Фаъолияти КВД «Хоҷагии манзилию коммунали»-и Тоҷикистон дар соли 2014

komunal

Дар соли 2014 Корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии  манзилию коммуналӣ» (КВД «ХМК»-и ҶТ) ба маблағи 126 млн.у 575 ҳаз. сомонӣ хизматрасониҳои гуногуни коммуналӣ расонидаанд, ки нисбат ба соли 2013, 17 млн.у 808 ҳаз. сомонӣ ё 16,8% афзудааст.

Тибқи иттилои Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммунали»-и Тоҷикиситон (КВД «ХМК»-и ҶТ) дар давраи ҳисоботи аз тарафи корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба маблағи 29 млн.у 350 ҳаз. сомони иҷро шудаанд, ки 103,4% иҷрои  нишондодҳои пешбини шуда мебошад. Дар доираи ин дар мавсими дарахтшинони 58 ҳаз. 200 бех дарахтони гуногун шинонида шуданд, ки ин 113,2%-и иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишударо ташкил медиҳад.

Соли 2014 дар ҷумҳурӣ 464,0 ҳаз. м3 партовҳо кашонида шуданд, ки 112,6%-и нақшаи пешбинишударо дарбар мегирад.

Нақшаҳои пешбинишуда сол то сол бар зиёд ба анҷом расида истода бошад ҳам, ҳолати техникаҳои коммуналӣ ҳанӯз ҳам ташвишовар тасниф мешавад, ба санаи 31 декабри соли 2014 аз 898 адад шумораи техникаҳои махсуси коммуналӣ, ки дар мувозинаи Корхонаҳои соҳа қарор доранд, 576 адад коршоям ва 322 ададашон корношоям аст ва аз шумораи умуми 360 адад (40%) мӯҳлати дуюм ва сеюми хизматрасониро  иҷро карда истодаанд, талабот ба техникаҳои махсуси коммуналии Корхонаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 900 ададро ташкил медиҳад.

Дар соли 2014 тавассути Маркази идораи лоиҳаи « Рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Тоҷикистон» 21 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ барои корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналии тобеъи КВД «ХМК»-и ҶТ харидорӣ карда шудааст ва дар доираи лоиҳаи барқарорсозии Системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолу марказии Тоҷикистон бошад, 37 адад техникаи махсуси коммуналӣ, харидорӣ карда шуда, ба Корхонаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои шимолу маркази ҷумҳурӣ дастрас карда шуданд.

Дар давоми сол Корхонаҳои тобеи КВД «ХМК»-и ҶТ, 11 ҳаз.у 900 метри мураббаъ боми хонаҳои истиқоматӣ ё 112%, 8 ҳаз.у 143м қубурҳои оби нӯшокӣ ё 122%, 23 ҳаз. метри мураббаъ роҳу роҳравро ё 137%, беш аз 29км ё 134% хатҳои барқ, 319адад ё 110% дару тирезаҳоро таъмиру 984мё 113% шишабанди намуда, 189 адад ё 119% таҳхонаҳоро аз об тоза намуда, корҳои дар боло зикр намударо ба анҷом расонидааст.

Барои гузаронидани мавсими хунукии солҳои 2014-2015 бошад, аз тарафи Корхонаҳои тобеъ беш аз 52-т. ё 103% маводҳои сӯзишвории моеъ, 576-т. ё 101% ангишт, 402м3 ё 109% хезум, маводҳои зидди лағшиш: 2 ҳаз.у 258м3 ё 102% қум,  300м3 ё 106% намаки техникӣ ва барои безараргардонии оби нӯшидани хлори хока зиёда аз 31-т. ё 102% захира карда шудааст.

Инчунин, дар соли гузашта Корхонаҳои обтаъминкуни таъмири корҳои насбу таъмирии 161 адад насосҳо, 132 адад таҷҳизотҳои барқии муҳофизати заминӣ, 53 адад трансформаторҳоро анҷом дода, 120км чоҳҳо ва хатҳои канализатсияро тоза карданд.

Мувофиқи санадҳои барӯйхатгирӣ ба ҳолати то санаи 31 декабри соли 2014 дар мувозинаи Корхонаҳои тобеи КВД «ХМК»-и ҶТ, 50 адад дегхонаҳо мавҷуданд, ки аз он дар ҳолати кори 11 адад, таъмирталаб 17 адад ва корношоям 22 адад қарор доранд.

Барои бо гарми таъмин намудани истеъмолкунандагон дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ дар мавсими ҷорӣ, яъне соли 2015-и зимистонгузарони 11 адад дегхонаҳои гармидиҳӣ омодаи коранд.

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани Системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Корхонаҳои соҳаи коммуналӣ нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасрафи симобдории корношоям, дар давоми солҳои 2011-2014 аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба миқдори 185 ҳаз.у 400 адад чунин лампаҳо ҷамъоварӣ карда шуда, безарар гардонида шуданд.

Ҳамчунин, баҳри қонеъ гардонидани истеъмолкунандагони обу нӯшоки дар ҷумҳурӣ аз тарафи Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсия воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, дар соли 2014 ба миқдори 48 млн.у 875 ҳаз.у 600 мукааб оби нӯшоки дастрас намуда, 20 млн.у 770 ҳаз.у 400 мукааб баровардани партовобҳои онҳоро таъмин карданд, ки нисбат ба соли 2013, муносибан 109,5% ва 101,4%-ро ташкил медиҳад. Маблағи даромад аз ҳисоби хизматрасониҳои соҳаи номбурда 52 млн.у 870 ҳаз.у сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2013, 22% зиёд аст.

Бо мақсади иҷрои талаботи «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшоки барои солҳои 2008-2020» соли 2014 дар шаҳру маркази ноҳияҳо 108 млн.у 659 ҳаз. сомонӣ ҷудо шудааст.

Талаботи хизматрасониҳои Корхонаҳои соҳаи бақайдгирии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2014 нисбат ба соли 2013, 42,2% афзуда, ба маблағи 25 ҳаз.у 928 сомонӣ ба истифодабарандагон хизмат расонида шудааст.

Баҳри дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншоотҳои Корхонаҳои тобеи КВД «ХМК»-и ҶТ, дар соли 2014  дар 7 иншоотҳои сохтмонии таҷдид ва барқарорсозии Системаҳои канализатсияи шаҳри Қӯрғон-теппа, Пойгоҳи обкашии Сангтӯда ва Қазонгузари ноҳияи Данғара, Системаи оби нӯшокии Хона-интернати кӯдаконаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб, Корхонаи бо оби нӯшоки таъмин намудани хоҷагиҳои М. Маҳмадалиев, Яп ва Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Системаи оби нӯшокии Хона-интернати Танобчии ноҳияи Темурмалик, Системаи оби нӯшокии шаҳраки Дӯстӣ ва деҳаи Зулмободи ноҳияи Шӯрообод ва Барқарорсозии хатти оби нӯшокии деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара, корҳо ба маблағи умумии  2 млн.у 950 ҳаз. сомонӣ пурра ба итмом расонида шуда, иншоотҳо мавриди истифода қарор дода шуданд. Иншоотҳои дигари ба нақша гирифташудаи коммуналии корҳои сохтмон, таҷдид ва барқарорсозӣ идома дода мешавад. Инчунин, дар давоми соли 2015 боз, 36 иншоотҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба маблағи 28 млн.у 759 ҳаз.у 100 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки пурра корҳои сохтмон, таҷдид ва барқарорсозӣ ба анҷом расонида мешавад.

Айни ҳол, мувофиқи маълумотҳои пешаки дар Корхонаҳои тобеи КВД «ХМК»-и ҶТ ба ҳолати то санаи 1 январи соли 2015, 6 ҳаз.у 320 нафар кормандони соҳавӣ фаъолият намуда истодаанд.

Муаллиф: Гулноза РАҶАБАЛИЕВА, Саймуҳаммади ВАЛИ

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh