Дар шаҳри Қӯрғон-теппа чораҳои фаҳмондаҳириро барои пешгирии бемории ВИЧ/СПИД пурзӯр намуда истодаанд

vich spid

Дар шаҳри Қӯрғон-теппа шумораи ашхоси гирифтори бемории норасоии масъунияти бадан ё ба истилоҳ ВИЧ/СПИД зиёд ба қайд гирифта шудааст, вале ба хотири риояти махфияти муколама ва муносибат бо ин ашхос ному насаби онҳо махфӣ нигоҳ дошта мешаванд, маводи омоданамудаи хабарнигори минтақавӣ дар мавриди то чӣ андоза маълумотнокии сокинони шаҳр маълумот фаро гирифтааст.

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Орзу плюс» Малоҳат Шарипова ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори сайти хабарии dastbadast.tj ибрози андеша намуда, гуфт, ки аслан ташкилотҳои дохили кишвар дар самти ҳамаҷониба кӯмак кардан ба занони осебпазир ва гирифтори бемории ВИЧ/СПИД зиёд корҳоро анҷом медиҳанд.

Сармутахассиси бахши кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ дар ноҳияи Бохтар Дилшод Икромов ҳангоми суҳбат қайд кард, ки бевосита кумита ҳамкорорӣ бо сохторҳои дахлдори бевосита бо одамони сироятёфта сарукордошта пурзӯр намудаем ва дар мавридҳои зарурӣ кӯмаки худро ба сохтоҳо ироа мекунем.

«Барои дар сатҳи даркорӣ ба роҳ мондани маълумотнокии занон маъмурини ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамаҷониба кӯшиш намуда истодаанд. Ояндаи наздик ташкилотҳои ҷамъиятӣ азм доранд, ки чопи китобчаҳои хурдҳаҷми маълумотиро оид ба бемории ВИЧ/СПИД ба роҳ монда онро ба тамоми хоҳишмандон ройгон тақсим намояд», - илова кард ӯ.

Миҷгона Олимова омӯзгори ноҳияи Бохтар ҳангмои сӯҳбат бо хабарнигор қайд кард, ки лозим аст ҳама қишрҳои ҷомеа аз мавҷудияти ин беморӣ огоҳ бошанд ва маҳз ба ҳамин мунтаззам миёни муҳассилини мактабҳои миёна низ чораҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Парвина Ҳайдарова донишҷӯӣ Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғон-теппа ба номи Носири Хусрав ҳангоми сӯҳбат ба хабарнигор қайд намуд, ки борҳо шоҳиди бевоситаи он гаштааст, сокинон бо ашхоси дорои бемории «ВИЧ/СПИД» муомилаи бад карда, ё умуман аз онҳо канораҷӯӣ менамоянд.

«Бояд чораҳои фаҳмондадиҳӣ хубтар ба роҳ монда шаванд, чунки ин беморӣ бевосита бо роҳи сухан гуфтан ва дӯстӣ доштан бо ашхоси гирифтори ин беморӣ намегузарад, вале аксарияти мардум аз ин бехабаранду бо ашхоси бемор муносибат намекунанд, ки албатта як зарбаи шадиде, барои беморон аст»- қайд кард ӯ.

Аввалин гирифторони ин беморӣ солҳои 70-и асри гузашта пайдо гардиданд. ВИЧ ин вируси барангезандаи «СПИД» буда, марҳалаи аввали ин беморӣ арзёбӣ шавад, ҳам вале табобатшаванда аст.

Ҳангоми ба бадан ворид шудани вируси «ВИЧ» аломатҳои зоҳирии он маълум намешавад, вале минбаъд ҳангоми гирифтори «СПИД» гаштан нишонаҳову аломатҳои ин беморӣ дар шакли кам гаштани иммуна ва қобилияти табии худмуҳофизаткунӣ зуҳур мекунанд.

Ин беморӣ мунтаззам аксари ашхоси сайёраро таъсир кард, ки бевосита шумораи зиёди афроди мубталои ин беморӣ дар Тоҷикистон низ зиндагӣ мекунанд.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh