Дар Тоҷикистон 0,1% шаҳрвандон, бесавод мебошанд

Tojikiston

Дар Тоҷикистон 5 ҳазору 963 нафар шаҳрвандони бесавод ба қайд гирифта шуданд, ки синну соли онҳо аз 9 то 49 – ро дар бар мегирад. Аз ҳамин шумора 2 ҳазору 674 нафар мардон ва 3 ҳазору 289 нафар занон мебошанд.

Тибқи таҳлилҳои Агентии омори назди президенти кишвар, шумораи бесаводон дар деҳот нисбат ба шаҳрҳо зиёдтар мебошанд, одатан шахсони ҷисман ноқис, кӯҳансол ва духтароне, ки падарҳояшон монеаи таҳсилашон шудаанд, бесавод мебошанд.

Зебо Исмоилова корманди Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар ин бора чунин гуфт.

«Аз рӯи стандарти байналхалқӣ шахсони аз 9 то 49 сола оиди савод доштан пурсида мешаванд, чунки то 9 сола шахсоне ҳастанд, ки онҳо ҳоло мактаб мехонанд ва мо онҳоро ба бесавод ворид карда наметавонем ва бисёрии аҳолии алал хусус дар ҷумҳурии мо анаҳамин синну сол ҳастанд, хело зиёд ҳастанд.

Мувофиқи натиҷаҳои ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар синни 9 – 49 сола хонда, навишта наметавонанд, бештари онҳоро занҳо ташкил медиҳанд.

Пурсиш ва ба рӯйхатгири бе талаби ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда амалӣ мегардад, бинобар ҳамин вақте ки мепурсанд хонда, навишта метавонед агар, ки пурсида шаванда онро не гуфт мо онро менависем не», - иброз намуд З. Исмоилова.

Мавлуда Мирзоева иброз дошт, ки сабаби бесавод мондани шаҳрвандон, монеаи шудани волидайнҳои онҳо дар таҳсил аст.

«Ба фикри ман бе аҳамиятии калонсолон оиди фарзандон ба бесаводӣ оварда мерасонад. Онҳо монеаи дониш онҳо мегарданд, чунки як хел падару модарон мегӯянд, ки чи кор мекуни хонда рав кор кун, ба падару модар кӯмак бикун, ҳангоме ки онҳо рафта дар мактаб аз илму дониш бо хабар шаванд ва ё дар деҳотҳо дар корҳои хоҷагӣ.

Мисол, ман бештар бо фарзандони худам бо забони русӣ ҳарф мезанам то ки онҳо ғайр аз забони тоҷикӣ, боз забони дигарро аз худ кунанд, маҷбур мекунам ки онҳо бештар китоб ва мақолаҳои ҳархела хонанд, ба ҳар гуна маҳфилҳои ройгон раванд, ин ба зеҳну дониши онҳо ҷиҳати мусбӣ меоварад, ба фикри ман», - иброз намуд сокини пойтахт М. Мирзоева. 

Вале коршиноси дигар Исмоли Саидзод иброз дошт, ки ба ин маорифчиён гунаҳкор ҳастанд, чунки сифати таҳсил дар мактабҳо хеле паст мебошад.

«Сабаби бесавод мондани аз 9 то 49 сола аз ҳамин иборат мешавад, ки якумин сабабҳо беэътибории омӯзгорон нисбат ба шогирдон, чунки онҳо маоши хуб намегиранд.

Барои ҳамин ҷавонҳо, омӯзгорҳо, омӯзгорони ҷавон Тоҷикистонро тарк намуда ба самти Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ кӯч мебанданд, дар кишвар бошад баъд нафақахӯрон ё бесаводҳо кор мекунанд, ин хел гӯем.

Вале мо бояд шукр кунем, ки ҳамин нафақахӯрон ҳастанд, ки ба ҳамин маоши ночиз дар мактаб кору фаъолият мекунанд, агар онҳо набошанд мутахассисони ҷавон, ба ин маоши ночиз кор намекунанд», - мегӯяд коршинос И. Саидзод.

Аз ҳама ками бесаводон дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи онҳо 133 нафарро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд 1 ҳазору 391 нафар, дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 394 нафар, дар Ноҳияҳои тобеи марказ 1 ҳазору 200 нафар ва дар шаҳри Душанбе 845 нафар шахсони бесавод ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 0,1 фоизи шумораи умумии аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Муҳаррир: Фируз ҚОСИМОВ

Add comment

ҚОИДАИ НАЗАРНАВИСӢ
МАНЪ АСТ:

 суханони қабеҳ навиштан;
 нашри суханони таҳқиромез ба унвони ашхоси дигар, аз ҷумла, шореҳон, мансабдорон, муаллифон;
 интишори маълумоти бардурӯғи тӯҳматомез, бадномсозӣ, маълумоти тиҷорӣ ва ё инфиродии шахси сеюм;
 даъват ба таҳаммулнопазирӣ ва хусумати миллӣ, динӣ, нажодӣ;
 таҳдидкунӣ ба муаллифон ва шореҳони дигар;
 интишори дигар шарҳҳои муғойири қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон.

Ҳамаи назарияҳо дар сайти мо назорат карда мешаванд, агар назарияи Шумо хилофи қоидаҳои мо бошад, он гоҳ Маъмурият ҳуқуқ дорад, ки онро пок созад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД! Дар ҳолати дархости IP-суроғаи назарнавис аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон тариқи СУД, Таҳририя маҷбур мешавад, ки тамоми маълумотҳои лозимаро пешниҳод намояд.


Security code
Refresh