Хонандагони мактабҳои миёна бештар ба «RAP» рӯ овардаанд

rap

Тибқи мушоҳидаҳо имрӯзҳо аксари ҷавонони тоҷик, инчунин хонандагони мактабҳои миёна зиёд ба сароидани жанри нави мусиқӣ – маъруф бо номи «RAP» (реп) шуғл доранд, ки на ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи тоҷик хуб пазируфта мешаванд ва ҳатто аксаран зери тозиёнаи шадиди танқид қарормегиранд.

Дар баробари ҷавонон имрӯзҳо шумораи «RAP» - сароён аз ҳисоби хонандагони мактаб афзоиш ёфтааст, ки сабабҳои интихоби ин жанри мусиқиро хабарнигорони dastbadast.tj таҳлил намуданд.

Яке аз хонандаи навраси «RAP» Самадхон Нурхоҷаев ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигор оид ба маъмулияти «RAP» миёни наврасон чунин андешаронӣ намуда гуфт, ки аслан «RAP» падидаи манфӣ нест, балки падидаи хуб аст, чунки он наврасон нисбат ба роҳи бадро интихоб кардан хубтар аст, ки «RAP»-саро бошанд.

«Аслан Реп дар ҳаёти ман онқадар ҷойи марказӣ надорад, ман аз синни 16-солагиам реп мехонам, сабаби репсароии ман он аст, ки ман мехохам вақти холии худро бо манфиате барои худ гузаронам, нисбат ба жанрҳои дигари мусиқӣ ман репро интихоб намудаам, чунки хондани он бароям осонтар аст. Репсароиям барои таҳсилам дар мактаб монеа бунёд намекунад», - қайд кард ӯ.

Хонанади синфи 11-и мактаби №59, Далер Сулаймонов иброз медорад, ки мухлиси ин жанри мусиқӣ асту, барояш шунидани он нисбат ба жанрҳои дигар форамтар.

«Реп худ як шакли муаррификунии репсароён мебошад, ки ба василаи он хоаннадагони реп кӯшиш мекунанд, чӣ шахсият будани худро барои дигарон нишон бидиҳанд», - илова кард Д. Сулаймонов.

Хонандаи синфи 8 мактаби №19 Имомҷони Ҷӯрақул бошад, ба сароидани реп машғул аст ва мегӯяд, ки синну соли хурди ӯ монеаи репсароияш нагаштааст.

«Ман аз синни 14-солагӣ ба репхонӣ машғул шудам. Реп дар ҳаёти ман аҳамияти калон дорад. Ман дар реп метавонам дарди дили худро баён кунам, ба ман дар кори репсароӣ бародаронам кӯмак карда матни репро менависанд, ман бошам онро мехонам», - мегӯяд Имомҷон.

Вале омӯзгори мактаби рақами 59-и пойтахт ҳангоми суҳбат бо хабарнигор қайд кард, ки умуман ин падидаи манфурро намеписананд ва хоҳиши шуниданашро ҳам надорад.

«Мо бояд ҷавононамонро дар он рӯҳияе тарбия кунем, ки онҳо арҷгузор ба арзиш ва анъаноти миллӣ бошанд, валеи ин Реп ва сароидани он ба тоҷикон намезебад, чунки моли мо нест», - қайд намуд омӯзгор.

«RAP» аз калимаи англисӣ буда, маънояш зарба мебошад. «RAP» дар асри XX дар мамлакатҳои Африқо пайдо гардидааст. Ин жанри мусиқӣ хеле баъд тақрибан солҳои 1998-1999 дар Тоҷикистон пайдо гардида, то ҳол махсусан миёни ҷавонон шӯҳрат дорад.

Муаллиф: Манзура АХТАМОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh