Таъсиси марказҳои забономӯзи наврасонро аз беҳудагардӣ бозмедорад

education center

Дар шаҳри Душанбе шумораи Марказҳои забономӯзӣ, ки онҷо бевосита насли наврас ба таълим фаро гирифта мешаванд, зиёд шуда истодааст. Ин падидаро аксар аз коршиносон ба манфитаи насли наврас арзёбӣ менамоянд, чунки ҳаматарафа омиле барои пешрафти онҳо мебошад.

Хабарнигори сайти хабарии dastbadast.tj.tj низ маҳз атрофи фаъолияти Марказҳои забономӯзи ва ҷалби наврасон ба омӯзиш маводе омода намудааст, ки дар он ба хубӣ ҷанбаҳои нақши ин гуна марказҳо дар ҳаёти наврасону ҷавонон ба риштаи таҳлил кашида шудаанд.

Директори яке аз Маркази таълимии ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигор иброз намуд, ки таъсиси марказҳои забономӯзӣ барои доираи васеи ҳавасмандон манфиат дорад, аз ин лиҳоз шумораи ин гуна марказъҳо дар кишвар рӯ ба афзоиш аст.

«Ҳар як муассиси марказ бевосита кӯшиш мекунад, ки барои хонандагони худ шароити хуб мухайё созад. Давраи таҳсил дар курсҳо аз се то шаш моҳро ташкил медиҳанд, ки барои дар сатҳи зарурӣ омода сохтани ҳавасмандон мӯҳлати кифоя аст» — илова кард ӯ.

Муаллимаи ҳамин марказ Нозанин Саидова ҳангоми сӯҳбат қайд кард, ки шумораи хоҳишмандони забономӯз ниҳоят зиёд аст ва ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷавонону наврасони мо аллакай барои худ роҳи пайдо кардани манфиатро пайдо кардаанд.

«Дар марказ ба ду гурӯҳи калон дарс мегӯям, ки дар ҳар як гурӯҳ шумораи хоҳишмандон ба 20 нафар мерасад. Музди маоши омӯзгорони марказҳои таълимӣ аз шумораи хоҳишмандон вобаста буда, 30% пардохти ҳаққи таҳсили хонандагон барои омӯзгорон ҷудо мешавад»- илова кард вай.

Хонандаи яке аз марказҳои забономӯзӣ Дилором Назирова, ҳангоми сӯҳбат андешаашро баён намуда чунин гуфт:

«Ман тўли 5 моҳ мешавад,ки дар марказ таҳсил дорам.Муаллимони инҷо ба мо тамоми махсусот ва муқаррароти забонҳои меомӯхтагиамонро мефаҳмонанд.

Вуҷуд доштани ин гуна марказҳо барои манфиати ҷавонон аст, вале агар нарҳояш каме пасттар мешуд,ҳамаи ҷавонони мо имкони таҳсил дар марказҳоро пайдо мекарданд»- гуфт ӯ.

Муаллими яке аз марказҳо Камол Абдуллозода бар он андеша аст, ки чунин иброз дошт, ки дастгирӣ аз мавҷудияти ин гуна марказҳо мекунад, чунки бо вуҷуди нархҳои андаке баланд, тамоми ҷабҳаҳои забони бегона барои хоҳишмандони тоҷик омӯзонида мешавад.

Дар қисми зиёди марказҳои забономӯзӣ нархҳо барои омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ ба 150 сомон маблағи омӯзиши арабӣ ба 200 сомон мерасанд, ба ғайр аз ин дар марказҳо таълими ҳунарҳои гуногун аз қабили дӯзандагӣ ва пазандагию челонгарӣ ба роҳ монда шудаанд.

Давраи таҳсили хонандагон дар Марказҳои омӯзишӣ ба 4 моҳ ва зиёдтар аз он расида, баъди хатми он барои хонандагон шаҳодатномаи таҳсил ва ё диплом супорида мешавад.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh