Дар Тоҷикистон шумораи ҷавонони бемор рӯ ба афзоиш аст

javonon

Дар Тоҷикистон ҷавонони мубталои бемориҳои сактаи дил, саратон, диабет ва фарбеҳшавӣ зиёд гаштаанд, одатан ба ин навъи  бемориҳо шахсони синну солрафта дучор меояд, вале давоми солҳои охир сафи ҷавонони гирифтори ин бемориҳо ба маротиб, рӯ ба афзоиш овардааст.

Сабаби асосии мубталошавии ҷавононро ба ин гуна беморӣ, мутахасисон дар дигар шудани шароити имрӯза медонанд ва аз меъёр зиёд ва ё кам истеъмол намудани ғизо мебинанд.

Сармутахассиси ғайри воҳиди Вазорати тандурусти ва ҳифзи аҳолӣ оид ба бемориҳои дил Зокир Раҳимов мегӯяд, ки гирифтор шудани ҷавонон ба бемориҳои сактаи дил ва фарбеҳшавӣ, ин истеъмоли ғизои зиёди онҳо мебошад, яъне дар ҳолате ки онҳо аз меъёр зиёд ҳар гуна хӯрокҳоро истеъмол мекунанд, онҳо ба фарбеҳшавӣ  гирифтор мешаванд, ин ҳолат онҳоро ба сактаи дил оварда мерасонанд.

«Сабабҳои зиёд шудани чунин бемориҳо аз техника низ вобастагӣ дорад, чунки имрӯз дар ҷаҳон ҳар гуна техникаҳо бисёр шуда истодаанд, ҳам дар хона, ҳам дар кор ҳам, ҳам дар нақлиёт ва ин сабаб мегардад, ки инсон кам ҳаракат кунад ва ҳар гуна коре фоидаовар худаш ба анҷом нарасонад, чунки ин вазифаҳоро техника ба анҷом расонида истодааст.

Инсон бояд ҳар рӯз 4-5км пиёда гардад, вале афсус ки мо инро намекунем, ба ҷои 1,800 ва 2,200 кг калория шаҳрвандони мо то 3000-4000 кг калория истеъмол мекунанд, барои ҳамин ҳам фарбегӣ ҳаст ва ҳам фишорбаландӣ», - мегӯяд З. Раҳимов.

Сабаби пайдоиши бемориҳои диабетро дар ҷавонон ва роҳи  пешгири онро директори Маркази ҷумҳурияви клиникии эндокринологӣ Саломат Қосимова қайд намуд, ки ин бемориҳо вируси  парасит, сурхакон, гепатит ва обакон мебошад яъне, ки ин вирус ба ғадуди зери меъда таъсир мерасонад ва хориҷшавии инсулин вайрон шуда, аломатҳои касалии диабет пайдо мешавад.

«Диабети қанд ба ғайр аз роҳҳои вирусӣ, инчунин бо роҳи ирсӣ низ мегузарад, агар дар оила ё падар, ё модар ва ё хешҳои наздик диабети қанд шаванд ин ҳам як фоизи муайяни бемориҳои диабети қанд мебошад, ки бо роҳи ирсӣ мегузарад.

Боз як омили дигар ин пайдоиши фарбегӣ ва кам ҳаракати, агар кӯдакҳо аз хурди вазни зиёд даранд, ин ҳам як аломати пайдоиши  диабети қанд шуданам мумкин аст.

Яке аз роҳҳои пешгири ин мубориза бо камҳаракатӣ, бо фарбегӣ ва профилактикаи бемориҳои сироятӣ мебошад», - қайд менамояд С. Қосимова.

Барно Санавбарона духтури кардиолог сабаби мубтало шудани ҷавононро ба бемориҳои ғайри сироятӣ ба варзиш машғул нашудани ҷавонон мебинад.

«Ҷавонони ҳозираи мо сигоркашӣ, арақнӯшӣ ва ба одатҳои нохуб банд ҳастанд, ки ин ба стресс онҳоро оварда мерасонад.

Ин боз бисёр сабабҳо дигар дорад, боз сабаби асосии ба бемории сактаи дил гирифторшудани онҳо, ин стресс мебошад.

Ба стресс чи оварда мерасонад, яъне ки ҷавонони ҳозираи мо дар ин давру замон ба кори ношоям даст мерасонанд, яъне ки онҳо бисёртар ошиқ мешаванд, ишқу ошиқҳое ки дар дили онҳо не, фақат дар майнаи сари онҳо ҷой гирифта шудааст, аз ҳамин сабаб онҳо ба чунин бемори гирифтор мешаванд, яъне онҳо худро ба стресс оварда мерасонанд.

Сабабҳои фарбеҳшавӣ, сактаи дил ва бемории саратон низ аз ҳамин стресс сарчашма мегирад, барои он ки ҳамаи ин бемориҳо ба стресс дохил мешаванд», - мегӯяд кардиолог Б. Санавбарона.

Вале, ба андешаи шаҳрванд Нигина Умедова сабаби асосии зиёд шудани сафи ҷавонони носолим, истифода аз обҳои носолим мебошад.

«Ҷавонон ба ин гуна бемориҳо барои он гирифтор мешаванд, ки аз обҳои ҷӯйборҳои ифлос истифода мебаранд, ба худ беаҳмиятӣ зоҳир мекунанд, хӯрокҳои бемаврид ва бамаврид пеш аз хоб, инчунин ба ҳазмашон мушкилҳоро истеъмол мекунанд.

Маҳз ин омилҳо ба фарбегӣ, ҳар гуна бемориҳои сактаи дил ва фишорбаландӣ оварда мерасонад, ин гуна бемориҳо асосан дар  шаҳсони синну солашон аз 40 боло зиёдтар дида мешавад, лекин дар ин давру замон ҷавонон ҳам бисёр ба ин беморӣ гирифтор  шудаанд», - иброз намуд сокини пойтахт Н. Умедова.

Ёдрас карда мешавад, ки сафи ҷавонони гирифтори бемориҳои сактаи дил дар давоми 6 моҳи соли 2014 аз 260 то 280 нафар расидааст, шумораи  ҷавонони гирифтори бемориҳои сактаи дил, диабет ва саратон дар афзоиш аст ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб боло рафтааст.

Аз ин сабаби зиёд шудани сафи ҷавонони бемориҳои сактаи дил, саратон ва диабет ҳамаи Сохторҳои беҳдошти кишварро ба ташвиш овардааст.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh