КҲФ ва МГ-и нҲТ: Соли 2014 дар ҷумҳурӣ 64 ҳолатҳои табиӣ ва фавти 112 шаҳрвандон ҳангоми шиноварӣ, ба қайд гирифта шудааст

stihi

Рух додани 64 ҳолатҳои табиӣ дар соли 2014 дар ҷумҳурӣ 

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2014 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 67 ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омадааст, ки назар ба соли 2013, 16 ҳолат кам мебошад.

Дар натиҷаи рух додани ҳолатҳои фавқулода ҳаҷми ҳисорот кам гардида бошад ҳам, вале бар асари офатҳои табиӣ 31 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд, ки назар ба соли 2013, 20 нафар зиёд мебошад.

Ҳолатҳои табиӣ рух дода ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо маблағи умумии 41 млн.у 504 ҳаз.у 600 сомонӣ зарар овардааст (тибқи таълили 29 ҳолатҳои офати табиӣ ба амал омада), ки назар ба соли 2013, 22 млн.у 446 ҳаз.у 200 сомонӣ кам мебошад.

Ба оилаҳое, ки бар асари офатҳои табиӣ зарарҳои гуногун диданд, тибқи фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, ба маблағи беш аз 100 ҳаз. сомони кӯмакпулӣ расонида шуданд.

Ҳамчунин, мутобиқи «Дар бораи Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-16» дар соли 2014, аз 300 хоҷагии банақша гирифташуда 221 хоҷагӣ, аз ҷумла 25-хоҷагии ВМКБ, 46-хоҷагии в. Суғд, 97-хоҷагии в. Хатлон ва 43-хоҷагии Ноҳияҳои тобеи марказ аз мавзеъи хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, бо қитъаҳои заминии назди ҳавлигӣ таъмин карда шуданд.

Қайд мекунем, ки баҳри бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ дошта, 90 адад дарахтони дарахтоние, ки таҳдиди хатар доштанд бурида шуданд; 35 корҳои бартарафсозии оқибатҳои садамаи нақлиёт, 89 корҳои техникӣ, 16 оқибатҳои сӯхтор, 19 оқибатҳои тарма, 4 оқибатҳои ярч ва 10 ҳолати  оқибатҳои селии корҳои бартарафсозӣ ба анҷом расонида шуданд.

Ҳалокшудани 112 шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳангоми шиноварӣ

Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо ва кулҳои ҷумҳурӣ 112 шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла то синни 10-сола, 22 нафар, аз 10 то 17-сола 15-нафар, аз синни 18 сола боло 69 нафар ва 6-нафари дигар ки синну солашон номаълум мебошад, ки аз ин шумораи 94 нафар ҷинси мард ва 18 нафар ҷинси зан ҳалок шуданд, ки назар ба соли 2013, 12 нафар кам мебошад.

Аз ин шумора дар вилояти Суғд 31 нафар, Хатлон 28 нафар, Ноҳияҳои тобеи марказ 22, минтақаи Рашт 20 нафар, ВМКБ 17 нафар ва шаҳри Душанбе 14 нафар рост меояд.

Мувофиқи ҷамъбасти мавсими шиноварӣ дар нимсолаи аввали соли 2014, дар ҷумҳурӣ 139 ҳодисаи ғарқшавии шаҳрвандон дар обанборҳо ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2013, 4 ҳолат кам аст.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таи 8 моҳи охири соли 2014 дар ҷумҳурӣ 139 ҳодисаи ғарқшавӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 – 143 ҳодисаи ғарқшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 160 нафар шаҳрвандон дар соли 2014 ва дар соли 2013 бошад 147 нафар шаҳрвандон фавтиданд.

Муаллиф: Робия ЁРАЛИЕВА

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh