Ҳолатҳои худкуши задан дар вилояти Хатлон зиёд ба чашм мерасад

 

suisid

Масъалаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон фоҷиа ва бадбахтӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳеҷ як фарди ҷомеа наметавонад оиди ин ҳодиса бетарафӣ зоҳир намояд.

Варқа Зайниддинов ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон зимни сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj чунин ибрози ақида намуда гуфт, ки масъалаи худкуши дар ҷумхурҳӣ яке аз масъалахои доғи рӯз буда, ҳатто боиси нигарони Ҳукумат ва президенти кишвар шудааст ва бесабаб нест, ки президенти ҷумҳурӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон сари ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри пешгирии ин ҳодиса қарори алоҳида қабул намуданд.

Насрулло Қудбиддинов донишҷӯ чунин гуфт, ки худкушӣ аз нигохи ислом ҳаром мебошад, ки ин амали зишттарини инсон ба ҳисоб меравад, барои онки Худованд дар Қуръон зикр намудааст, ки ҳар як нафс чашандаи марг аст, вале мо пеш аз амри Худо бо амалҳои гуногун даст ба худкушӣ мезанем.

«Зиндагӣ рӯзҳои хушу хурсандӣ ва дарду ғам низ дорад, бояд ба ин ҳама сабр кард», - мегӯяд Н. Қудбиддинов.

Малоҳат Усмонова равоншиноси маркази буҳрони кор бо занони вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз дошт, ки худкушӣ дар байни чавонон аз нуқтаи назари равоншиносӣ вобаста ба мушкилоте, ки онҳо доранд ва дар роҳи халли ҳамон мушкилотро наёфтан ба эхсосотҳо дода мешаванд ва эҳсосоти худро идора карда наметавонад ва дар ин холат қасд ба ҷони худ мекунанд.

«Мо чандин нафаронашонро аз ин роҳ гардондем, барои онҳо дар ҳамин вақт як маслиҳати хуб басанда аст, ки вайро аз ин роҳ гардонад. Аксарияташон аз рӯи ҷанҷолҳои ночизи зиндагӣ ба чунин ҳодиса даст мезананд», - равоншинос М. Усмонова.

Хатиби масҷиди шаҳри Қурғон-теппа ҳангоми сӯҳбат қайд кард, ки дар бораи худкуши Худованд дар сураи бақара чунин фармудааст: «Ай бандагон шумоён наандозед зотҳоятонро ба сӯи таҳлука» ҳар он нафаре даст ба худкушӣ мезанад, Худованд чаннатро барояш харом мегардонад.

Пайғамбари Худо Муҳаммад (с) дар ҳадисаш мефармояд, нафаре ки дар холати захм аст даст ба худкушӣ мезанад аз чанозааш инкор кунед. Дар дунё барои инсон мушкилот зиёд аст вале аз паси хар як мушкили осонӣ низ ҳаст» мегӯяд ӯ.

Дар миқёси вилояти Хатлон ҳодисаҳои худкушӣ ва даст ба сӯи қасди худкушӣ задани шаҳрвандон нисбат ба соли қаблӣ зиёд гаштааст. Соли 2014 нишондиҳандаи худкушӣ зиёда аз 100 нафарро ташкил медиҳад.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh