат шудааст, аз он ман даст кашида наметавонам, вале агар кӯшиш кунам мумкин ки аз нос даст кашам.

Вале, ҳозир ман аз нос даст кашиданӣ нестам, нос бошад аз он истифода мебарам, агар набошад истифода намебарам», - гуфт Р. Камбаров.

Зариф Ғуломов дигар сокини пойтахт мегӯяд, ки ҳангоме падари у нос истеъмол мекард, баъд аз ин нафтари у ба ин гуна маҳсулот пайдо шуд, чунки: «Дар давраи кӯдакиам, вақте ки ҳамин падарам нос мекашиданд ва онро дар ҳарҷо туф мекарданд, ман аз кори падарам нафратам меомад.

Ба ҳамон одамоне ки нос мекашанд гуфтаниям, ки ба маблағи ҳамон нос, ба кӯдакҳояшон китоб харидори намоянд, ҳеҷ набошад ба ягон гадо бидиҳанд», - мегӯяд З. Ғуломов.

Айни замон нос маҳсулоти миллӣ гаштаааст, ки ҳатто кӯдакон аз синни хурдсоли онро истифода бурданро оғоз мекунанд. Ин гуна мушкили бисёртар дар минтақаҳои Тоҷикистон ба назар мерасад. Ҳангоми таҳлили мавзӯи мазкур маълум гардид, талоботи санитарию гигиениро ҳангоми истеҳсоли нос аз тарафи ягон мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба сифати маҳсулот, танзим карда намешавад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 50 навъи нос вуҷуд дорад: носи таги тут, носи носир, носи запорож, носи Душанбе, носи Кобул, носи дӯстӣ, носи ая, носи ленинградский, носи қирғиз, носи исмаил, носи ҳасану ҳусейн, носи барот, носи немис ва ғайра, нархи ин гуна навъи носҳо аз 50 дирам оғоз меёбад.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh