Шумораи занони сигоркаш рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст

zanoni sigorkash

Дар Тоҷикистон падидаи сигоркашӣ миёни занон доман паҳн мекунад, имрӯзҳо бисёр занону духтарони тоҷикро вохурдан мумкин аст, ки бевосита дар дилхоҳ ҷойҳо ба кашидани сигор машғуланд.

Ба гуфтаи худи чунин занон сигоркаши метавонад, асабро ором кунад ва одами сигоркашро аз ҳолатҳои дилтангиву стресс барорад, вале такя бар таомули тоҷикона ин падида миёни ҷомеаи тоҷик хеле шадид танқид мешавад.

Тадқиқотҳои чандинсолаи муҳаққиқони илми тиб нишон медиҳад, ки таркиби никотини сигор то андозае, ба саломатии инсон зарар дорад. Кашидани пайдарпайи сигор метавонад, барои ташаккул ёфтани бемории саратон дар узвҳои лабу даҳон, гулӯ, шуш, забон ва меъда заминагузорӣ намояд.

Тахмина Давлатова мутахассиси пешбари Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе дар мавриди сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз дошт, ки занону духтароне ки ба кашидани сигор машғуланд, хеле зиёданд.

«Ҳастанд заноне, ки ба шиканҷа дучор шудаанд ва онҳо аз ин кирдор роҳи баромадро надоранд.

Онҳо ба  ин одат ҳамчун ороми рафтор мекунанд, вақте ки ман занонро мепурсидам, ки сабаби сигоркашии шумо дар чист, онҳо ҷавоб медоданд, ки ин оромӣ мебахшад, аммо ин тамоман чунин нест.

Ҳар қадаре, ки меъёри сигоркашӣ зиёд шуд, ҳамон қадар мисли маводи нашъаовар зарараш ба инсон таъсир мекунад», - мегӯяд Т. Давлатова. 

Ҳакимахон Ахмедова корманди соҳаи тиб иброз дошт, ки кашидани сигор ҳам ба худи зан ва ҳам ба кӯдакони у таъсири манфӣ мересонад,зеро сигор дар таркиби худ никотинро доро аст, ки ба организм бевосита таъсири манфӣ мерасонад.

«Вақте ки моеъи никотин ба хун ҷабида мешавад, ҳатман ба узви кӯдак мегузарад, ки ин боиси пайдошавии бемориҳои худи кӯдак, боиси норасоии худи кӯдак ё ягон боиси пайдошавии бемориҳои нуқсон, яъне нуқсонҳои модарзодӣ шуданаш мумкин, мисол нуқсони бемориҳои дил», - иброз намуд мутахассиси соҳаи тиб Ҳ. Ахмедова.

Донишҷӯ Дилрабо Шоева зимни сӯҳбат бо хабарнигор иброз дошт, ки у низ соли гузашта ба сигоркаши машғул буд, айни ҳол бошад, аз ин кирдор даст мекашад.

«Ман рӯзе зиёд асабони будам ва аз хона гурехтам ногаҳон бо сигоркашон дучор шудам. Онҳо маро ба сигоркашӣ даъват намуданд, аз сабаби оне ки ман асабони будам чи хостанамро намедонистам ва ба ин кор даст задам.

Хело кӯшиш кардам ва тавонистам ки аз ҳамин кор даст кашам, касе ки агар кӯшиш кунад аз таҳти дил вай метавонад, аз ҳамин кор даст кашад.

Даст кашидан аз сигоркашӣ бароям душвор буд, ман хеле зиёд азоб мекашидам, бисёр ғам мехӯрдам, лекин аз ин кор ман тавонистам даст кашам. Агар ки 2-3 рӯз накашад, оҳиста-оҳиста як ҳафта, баъд як моҳ ва ҳамин тавр тамоман аз сигоркашӣ даст мекашед», - иброз намуд донишҷӯ Д. Шоева.

Маҳина Алимардонова ки худ сигор мекашад, ҳангоми сӯҳбат кайд намуд, ки  ба  ин кирдо худаш даст назадааст.

«Ман аз синфи 9 ба кашидани сигор машғул будам. Сигоркашӣ ба шахс як осудагӣ мебахшад, сабаби сигоркашии ман ногаҳони буд.

Рӯзе дугонаи ман сигоркаширо пешниҳод намуд, ман ҳам рад накарда барои завқ сигор кашидам. Аз он рӯз сигор кашида истодаам.

Ман чанд маротиба кӯшиш кардам, ки сигоркашӣ накунам, аммо наметавонистам», - иброз мекунад М. Алимардонова.

Дилором Бандишоева коршинос дар соҳаи маориф ақидаи худро оид ба ин масъала чунин иброз дошт.

«Далелҳои сигоркашӣ албатта гуногун буда метавонанд. Мисол, бо тавсияи пизишкон барои оромии асаб ки дар баъзе ҳолатҳо тавсия дода шудааст.

Далели дигар агар вобаста ба синну сол гирем, аксар дар кӯдакон ин аз беэътибори волидайн нисбати тарбияи фарзандон мебошад.

Дар масъалаи ҷавонон бинигарем, дар ҷавонон бештар барои худнамоиву ҳаваси беҳуда ва тарғиби дигарон шуданаш мумкин», - қайд мекунад, коршиноси соҳаи маориф Д. Бандишоева.

Саидмансур Саидрасулов яке аз рӯҳониёни пойтахт зимни сӯҳбат гуфт, ки сигоркашӣ аз нигоҳи дини ислом харом буда, Худованд аз истеъмолу истифодаи он манъ фармудааст.

«Сигоркашӣ дар ҷомеаи мо  рӯз то рӯз меафзояд. Албатта барои мову шумо доғи рӯз аст.

Аз нигоҳи дини «Ислом» гирем сигоркаши гуноҳи кабира меноманд. 

Худо дар «Қуръон» фармудааст:

«Ҳар он чизе ки  марбуткунандааст даст аз он кашидан даркор аст», яъне мумкин нест», - мегӯяд рӯҳонӣ С. Саидрасулов.

Бибонабр сабаби сигоркашӣ ҳамасола дар ҷаҳон 5 млн. нафар ҳалок шуда, шумораи зиёди дигар, гирифторони бемориҳои саратон мегарданд. Дар Тоҷикистон низ ин шумора рӯз аз рӯз, рӯ ба афзоиш ёфта истодааст.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh