Маҳсулотҳои мӯҳлатгузашта содир карда шуд

tadzhk

Соли 2014 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100-т. маҳсулотҳои хӯрокворие, ки мӯҳлати истеъмолияшон гузаштааст, содир карда шуд.

Ҳангоми тафтиш аз тарафи муттахасисони «Тоҷикстандарт» дар ҳайати комиссиҳои салоҳиятдор, дар пешдуконҳо ва анборҳои мағозаю бозорҳои Тоҷикистон миқдори зиёди маҳсулотҳои мӯҳлати истеъмолаш гузашта аз савдо гирифта шуда, нисбати тоҷирон ҷазо дар намуди ҷарима таъин гардиданд.

Қисми зиёди  маҳсулотҳои мусодира карда шуда қиммаи гӯшти мурғ буд, ки аз Ҷумҳурии халқии Чин ба ҷумҳури ворид карда шудааст ва то имрӯз мӯҳлати истифодаи он ба итмом расидааст.

Дар давоми соли 2014 дар натиҷаи санҷиши давлатӣ аз тарафи Агентии «Тоҷикстандарт» 154-т. равғани растанӣ, 9,8-т. маҳсулоти макаронӣ, 321-т. орд, 15 ҳаз.у 725 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 27 ҳаз.у 691дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 7,7-т. маҳсулоти қаннодӣ, 183,7-т. маҳсулоти ғаллагӣ, 12,3-т. иловагиҳои хӯрока, беш аз 2-т. маҳсулоти ширӣ, 15,3-т. консерваҳо, беш аз 8000кг моҳӣ, 700кг қиммаи гӯшти мурғ, 8000кг ҳасибчаҳои мурғи тамғаи «Seara», зиёда аз 2-т. гӯшти мурғӣ, 136,2-т. сабзавоту меваҳо ва дигар маҳсулотҳои истеҳсоли ватаниву воридотӣ ғайристандартӣ шуда, аз муомилот гирифта шуданд.

Дар маҷмӯъ дар давоми соли 2014 ба миқдори умумии 1 ҳаз.у 147-т. маҳсулоти хӯроквории бесифат ва хатарнок, аз ҷумла 130-т. маҳсулоти гӯштӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз муомилот гирифта шудааст, ки назар ба соли 2013, 7-т. зиёд мебошад.

Аз тарафи агентии «Тоҷикстандарт» тартиби нобутсозии молу маҳсулоти мӯҳлати истеъмолияшон гузашта ё хатарнок таҳия шуда  дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд ва тибқи ҳамин тартиб молу маҳсулоте, ки мӯҳлати истеъмолияшон гузаштаанду хатарнок  ё паст сифат ҳисобида мешаванд, дар натиҷаи ташхиси озмоишгоҳҳо бо хулосаи комиссия аз ҳисоби Вазорату идораҳои дахлдор, маҳсулот барои нобуткуни ё ин ки ба сифати хӯрокаи чорво ё ба коркарди дубора пешниҳод карда мешавад.

Мурод Ашуров котиби матбуоти «Тоҷикстандарт» ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj оид ба маҳсулотҳои содиркарда шуда чунин арзёбӣ намуд.

«Дар натиҷаи санҷиш дар анбори нигаҳдории маҳсулоти ҶДММ «Кристалл-Казбеги» ба микдори 4 ҳаз.у 456кг чойи хушк, 61-т. қиммаи гӯшти мурғ дар анбори нигаҳдории маҳсулот воқеъ дар шаҳри Душанбе, 138 ҳаз.у 828 адад нӯшокиҳои ташнашикан бо тамғаи «Fanta», «Fanta-лимонад» дар анборхонаи ҶДММ «Coca-Cola нӯшокиҳои Тоҷикистон», 570кг маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти қаннодии кӯдаконаи истеҳсоли Ҷумҳурии халқии Чин, 3000кг майонез.

Инчунин дар ҳамкори бо Хадамоти гумрук 15 ҳаз.у 870кг сабзавоти тару тозае, ки аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон ворид шуда ва  23 ҳаз.у 200кг маҳсулоти қиммаи гӯшти мурғ, ки аз Туркия ворид гардида дар натиҷаи риоя нагардидани шароитҳои интикол ва нигаҳдорӣ, маҳсулот ғайристандартӣ дониста шуда дар партовгоҳи шаҳри Душанбе бо иштироки комиссияи салоҳиятдор нобуд карда шудаанд», - иброз намуд М. Ашуров.

Муқаддас Мадаминова корманди соҳаи тиб мегӯяд, ки шаҳрвандон пеш аз истеъмол намудани маҳсулотҳои гуногун бояд ҳатман ба мӯҳлати истеҳсол аҳамият диҳанд, чунки маҳсулотҳои мӯҳлатгузашта баъд аз истеъмол намудани чунин маҳсулотҳо ба бемориҳои гуногуни сироятӣ оварда мерасонад.

«Дар натиҷаи истеъмол намудани маҳсулотҳои мӯҳлатгузашта шахс метавонад, ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шавад. Яке аз роҳҳои пешгири аз чунин намуди беморӣ ин маҳсулотҳои мӯҳлат нагузашта мебошад.

Агар ҳатто 10сония мӯҳлати маҳсулот гузашта бошад, ба он бисёр микробҳо ҷойгир мешаванд ва маҳсулотро вайрон месозанд. Зарари ин гуна микробҳо хеле шадид аст, ки то ба фавти шахс оварда мерасонад.

Ин гуна микробҳо аз мавсимҳо низ вобастагӣ доранд, агар мисол тобистон бошад микробҳо бисёртар мешавад, вале дар зимистон ин қадар бисёр нестанд.

Шаҳрвандон маҳсулотҳои харидорӣ намуда истодагиашонро бесёртар дар мавсими гармӣ бояд аҳамият диҳанд, барои онки дар ин мавсим микробҳо дар мавриди афзоиш қарор мегиранд», - иброз намуд, мутахассиси соҳаи тиб М. Мадаминова.

Файзиниссо Воҳидова ҳуқуқшинос иброз дошт, ки аксарияти соҳибкорон дидаю дониста маҳсулотҳои мӯҳлатгузаштаро ба фурӯш мемонад ва ба ин шаҳрвандон он қадар ҷиддӣ аҳамият намедиҳанд, вале шахсе ки маҳсулоти мӯҳлаташ гузаштаро паҳн менамояд ё ба фурӯш мебарорад, ҳатман тибқи талаботи моддаи 209-и Кодекси ҷиноятӣ  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

«Фарқе нест ки ширкат ва фурӯшанда маҳсулоти мӯҳлаташ гузаштаро паҳн менамояд ё ба фурӯш мебарорад, ҳатман тибқи талаботи моддаи 209-и Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгари ҷиноятӣ кашида шуда, ҷазо дар намуди ҷарима ё ин ки то 2 сол маҳрумият аз озодӣ пешбини шудааст.

Чунки оқибати маҳсулоти мӯҳлаташ гузашта ба саломатии инсон зарар расонида, ба оқибати вазнин оварда расонданаш мумкин, яъне марги шахсон, ҳатто хӯрокҳои кӯдакон ки метавонад узви бадани кӯдакро заҳролуд намуда ба марг расонад», - иброз намуд, ҳуқуқшинос Ф. Воҳидова.     

Мавҷуда Раҷабова сокини пойтахт ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj иброз дошт, ки баъд аз фиреби савдогар у ҳаррӯз ҳангоми харид ба мӯҳлати истеъсол нигоҳ мекунад.

«Ман як маротиба ба фиреби савдогар дучор шудам, у ба ман маҳсулоти мӯҳлатгузаштаро фурӯхт, вале ман низ айбдор будам ки саривақт ба мӯҳлати истеҳсол аҳамият надодам.

Вале ман маҳсулоти мӯҳлатгузаштаро баъд аз харидорӣ намудан ба савдогар бозпас овардам, аммо мутаассифона молро у бозпас нагирифта, иброз намуд ки ман низ ин молро харидори кардаам», - мегӯяд сокини пойтахт М. Раҷабова.

Насим Каримов дигар сокини пойтахт мегӯяд, ки ҳар як шахс пеш аз харидори намудан аввал худаш бояд ба мӯҳлати истеъсоли маҳсулот аҳамият диҳад.

«Бояд ҳар як инсон аввал бинад, ки мӯҳлаташ гузаштаги аст ва ё не, ин аз ҳама чизи муҳим ба саломатӣ аст ва саломатиро аз ҳама пеш нигоҳ кардан лозим аст.

Ҳамонро агар набинед, ё ин ки аз мо пеш бояд фурӯшанда инро аҳмият диҳад. Фурӯшанда ҳар рӯз бояд мӯҳлати молҳои ба савдо гузоштаашро назорат кунад, ки кадомаш мӯҳлаташ гузашт ва кадомаш нагузашт, баъд аз ин ба шаҳрвандон молро фурӯшад.

Асосан инро бисёртар бояд фурӯшанда аҳмият диҳад, барои он ки ҳолатҳое мешавад, ки харидор вақт надорад ва мегӯяд ки ҳамин чизҳоро бидеҳ ва маблағро медиҳад ва сипас тез меравад», - ибрози ақида менамояд дигар сокини пойтахт Н. Каримов.      

Комрон Мирзоев савдогари яке аз магозаҳои пойтахт ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори dastbadast.tj мегӯяд, ки ҳамарӯза ба мӯҳлати истеҳсоли маҳсулотҳои ба фурӯшмондашудаи мағоза ҷиддӣ аҳамият медиҳад.

«Кадом маҳсулотҳое, ки мо қабул мекунем мо аввал ба мӯҳлати он аҳамият медиҳем, мисол аввал мебинем чи қадар мӯҳлат дорад, чи қадар моҳро дарбар мегирад ва баъд мо онро қабул мекунем.

Коре, ки мисол мо мекунем сертификати худро дорад, чи маҳсулоте, ки ҳаст мо бо сертификат қабул мекунем, ва агар сертификат набошад мо он молро қабул намекунем, чунки моро санҷиш мекунанд», -  иброз кард савдогари яке аз мағозаҳои пойтахт К. Мирзоев.

Соли 2014 барои риоя накардани Қоидаҳои савдо талаботи  ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, истифодаи воситаи ченаки корношоям вориду истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ ва риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон 2ҳаз.у 988 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба маблағи 717ҳаз.у 606 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуда, ба фоидаи буҷаи ҷумҳурӣ ситонида шуданд.

Қайд мекунем, ки соли 2013 дар ҷумҳурӣ 1ҳаз.у 140-т. маҳсулотҳои мӯҳлат гузашта ва паст сифат мусодира карда шуд, ки ҳамаи маҳсулотҳои мусодира шуда, нобут карда шуданд.

Агентии «Тоҷикстандар» аз ҳамаи истеъмолкунандагон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми харидорӣ намудан ба муҳлати истеҳсоли маҳсулотҳои хӯрокворӣ аҳамият дода, дар ҳолати зарурӣ пешниҳоди сертификати мутобиқшудаи ин ё он молу маҳсулотро талаб кунанд.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh