Чи гуна моро вазъи ҳаво дар зимистони соли 2015 интизор аст?

obu havo

Таи ду моҳи охир, аниқтар моҳи декабри соли 2014 ва аввалҳои моҳи январи соли 2015 вазъи ҳаво дар ҷумҳурӣ муътадил буда, ҳарорати он то +20С0 ташкил медод. Вале чи гуна моро вазъи ҳаво дар охирҳои моҳи январ ва моҳи феврали фасли зимистони сардии дар пеш интизор аст?

Тавре, Ҷамила Байдуллоева сардори Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj маълумот дод, моҳи январи соли 2015 аз рӯи пешгӯи пешаки нисбатан гарм пешгӯи карда мешавад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ қариб, ки  аз меъёр +1…+1,5 дараҷа гарм пешгӯи карда мешавад.

Нисбат ба соли гузашта, яъне 2014 моҳи январ гарм буд (+1С0) ва моҳи январ имсола низ ҳаво нисбатан ба моҳи январи соли гузашта +1,50 гарм аст.

Имсол ҳам моҳи январ гарм ва то +1,5 дараҷа аз меъёр гарм мешавад ва инчунин боридани боришот дар рӯзҳои алоҳида  пешгӯи карда мешавад, эҳтимол аст ки дар як қатор ноҳияҳои кишвар боришот каму беш аз меъёр баланд хоҳад борид.

Дар давоми моҳи январ, асосан дар дар водиҳо ҳарорати ҳаво на кам аз +9 дараҷа гарм пешгӯи карда мешавад, яъне водиҳои  алоҳида ҳатто дар моҳи январ эҳтимоли то +15…+17 дараҷа ҳарорати ҳаво гарм дар назар аст, вале чунин боду ҳаво барои моҳи январ ғайри муқарарӣ аст, чунки моҳи январ яке аз моҳҳои сардтарин дар иқлими ҷумҳурии мо мебошад.

Вале моҳи январи соли 2015 ба монанди моҳи январи соли 2010, ҳаво нисбатан гарм буд гарчанде, ки боришотҳои гуногун асосан борон дар водиҳо ва дар қисматҳои кӯҳӣ бошад, барф борид ва имсол бошад дар қисматҳои кӯҳӣ аллакай барфҳо тули 4-5 рӯз борида истодааст ва дар рӯзҳои наздик боз боридани чунин боришотҳо дар назар аст.

Моҳи феврал бошад, аз рӯи пешгӯии пешакии мо гармтар аст, вале агар нисбат ба муқоисаи  бисёрсола агар гӯем -1 дараҷа хунуктар  пешгӯи карда мешавад, инчунин эҳтимолияти боридани боришот  ва дар қисми зиёди ноҳияҳои води бошад боридани барф низ дар назар аст.

Ҳарорат ҳаво дар тули моҳи феврал тағйирёбанда буда эҳтимол аст, ки шабонаа аз -2…-7 дараҷа хунук, дар водиҳо то +5 дараҷа гарми  пешгӯи карда мешавад ва рӯзона бошад аз -0…-5 дараҷа хунук ва дар як қатор водиҳо  то +5…+10 дараҷа гарми, пешгӯи карда мешавад.

Дар қисмати кӯҳи бошад, асосан ҳарорат тағйирёбанда аст ва шабона аз -0…-5 то -5…-10 дараҷа хунук ва рӯзона то -17…-18  дараҷа хунуки дар назар аст.

Муаллиф: Лайло ШЕРБЕКОВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh