Кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе интернетро аз китобхона дида афзалтар мешуморанд

 

diti i_internet

Падидаи ба интернет рӯ овардани кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе имрӯзҳо боис ба ташвиши мақомотҳои дахлдор оид ба наврасон гардидааст, чунки ба андешаи онҳо хонандагон бо роҳи истифодаи ноҷои Интернет шуури худро тағйир дода, вайрон месозанд.

Алишер Додихудоев донишҷӯи бахши 2-ми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикиситон ба номи С. Айнӣ ба он андеша аст, ки Интернет воситаи муосири фавран ба дастоварии маълумот аст ва набояд онро дар радифи китобхона гузошт, чунки ба ҳар ҳол китобхона ин маконест, ки боиси камтар таваҷҷӯҳ зоҳир кардан гаштаву, ҳамагӣ солҳои набудани интернет маъруф буд.

«Дар ҳеҷ сурат набояд ин ҳарду воситаро бо ҳамдигар дар як радиф гузошт, чунки интернет бо фаврияташ мавқеи баландтар дорад. Китобхона як унсуре буд, ки вақти набудани интернет бештар ба кор мерафт, акнун, ки интернет ҳаст бояд аз он истифода кунем», - мегӯяд донишҷӯ А. Додихудоев.

Корманди яке аз китобхонаҳои пойтахт ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj қайд кард, ки хубтар аст, ҷавонон ва хосатан наврасони мо вақти пурқиммати худро сарфи мағлу шудан ба бозиҳои компютерӣ накарда ба китобхонӣ машғул шаванд.

«Бояд дар андешаи насли наврас ҳисси муҳаббат нисбат ба китобхониро бедор кунем, чунки зиёд ба чашм мерасад, ки наврасони мо бештар ба интернет ва дигар воситаҳои барканоркунанда рӯйо овардаанд, ки шуури онҳоро комилан тағйир дода мунтаззам вайрон мекунад», - қайд кард корманди китобхона.

Комил Хӯҷаназаров хонандаи литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Душанбе иброз медорад, ки агарчанде имрӯзҳо интернетро ба сифати воситаи фаврии ба дастоварандаи иттилоот донанд, вале мешаванд мавридҳое, ки маводи заруриро аз интернет пайдо кардан номумкин аст, ва бо маслиҳати омӯзгорон хонандагон ба китобхонаҳо рӯй меоранд. Бояд мо ҳарчӣ бештар ба хонандагон ба хондани и китобҳо рӯ оранд, чунки интернет ақлҳоро тира месозад.

Умеда Баҳодурова китобдори китобхона оммаи пойтахт ҳангоми сӯҳбат қайд кард, ки комилан бар зидди воситаҳои нави ба даст овардани иттилоот чун интернет буда, бештар хостори он аст, ки ҷавонон ба китобхона рӯ оварда аз он ҷо тамоми маводи заруриро барои омузиш дастрас кунанд.

«Агар ҷавонон интернетро самаранок ва барои манфиати худ истифода кунанд, хуб аст, вале чун медонем, ки ҷавонони мо ҳӣсси дарки манфиатро надоранд ва аз интернет дигар матолибҳоро пайдо карда вақти худро ба беҳудагӣ сарф мекунанд, хубтар аст, ки шумораи бе ин ҳам зиёди китобхонаҳоро афзун диҳем», - афзуд У.  Баҳодурова.

Дар шаҳри пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шумораи китобхонаҳои хурду бузург ниҳоят зиёд буда, мавриди бетаваҷҷӯҳии хонандагон қарор гирифтаанд ва китобҳои дар онҳо буда, солҳоянд ки хонандагони худро мунтазиранд.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh